Аз соли 1994 инҷониб ҳар сол дар Тоҷикистон 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Дар ин рӯз, 102 сол пеш, нахустин шумораи нашрияи тоҷикии «Бухорои Шариф» чоп шуда буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони сершумори воситаҳои ахбори омма бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик (10 марти соли 2012) изҳор дошт: — «100 — солагии матбуоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбуот, балки ҷашни умумимиллӣ низ мебошад».
Ҳар сол дар маросими ботантана ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик барандагони нави Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосими Лоҳутӣ муайян мешаванд. Ин дафъа журналистони тоҷик Ҳусейни Назрулло («Садои мардум»), Гул Шарифов («Чашмаи ҳаёт»), Ғайратшоҳи Аҳмадзод ва Моҳсафар Яҳёева (Шабакаи якуми телевизион), Алихон Зарифӣ (Радиои Тоҷикистон) ва Мирзоалӣ Ҷӯраев («Паёми Душанбе») барои матлабҳои беҳтарини таҳлилию пажӯҳишӣ ба ин унвони баланд шарафёб гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Ҳусейни Назрулло низ дар қатори барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ қарор дорад.
Ҳусейни Назрулло даҳ сол боз дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати хабарнигори махсуси рӯзнома дар вилояти Суғд ифои вазифа мекунад. Дар соҳаи журналистика бошад, собиқаи беш аз 30 — сола дорад. Баъд аз хатми факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси ходими хурди илмии шуъбаи мероси адабии Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намуд. Сипас, солҳои 1982-1996 дар Кумитаи назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ дар вазифаҳои муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шуъбаи идораи барномаҳо барои ҷавонон ва адабӣ, баъдан сармуҳаррири Идораи барномаи дуюми (студияи «Фурӯғи Ориёно») Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.
Фаъолияти эҷодии Ҳусейн Назрулло гуногунҷанба буда, баробари хабару гузоришҳои фаврӣ ва мақолаҳои танқидию таҳлилӣ, дар навиштани асарҳои бадеӣ низ истеъдоди хуб дорад. Вай узви Итттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ (2006) мебошад. Китобҳояш «Замини Акбар», «Юбилейный Истаравшан глазами Вароруда» (ба забонҳои русӣ ва англисӣ), «Накӯниҳод», «Баракати Истиқлол», «Афғонистон: Оташ дар хонаи ҳамсоя», «Роҳи муқаддас»(бо ҳаммуаллифии Ҷ.Маҳкам), «Истаравшан- 2500» (бо ҳаммуаллифии Б. Воҳидпур ва Ҷ. Маҳкам) ба табъ расидаанд.
Ҳамкори муҳтарам Ҳусейн Назрулло ва дигар барандагони нави Ҷоизаи ба номи Абулқосими Лоҳутиро муборакбод карда, ба онҳо комёбиҳои нави эҷодӣ таманно дорем.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»