Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон соли 2007 сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда оғоз гардидаю то ҳол ба анҷом нарасидааст.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Холмуҳаммад Одинаев, муассисаи болозикр бояд соли 2015 мавриди истифода қарор мегирифт. Аммо аз сабаби набудани маблағ сохтмони он тӯл кашид. Арзиши умумии сохтмон зиёда аз 21 миллион сомониро дар бар мегирад.
- Аз соли 2007 барои сохтмони мактаб 9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои пурра ба анҷом расидани корҳо боз 12 миллион сомонии дигар лозим аст. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки марҳила ба марҳила боқимондаи маблағро ҷудо намояд, — гуфт Холмуҳаммад Одинаев.
Дар ҳамин ҳол сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Абдулвоҳид Саъдуллозода зикр кард, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур идома дорад. Соли 2020 бо ин мақсад 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, мактаб, тибқи нақша, бояд соли 2021 ба истифода дода шавад.
Аммо сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Холмуҳаммад Одинаев гуфт, ки корҳои сохтмонӣ соли 2023 ба охир мерасанд.
Ба суханони кӣ бовар кунем?
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»