Асри ҳозир хосаи Иқбол гашт

№ 12.11.2020

 the-ahmadiyya-betrayal-1447264538-6151Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар доираи илму адаб ва тамаддуни умумибашарӣ мавқеи хос дошта, осори ин мутафаккири намоён имрӯз ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд. То ин дам беш аз сад муҳаққиқи мамолики гуногун мероси илмию адабии ин чеҳраи тобони фарҳанг ва адаби Шарқро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Чанде пеш бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маркази омӯзиши Покистон ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 143-солагии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии «Рӯзи Иқбол» баргузор гардид. Дар он раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон Кароматулло Олимов, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов, дотсент Ҳайдар Қурбонов ва дигарон дар бораи ҷанбаҳои гуногуни шеър ва фалсафаи Аллома Иқбол маърӯза карданд. Зикр гардид, ки чанд сол боз таҷлили «Рӯзи Иқбол» дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, аз ихлос ва муҳаббати мардуми Тоҷикистон нисбат ба осори пурмазмуни ин мутафаккири шуҳратёр дарак медиҳад. Нотиқон таъкид намуданд, ки асарҳои Иқбол ҷаззобиёти гуногунҷанба дошта, дар ҷаҳон қадрдонӣ мешаванд. Паёму тафаккури Иқбол барои тоб овардан ба мушкилоти ҷомеаи ҳозира, ки бисёриҳоро ба ташвиш овардааст, метавонад кумак расонад.

Яке аз шоирони маъруфи асри ХХ Маликушшуаро Баҳор ба қудрату тавони Муҳаммад Иқбол дар арсаи эҷоди осори бадеию илмӣ қоил шуда, гуфта буд:

Асри ҳозир хосаи Иқбол гашт,

Воҳиде, к-аз сад ҳазорон баргузашт.

BB5A7613Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар зимни суханронӣ дар хусуси фалсафа ва Паёми Муҳаммад Иқбол ба мардуми Шарқ,  робитааш бо Кашмир, пайванди рӯҳонии ӯ бо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маълумот дод. Ӯ зикр намуд, ки Муҳаммад Иқбол соли 1930 дар шаҳри Аллоҳобод бори аввал пешниҳоди таъсиси давлати алоҳида барои мусулмонони нимҷазираи Ҳиндро намуда буд. Пешниҳоди ӯ 14 августи соли 1947 амалӣ шуда давлати наве бо номи Покистон истиқлолияташро эълон кард.

Дар маҳфил донишҷӯёни бахши забони урдуи факултети «Забонҳои Осиё ва Аврупо» намунаҳое аз ашъори  форсию урдуи Муҳаммад Иқбол манзури иштирокчиён гардониданд. Сипас, аз ҷониби Сафорати Покистон ба устодону донишҷӯён туҳфаҳои  хотиравӣ супурда шуд.

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»