Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо генерал Надим Раза

№144 (4250) 28.11.2020

50646635448_447fd17dc6_o26 ноябри соли 2020 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Разаро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки робитаҳои феълии Тоҷикистон ва Покистон фарогири соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳанг, илм, маориф, амният буда, бо дарназардошти имконияти мавҷуда, ба рушду густариши онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Покис­тон ба аксар масъалаҳои умдаи минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд ва ин мавқеъгириҳо имкон медиҳад, ки ҳар ду давлат дар ҳамоҳангӣ ба ҳалли мушкилоти минтақавию байналмилалӣ мусоидат намоянд.

Инчунин, дар рафти мулоқот муҳимияти тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва мудофиавӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгаройӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонис­тон таъкид гардида, доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақа ва ҷаҳон дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавирус табодули афкор сурат гирифт.

www.president.tj