Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо Валентина Матвиенко

№25 (3171) 14.03.2014

DSC_0304

13 марти соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия В.И. Матвиенкоро дар раъси як ҳайати бонуфуз, ки ба кишвари мо ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Шукурҷон Зуҳуров ҳайати меҳмононро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни марбут ба муносиботи байни Тоҷикистону Россия суҳбат орост.

- Ташрифи Шуморо, -гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — мо ҳамчун далели тавсеаи бемайлон ва таҳкими муносиботи Тоҷикистону Россия  арзёбӣ менамоем, ки дар ин муносибот равобити байнипарламентӣ ҳамчун шарти зарурии ҳамкориҳо дорои мавқеи махсус мебошад.

Тавре огоҳӣ доред, моҳи октябри соли гузашта мо бо Сергей Евгеневич Наришкин мулоқот доштем ва имрӯз бо камоли мамнуният Шуморо, Валентина Ивановна, хайра мақдам мегӯем.

Дар ин вазъи ноором ва ғайриодӣ Шумо имконият ёфтед, ки ба кишвари мо сафар намоед ва мо ин сафаратонро ҳамчун тасдиқи самтгирии парламенти Россия ва Шӯрои Федератсия ҷиҳати тавсеаи  ҳамкориҳо медонем.

Воқеан дар вақтҳои охир дар тамоми бахшҳои ҳамкориҳои мо – иқтисодиёт, савдо, фарҳанг ва маориф, дар соҳаи илмӣ-техникӣ, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм пешравии назаррас мушоҳида мегардад.

Фикр мекунам, Шумо ба суханони ман розӣ хоҳед шуд, ки дар рушди фаъоли равобити дуҷониба муносиботи самимона ва муътамаду дӯстонаи байни президентҳои мо — Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Владимирович Путин нақши муҳим мебозанд. Ин натиҷаи амалӣ гардидани изҳороти муштараки сарварони кишварҳои мо аз 5 октябри соли 2012 мебошад.

Мехостам шартномаҳои муҳимтарини дар вақтҳои охир баимзорасида – оид ба муҳоҷират, оид ба мақоми пойгоҳи низомии Россия, доир ба ҳамкориҳо дар бахши нафтрасониро мавриди тазаккур қарор диҳам. Боиси қаноатмандист, ки ба мо муяссар гардид дар муҳлати кӯтоҳтарин шартномаҳои марбутаро ба имзо расонем.

Мо мушкилоти Шуморо ҷиҳати ба танзим даровардани ин ҷараёнҳо дарк мекунем, мавқеъ ва ташаббуси шахсии Шуморо ҷиҳати тақвияти ҳимояи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ медонем. Мо барои таваҷҷуҳ ва чораандешиатон ҷиҳати дастгирии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар Россия аз Шумо сипосгузор ҳастем.

Имрӯз нуктаи асосӣ он аст, ки равобити миёни парламентҳои мо ҷиҳати иҷрои пурраи онҳо мусоидат намояд.

Ҳангоми баррасии масъалаи  тасдиқи созишнома вакилони мо  роҷеъ ба пахши маводи ғаразнок дар бораи муҳоҷирони  меҳнатӣ аз ҷониби баъзе сиёсатмадорони Россия изҳори ташвиш намуданд. Барои баъзеҳо ин ҳол дар муборизаи сиёсӣ ҳамчун фишанг истифода бурда мешавад, вале бурди ҳаминлаҳзаӣ бар ивази бохти асосӣ муқоисанашаванда аст. Пахши наворҳои иғвоангезу таҳқиромез дар Интернет, латукӯби шаҳрвандони мо, куштори муҳоҷирони меҳнатӣ, бо фиреб напардохтани ҳаққи меҳнати вазнинашон – ҳамаи ин, бешубҳа, баррасӣ ва дахолати вакилони моро тақозо менамояд.

