Тангаҳои хотиравӣ ба муносибати ҷашнвораҳо

№24 (3170) 11.03.2014

танга

Тавре роҳбари Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов ба мо  хабар дод, ки соли равон ба истиқболи якчанд ҷашнвораҳо тангаҳои хотиравии махсус сикказанӣ шуд. Ӯ зикр намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон  ба ифтихори 5500- солагии Саразм, 3000- солагии  Ҳисор ва силсилаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ «Ҷаҳиш аз ҷастгоҳ»,  «Слалом» (лижаронии поёнсӯ) ва «Биатлон» панҷ намуд тангаҳои хотиравии арзишашон 50 ва 100 сомониро, ки аз нуқраи холис сохта шудаанд,  ба фурӯш баровард.

Тангаи хотиравие, ки бахшида ба 5500 -  солагии Саразм бароварда шудааст, арзиши он 100 сомонӣ буда, теъдоди он 5000 ададро ташкил мекунад. Рӯйи танга, дар ҳалқаи берунии қурсаш навиштаҷоти «Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ акс ёфта, дар маркази қурс Нишони давлатии Тоҷикистон ва  зери он арзиши танга «100 сомонӣ» сабт гардидааст. Дар тарафи паси танга бошад, ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти  «Саразм» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷой дода шудааст. Дар қисмати поёнии қурс адади «5500» ҳаккокӣ гардидааст. Навиштаҷоти зикршударо «2013» ва калимаи «сол», ки санаи барориши тангаро ифода менамоянд, аз ҳам ҷудо менамояд. Дар маркази қурс рамзи Саразм дар намуди гули дувоздаҳгӯша тасвир ёфтааст.

Тангаи дигар, ки ба ифтихори 3000- солагии  Ҳисор бароварда шудааст,  низ сад сомонӣ буда,  5000 адад сикка зада  шудааст. Дар тарафи рӯйи танга  дар ҳалқаи беруни қурс навиштаҷоти «Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ акс  ёфта,  дар маркази қурс Нишони давлатии Тоҷикистон ва зери он арзиши танга «100 сомонӣ» сабт гардидааст. Дар тарафи дигари он бошад, дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти «Ҳисор» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷой дода шуда,  дар қисмати поёнии қурс адади «3000» ҳаккокӣ гардидааст. Навиштаҷоти зикршударо  «2015» ва калимаи «сол» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, ки санаи баргузории ҷашни 3000 — солагии Ҳисорро нишон медиҳад, аз ҳам ҷудо мекунанд. Дар маркази қурс даромадгоҳи Қалъаи таърихии Ҳисор ва зери он нақши  миллӣ тасвир ёфтааст.

Тангаи дигар ба ифтихори «Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ»  бароварда шуда,   «Ҷаҳиш аз ҷастгоҳ» — ро ифода намуда, қурби  50 сомонӣ дорад.  Рӯйи он мисли  тангаҳои дар боло зикргашта мебошад. Паси танга бошад,  дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти «Бозиҳои олимпӣ» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, дар қисми поёнӣ  «2014» — соли барориши танга акс ёфтааст. Дар маркази қурс ҷастгоҳ (трамплин) ва варзишгари лижарон тасвир ёфтааст.

Намуди «Слалом» (лижаронии поёнсӯ) тангаи дигар бахшида ба   «Бозиҳои олимпӣ» мебошад, ки он низ баробар бо қурби 50 сомонӣ аст. Навишаҷоти ин намуди танга низ мисли тангаҳои дигари Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ буда, дар маркази қурс  рӯи барф варзишгари лижарон ба поёнсӯ тасвир ёфтааст.

Намуди тангаи «Биатлон» низ ба ҳамин минвол мисли тангаҳои дигар, арзиши 50 сомонӣ дошта, дар ҳалқаи берунии қурс навиштаҷоти «Бозиҳои олимпӣ» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, дар қисмати поёни тарафи рости қурс  «2014»- соли барориши танга мавҷуд аст. Дар маркази қурс манзараи пурбарфи зимистона ва варзишгари биатлон тасвир шудааст, — гуфт дар хотима Абдуғаффор Қурбонов.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»