7 ноябр Рӯзи театри тоҷик буд

Дӯстонро мабар аз ёд, фаромӯш макун!

№138 (4244) 10.11.2020

d01def4e84febf08c8e885823a8caeb3Ҳар сол кормандони театрҳо 7 ноябр дар Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ё дигар муассисаҳои пойтахт ҷамъ омада, бо нахустнамоиш ё дигар барномаҳои ҷашнӣ иди касбиашонро ҷашн мегирифтанд.

Имсол, бинобар зуҳури коронавирус, ин санаи таърихиро дар доираи маҳдуд қайд намуданд. Қаблан,  тамошобинони доимии театр, дар ин рӯз ҳатман ба остонаи театрҳо қадам ниҳода, шоҳиди ҷашн ва  намоишномаи наве мешудем. Ин навбат ҳам ният доштем, ки дари театрҳоро кӯбем.  Афсӯс, ки дар ин ҷашн қисме аз ҳунарпешаҳои дӯстдоштаамонро надидем.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҷулйет­таи саҳнаи тоҷик Хайрӣ Назарова умри пурбаракат дид. Вақте Ефим Исаевич Мителман фоҷиаи «Ромео ва Ҷулйетта»-и У.Шекспирро дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ гузошт, дар толор ҷойи нишаст намеёфтанд. Ҷулйеттаи Хайрӣ Назарова ҳамаро мафтун кард. Хайрӣ — апа, инчунин, дар драма ва пйесаҳои «Имтиҳон», «Хатро ман навиштам», «Рӯдакӣ», «Нурхон», «Бой ва хизматгор» нақш офарид, аммо дар ёди тамошобин ӯ ҳамеша чун Ҷулйеттаи зебо мемонад.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Исо Абдурашидовро дигар дар нақши Сталин аз «Драмаи миллат» намебинем. Лекин ҳазлу шӯхиҳояш дар толори  театр бо  чубуқи сталинӣ ҳанӯз ҳам дар назари тамошобинон ҷилвагар аст. Нӯшбоди таърихие, ки 22 апрели соли 1941 дар Театри калони ИҶШС ба шарафи халқи тоҷик аз тарафи Иосиф Сталин гуфта шуд, аз забони буррои Исо Абдурашидов такрор намешавад. Исо Абдурашидов рафту нақшҳои иҷрокардаашро дар театр, телевизион ва филмҳои ҳунарӣ боқӣ гузошт.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева чанд муддат аз беморӣ ранҷ кашид ва дӯстону ҳампешагон боварӣ доштанд, ки ӯ сиҳат мешавад. Мутаассифона, марги нобаҳангом  3 майи соли 2020 баҳори умри ин сарви бӯстони  санъатро хазон кард.

Вақте ин хабари шумро шунидем, монологи Нигина дар иҷрои Савринисо Сабзалиева аз драмаи «Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода дар таҳияи Аслӣ Бурҳонов ба ёд омад:

«Ман Нигина… Нигини ангуштарини дигарон… Бозичаи сухангӯ. Ман чизе ҳас­там, ки мехарандам, мефурӯшандам…».

Нақши Нигинаро айёме бозида буд, ки дар курси сеюми факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе таҳсил мекард. Аз овони донишҷӯйӣ ба Театри Лоҳутӣ даъват шуда, то вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ ин даргоҳи муқаддаси ҳунарро тарк накард.

Беҳтарин нақшҳояш дар театр Бону  аз драмаи «Рӯдакӣ», Пашкова аз «Алломаи Адҳам ва дигарон» дар таҳияи М. Воҳидов, Елена Андреевна аз  «Ваня тағо», Алдона аз «Кӯҳистонӣ», модар аз «Барзуи шуғнонӣ» дар таҳияи Х. Майбалиев ва ғайра мебошанд.

Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ дар сӯгаш чунин  навиштааст:

Аҷаб шаҳрест сарвистону зебо,

Якояк хушхирому нозу раъно.

Дареғи сарви беҳамтоят, эй шаҳр,

Дареғи сарви Сарвӣ, во дареғо!

Бо вафоти  ногаҳонии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мавлуда Обидова зарбаи навбатӣ ба театр расид. Нақшҳои Мартина аз «Табиби зӯракӣ», Дилшод аз «Дилшод», Леонора аз «Илоҷи  беилоҷӣ ҳаст», модар аз «Ҳукм», Инна аз «Афғонписар», Бону аз драмаи «Рӯдакӣ» ва ғайраро, ки М. Обидова иҷро карда буд, мухлисонаш фаромӯш накардаанд.

9 октябри соли равон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Улфатшоевро ба роҳи охират гусел кардем. Ҳунарпешае, ки беҳтарин симоҳои таърихро дар саҳнаи театр зинда кард, дар назди  марг оҷиз монд. Онҳо нақшҳои Дохунда аз «Дохунда»- и Ҷ. Икромӣ, Рӯдакӣ аз «Рӯдакӣ»- и С. Улуғзода, Рустам аз «Рус­там ва Суҳроб»-и Ғ. Абдуллоҳ, Баҳроми Чӯбина аз «Баҳроми Чӯбина», Сомонхудот аз «Сомонхудот»-и С. Айюбӣ, шоҳ Парвиз аз «Борбад»-и Ҷ. Қуддус, амир Абдулаҳад аз «Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода, шоҳ Егей аз «Медея»-и Софокл мебошанд.

Таҳиягарони драма  ва спектаклҳо дар симоҳои таърихӣ маҳз  Улфатшоевро дидан мехостанд. Акнун сабти асарҳои саҳнавӣ дар хазинаи телевизион ва ёди  мухлисонаш хоҳад монд.

16 октябри соли 2020 ҳунарпешаи теат­ру кино Бахталӣ Сабзалиев дар 87- солагӣ вафот кард. Тамоми  фаъолияти эҷодии ӯ дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ гузаштааст.

Баъди хатми Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М. С. Шепкини шаҳри Москва Бахталӣ Сабзалиев аз соли 1958 то ба нафақа баромадан нақши зиёдро иҷро кард. Вале тамошобин ӯро дар нақшҳои  Шанд аз спектакли «Рустам ва Суҳроб»- и Ғ. Абдуллоҳ ва Балъамӣ аз драмаи «Рӯдакӣ» дида, офаридаҳояшро дер боз дар ёд хоҳанд дошт.

Бо вуҷуди паҳншавии COVID – 19   театрҳо фаъоланд ва кӯшиш мекунанд, ки бо мухлисон бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ифтитоҳи Амфитеатри Боғи Ирам (5 сентябри соли 2011) гуфтанд:

«Театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст, зеро рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин хаёлан  худро бо қаҳрамонҳои  мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами  ботини хешро мустақилона тарбия мебахшад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳаёти фарҳангии Тоҷикистонро низ бе театр тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро театр дар лаҳзаҳои  душвортарини ҳаёт ҳамеша паҳлуи мардум қарор гирифта, дар сарнавишти миллати тоҷик нақши басо муассир гузоштааст».

Ба ин суханони пурҳикмат, ки моҳияту мақсади театрро бозгӯйӣ намудаанд, чизе илова намудан носипосист.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»