Мо дорои таҷрибаи муваффақи ҳамкорӣ, ҳалли мушкилот дар доираи ҳамкориҳои комиссияи байнипалатавӣ мебошем ва дар барномаи сафари Шумо ҷаласаи ин комиссия, итминон дорам, ки  ба манфиати ҳамкориҳо хоҳад буд. Машварат дар сатҳи мақомоти қонунгузор, бешубҳа, ба масъалагузории саривақтӣ ва ҳалли мушкилот мусоидат мекунад.

Дар ҷараёни ин хеле муҳим аст, ки  ба саъю талоши комиссияи байниҳукуматӣ, хусусан дар бахши иҷрои шартнома ва муоҳидаҳои баимзорасида мусоидат карда шавад. Барои мисол, миёни Тоҷикистону Россия 230 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнимуассисавӣ ба имзо расидаанд, аз ин шумор 12 санад ҳанӯз эътибори қонунӣ пайдо накардааст ва 28-тои он машварати иловагиро тақозо менамояд. Дар ин бахш низ бояд ҳамкориҳо густариш дода шаванд.

Хулоса, мо метавонем ва вазифадорем, ки ҷиҳати густариши равобити ҳар чӣ бештари миёни кишварҳоямон тамоми саъю талошамонро ба харҷ диҳем.

Ҳамчунин зарур аст, ки фаъолияти қонунгузорӣ, хусусан дар заминаи ҷараёнҳои ҳамҷояшавӣ идома дода шуда, мутаносибан имкониятҳои ҳамкориҳо дар доираи Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати такмилдиҳии қонунгузории намунавӣ бештар истифода карда шавад (масалан, мо имкон дорем, лоиҳаҳои қонунҳои намунавиро якҷоя пешниҳод намоем).

Наметавонам дар бораи мақоми забони русӣ дар кишварамон чанд сухан нагуфта бошам, зеро аз тариқи баъзе расонаҳо хабарҳое пахш карда мешаванд, ки гӯё бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақоми забони русӣ тазйиқ ёфта бошад. Қабл аз ҳама, бояд гуфт, ки мақоми забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст. Ин дастури конститутсионӣ дар бисёр қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» имконияти ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намудан ва ҷавоб гирифтанро ба забони модарӣ ё забони русӣ пешбинӣ менамояд. Бар иловаи омӯзиши анъанавии забони русӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар вақтҳои охир мактабҳои ғайридавлатӣ, курсҳои омӯзиши забони русӣ (ҳам барои хурдсолон ва ҳам барои калонсолон), хусусан барои муҳоҷирони меҳнатӣ, бештар таъсис меёбанд. Дар ин самт Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон -Россия ва Шӯрои ҳамватанони Россия дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд. Аз  чорабиниҳои зиёд танҳо он қисматеро, ки ба ҳукми анъана даромадаанд, аз ҷумла хонишҳои Пушкинӣ, фестивалҳои фарҳангиро номбар кардан мумкин аст.

Бояд иқрор кард, ки чунин ҳолат бо сабаби нарасидани кадрҳо, маҳз аз ҳисоби забондонон, на дар ҳама ҷо вуҷуд дорад. Фикр мекунам, ки ташаббуси Президенти мо оид ба ин мавзӯъ – дар бораи даъвати омӯзгорони Россия ба Тоҷикистон ба Шумо маълум аст. Чунин таҷриба дар замони худ вуҷуд дошт ва халқи мо бо арзи сипоси самимонатарин  муаллимони русро, ки ҷиҳати пойдор ва устувор гардонидани мактабҳо ва донишкадаҳои олии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, дар хотир дорад. Имрӯз дар ҷумҳурии мо таваҷҷуҳ ба хуб донистани забони русӣ афзоиш меёбад, ки чунин ҳол, бешубҳа, ба робитаҳои ҳамаҷониба бо Россия иртибот дорад.

