Барои журналистон пресс-тур доир гардид

№ 13.11.2020

20201112_104015Дувоздаҳуми ноябри соли равон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пресс-тур ташкил гардид.

Рӯзноманигорон нахуст аз Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Муовини раиси Кумитаи мазкур полковник М.Салимзода дар бораи вазифа, сохтор, ҳамкориҳои байналмилалӣ, парки техникӣ ва дурнамои рушди он муфассал маълумот дод. Ҳамчунин, дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ — методии КҲФ намоиши техника ва таҷҳизоти махсус доир шуд. Ба рӯзноманигорон имконияту зарфиятҳои КҲФ барои фавран ва саривақтӣ ба хавфҳои эҳтимолии фавқулодаи табиӣ ва техногениро нишон доданд. Инчунин, ҳайат бо амалисозии «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ», ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад, шинос шуданд. Амалиёти наҷотдиҳандагон ҳангоми интиқоли зарардидагон бо истифода аз таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ва воситаҳои махсуси техникӣ низ намоиш дода шуд.

20201112_112618Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба журналистон доир ба фаъолият ва вазифаи мақомоти омор маълумот доданд. Зикр гардид, ки вазифаи ин ниҳод  дастрас намудани иттилооти босифат, саривақтӣ ва муътамаду пурраи оморӣ ба ҷомеа мебошад.

Директори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» Шаҳло Акобирова ба роҳбарияти КҲФ ва Агентии омор ҷиҳати қабули намояндагони ВАО изҳори сипос намуда, ҳамкории ВАО-ро бо мақомоти давлатӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»