Чанде пеш бо мақсади сайқал бахшидани донишу малакаи касбии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимию методии кумитаи мазкур машқи зимистонаи тактикии махсус оид ба корҳои кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, машқҳои мазкур дар ду давра ҷараён гирифта, даври аввал аз омӯзонидани ҳайати шахсии ҷузъу томҳои фаврии кумита оид ба истифодаи автомашинаҳои махсуси ҳозиразамони соҳаи ҳолатҳои фавқулодда иборат буд. Даври дуюми машқҳо бошад, дар Маркази таълимию методии кумитаи мазкур дар ҳузури рӯзноманигорон баргузор гардид. Мувофиқи мавзӯи машқҳои мазкур, дар минтақае, ки заминларза (шартан) ба вуқӯъ омадааст, дастаҳои зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, шаҳри Кӯлоб, Маркази наҷотдиҳӣ ва ҳайати шахсии қисми низомии марбут ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо техникаҳои муҷаҳҳаз, аз қабили автомашинаҳои Нива, Газел, УАЗ ва КамАЗ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, мувофиқи вазифаву уҳдадорӣ ба амалиёти наҷотдиҳӣ-кофтуковӣ шурӯъ намуданд. Онҳо ашхоси зарардидаро пайдо намуда, ба хаймаҳо оварданд ва ба онҳо ёрии аввали тиббӣ расониданд. Қобили зикр аст, ки ҳайати шахсии дастаҳои зудамали наҷотдиҳии ситод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳру вилоятҳо аз иҷрои вазифаи ба зиммаашонгузошта сарбаландона баромаданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»