Мулоқот бо Михаэл Зюс ва Штефан Колер

№24 (3170) 11.03.2014

Нуҳуми марти соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Раёсати Ширкати «Сименс» Михаэл Зюс ва директори Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика ва истифода аз технологияҳои навтарини соҳа баррасӣ шуд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба имконоти иштироки Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва ширкатҳои бонуфузи он дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохтмону навсозии неругоҳҳои барқи обӣ, истифода аз манбаъҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ ва бунёди шабакаҳои таҳвил ва интиқоли барқ сурат гирифт.

-Ширкати «Сименс», — ба гуфти узви Раёсати он Михаэл Зюс, — омода аст, ки дар навсозии техникию технологии неругоҳҳои Тоҷикистон ва шабакаҳои барқии он иштироки фаъол дошта бошад.

Тавре таъкид гардид, Ширкати «Сименс» тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон намояндагии доимии худро таъсис диҳад.

Штефан Колер, аз ҷумла, чунин изҳор дошт: «Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба иштирок дар татбиқи имконоти фарохи энергетикии Тоҷикистон ҳавасмандии устувор дорад ва барои ин аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода хоҳад кард».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Федеролии Олмонро аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо номида, изҳори боварӣ намуд, ки рушди ҳамкорӣ бо он, хусусан дар соҳаи энергетика ва ҷалби технологияи муосир, пурсамар хоҳад буд.

www.president.tj