Нақши Тоҷикистон дар таъсис ва ташаккули СҲШ

№145 (4251) 01.12.2020

2-1024x633.jpg.pagespeed.ce.Q4HcSiQF5EҶумҳурии Тоҷикис­тон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст. Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушод», ки ҳамчун ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикис­тон низ ба ҳисоб меравад, кишвари азизамон тавонист бо аксар давлатҳои дунё муносибати нек ва ҳамкориҳои ­судмандро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монад. «Рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад», — таъкид намудааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ин рӯ, кишвар робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки бо онҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои судманд дорад, идома дода истодааст. Яке аз созмонҳои бонуфузи минтақавӣ СҲШ мебошад, ки дар таъсис ёфтани он, пеш аз ҳама, фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизис­тон ва Федератсияи Россия, инчунин, созишномаҳо дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи ихтисори муштараки Қувваҳои Мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуд, замина гузоштааст.

15 июни соли 2001 дар Шанхай вохӯрии сарони давлатҳо доир гардид, ки дар он изҳороти муштарак дар бораи пазируфтани Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул шуда, Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид. Сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Тартиби додани мақоми давлати аъзо тасдиқ ёфт, ки имконияти ҳамроҳшавии дигар кишварҳоро ба созмон фароҳам овард. Дар асоси ин ҳуҷҷат июни соли 2017 дар шаҳри Остона зимни ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ мавзӯи ба узвияти созмон пазируфта шудани Ҳиндустон ва Покистон баррасӣ гардид.

Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (СМЗТ) СҲШ мақомот (сохторҳо)-и доимоамалкунандаи созмон буда, аз моҳи январи соли 2004 фаъолиятро шурӯъ намудаанд. Котиботи СҲШ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Кумитаи иҷроияи СМЗТ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доранд.

Айни замон созмон аз ҳашт давлати аъзо (Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизис­тон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон), чаҳор давлати нозир (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон), инчунин, шаш давлати шарикони мусоҳибавӣ (Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка) иборат мебошад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ русӣ ва хитоӣ ба ҳисоб мераванд.

СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои он тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии кураи заминро ташкил медиҳад.

Ҳадафҳои асосии СҲШ инҳоянд: таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои аъзо, мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин, дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист ва ғайра, таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа, пешравӣ дар ташкили тартиботи демократӣ, одилона ва оқилонаи байналмилалӣ дар соҳаи сиёсӣ ва иқтисодӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои таъсисдиҳанда ва иштирокчии фаъоли СҲШ мебошад, дар Шӯрои сарони давлатҳо (солҳои 2008 ва 2014) ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ (солҳои 2006, 2010, 2018) раёсатро ба уҳда дошт. Мутобиқи муқаррароти СҲШ, соли 2020 раёсат дар созмон аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, мутаносибан ҷаласаҳои ҷашнии сарони кишварҳои аъзои он соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд. Соли 2021 ба таъсис ёфтани СҲШ 20 сол пур мегардад. Кишвари мо омодагиро ҷиҳати пазируфтани раёсат дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 оғоз намуда, ният дорад, ки дар рушди минбаъдаи он саҳми арзанда гузорад. Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотиро ҷиҳати омодагӣ ва баргузории нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар таъсис додааст, ки он ҳоло фаъолона кор мекунад. Зимнан, дар давраи раёсат Тоҷикис­тон ният дорад, ки барои таъмини амният ва субот, таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои СҲШ кӯшиш ба харҷ диҳад.

Новобаста ба навтаъсис будан, тибқи ченакҳои байналмилалӣ, СҲШ дар даврони мавҷудият худро ҳамчун майдони босамари мубодилаи афкор, коркарди мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳанг сохтани нуқтаи назари гуногун нишон дода, бо дарназардошти талаботи замони муосир мақсаду вазифаҳоро такмил медиҳад. Агар ба харита назар намоем, мебинем, ки ғайр аз Афғонистон дигар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон аъзои ин созмони бонуфуз ҳастанд. Сармояи инсонӣ ва захираҳои ғании обу энергетикии кишвар имкон медиҳанд, ки ба бозори минтақаи СҲШ барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ва таҷдидшавандаи арзон, инчунин, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ содир намоем.