Мехоҳам тазаккур диҳам, ки сарфи назар аз фишори баъзе қувваҳои берунӣ, тағйироти вазъи геополитикии дунё ва минтақа, мавҷҳои иғвоангез дар воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ,  дар тафовут аз баъзе кишварҳои дигар, Тоҷикистон самтҳои стратегиву геополитикии худро дигар накарда, ҳамчун шарики мӯътамади Россия боқӣ хоҳад монд.

Итминон дорам, ки ин ташрифи Шумо ҷиҳати ба сатҳи баланди корӣ баровардани муносиботи корӣ мутобиқан бо талаботи замон, дархосту умед ва талаботи интихобкунандагон нуқтаи самтгирӣ хоҳад гардид. Ба Шумо ва ҳайати ҳамроҳонатон сафари бобарор ва бардошти таассуроти нек орзумандам,-изҳор дошт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Матвиенко Валентина Ивановна аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон арзи сипос намуда, муносибатҳои миёни ду кишварро дӯстона ва самимона арзёбӣ кард.

-Воқеан, мо шарикони мӯътамади стратегӣ буда, дар тамоми соҳаҳои муносибатҳоямон асоси қавӣ дорем. Мо ҷонибдори дар оянда низ рушду нумӯ ёфтани муносибатҳои ҳамаҷонибаи миёни кишварҳоямон мебошем. Мулоқотҳои сарварони кишвараҳоямон ҷиҳати рушди чунин муносибатҳо заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бояд бештар дар мадди назар дошта шавад.

Мавсуф ба масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия дахл намуда, изҳор дошт, ки мушкилоти мавҷуда давра ба давра ҳал хоҳад шуд. Мо масъалаҳои марбут ба муҳоҷиронро қисман ба танзим даровардем. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар рушди иқтисодиёти ҳам Россия ва ҳам Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд. Тавре огоҳӣ доред, тарафи Россия муҳлати иқомати беқайди муҳоҷиронро то 15 рӯз ва муҳлати будубошашонро то 3 сол бидуни аз кишвар хориҷ шудан тамдид намуд. Ҳоло нисбати ҷорӣ шудани реҷаи раводид ба Россия сару садоҳо зиёд шудаанд. Бояд бигӯям, ки мо муқобили ҷорӣ намудани раводид барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошем. Мо бо ин кишвар пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ дорем, бояд бе раводид ба кишварҳои ҳамдигар равуо намоем. Аммо муҳоҷират низ бояд ба таври замонавӣ сурат гирифта, муҳоҷирони меҳнатӣ қонунҳои будубошро дар кишвари мо муроот намоянд. Бояд гуфт, ки мутаассифона, ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, на танҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, балки дигар кишварҳо низ меафзояд. Аз ҳамин ҷост, ки баъзе шахсиятҳои Россия аз тариқи телевизионҳо, Интернет ё дигар расонаҳои хабарӣ суханони иғвоангез ва ё наворҳои таҳқиромез пахш менамоянд. Албатта, ҳоло даврони демократия аст, мисли кишвари Шумо дар Россия низ баъзеҳо бо истифода аз озодии сухан ақидаҳоеро иброз медоранд, ки чунин ақидаҳо ба халқу кишвари Россия ҳеҷ иртиботе надоранд. Сарфи назар аз ин, ман барои чунин суханон аз ҷониби кишвари худ узр мепурсам.

Дар суҳбат ҳамчунин тақвияти масъалаҳои муносибатҳои байнипарламентӣ, таҳияи қонунҳои намунавӣ, тасдиқи шартномаҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои марбут ба манфиатҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Матвиенко Валентина Ивановна Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро барои як сафари расмӣ дар фурсати муносиб ба Федератсияи Россия даъват намуд.

Дар мулоқот аз тарафи меҳмонон раисони кумитаҳо ва шахсони масъули Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагон муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон иштирок доштанд.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир А. ИСОЕВ