Бояд таъкид кард, ки дар банди аввали Хартияи СҲШ мақсаду вазифаҳои он чунин қайд гардидааст:

- таҳким бахшидани дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва эътимоди тарафайн миёни кишварҳои аъзо;

- рушди ҳамкории бисёрсамта бо мақсади таъмин ва таҳким бахшидани сулҳу субот ва амният дар минтақа, мусоидат намудан ба тартиботи байналмилалии нави одилона ва оқилонаи сиёсӣ – иқтисодӣ ва демократӣ;

- муборизаи якҷоя бар зидди терроризм, ҷудоиандозӣ ва экстремизм дар ҳама шакл, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва яроқ, дигар намудҳои фаъолияти ҷиноии фаромиллӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ;

- ташвиқи ҳамкориҳои самарабахши минтақавӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, муҳити зист, фарҳангӣ, илмӣ ва техникӣ, маориф, энергетика, нақлиёт, қарзӣ, молиявӣ ва дигар соҳаҳои манфиати муштарак;

- мусоидат ба рушди ҳамаҷониба ва мутавозини иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар минтақа тавассути амалҳои муштарак дар асоси шарикии баробар бо мақсади мунтазам баланд бардоштани сатҳ ва беҳтар намудани шароити зиндагии халқҳои давлатҳои аъзо;

- ҳамоҳангсозии равишҳо барои ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ;

- мусоидат дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон мутобиқи уҳдадориҳои байналмилалии давлатҳои аъзо ва қонунгузории миллии онҳо;

- нигоҳдорӣ ва рушди муносибатҳо бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- ҳамкорӣ дар самти пешгирии низоъҳои байналмилалӣ ва ҳалли осоиштаи онҳо;

- ҷустуҷӯи муштараки ҳалли мушкилоте, ки дар асри XXI ба миён меоянд.

Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои ташкилкунандаи ин созмони бонуфуз талош кардааст, ки мақсаду маром ва тасмимҳои созмон мутобиқ ба манфиатҳои миллии кишвар бо ба инобат гирифтани эҳтироми мутақобилаи кишварҳои аъзо бошад. Узвияти Тоҷикистон дар ин созмон шароит фароҳам меорад, ки имкониятҳои иқтисодӣ, транзитӣ ва энергетикиро ба кишварҳои минтақа боз ҳам самаранок муаррифӣ намуда, аз ҳамкориҳои судманд баҳраманд гардад. Самтҳои ҳамкорӣ дар доираи созмон ба тариқи зайл мебошанд:

- дастгирӣ ва васеъ кардани муносибатҳои минтақавии иқтисодӣ дар ҳама формат, таъмини имкониятҳои муносиб барои тиҷорат ва сармоягузорӣ, бо мақсади гардиши озоди молу коло, маҳсулот, технология, сармоя ва хизматрасонӣ миёни кишварҳои аъзо;

- истифодаи самараноки инфрасохтори ҷойдошта дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, беҳтар намудани потенсиали транзитии кишварҳои аъзо, рушди соҳаи энергетика;

- истифодаи мақсаднок ва самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла, истифодаи захираҳои обӣ дар минтақа, амалисозии барномаҳои махсуси ҳифзи муҳити зист ва лоиҳаҳо.

14 июни соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд. Барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар қаламрави СҲШ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки масъалаи омӯзиши таъсиси Бонки СҲШ, Фонди рушди СҲШ, инчунин истифодаи имкониятҳои сармоягузории инфрасохтории Бонки Осиё, Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ барои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак тезонида шавад. Сарвари давлат, ҳамчунин, таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ҷалб карданд.

Аъзои комилҳуқуқ ва фаъоли созмон будан, дар баробари уҳдадориҳо, инчунин, шароитро барои истифодаи имкониятҳои кишвар фароҳам меоварад. Бояд ёдовар шуд, ки бархе аз кишварҳои аъзои СҲШ, ҳамзамон, шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Се кишвари аъзои СҲШ, ҳамчунин, аъзои кишварҳои G-20 низ ҳастанд.

Дар гузашта ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар доираи созмонҳои гуногун ва муносибатҳои дуҷониба, татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии кишвар, яъне баланд бардош­тани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, мусоидат намудааст. Солҳои охир рушди иқтисодиёт ҳар сол ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст. Айни замон давраи анҷомёбии марҳалаи аввали «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва оғози марҳалаи дуюми он фаро расида истодааст. Интизор меравад, ки то охири соли 2020 Ҳукумати кишвар «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025»-ро қабул намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ 10-уми июни соли 2018 дар Ҷумҳурии Халқии Хитой таъкид намуда буданд, ки «Дар шароити кунунии ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ, муҳимияти рушди минбаъдаи фаъолияти иқтисодии фарогири созмони мо меафзояд.

Шарикии густурдаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дастгирии ҳамдигар ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои мутақобилан судманд бояд чун самтҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ боқӣ монанд.

Ташаккули низоми ягонаи нақлиёт ва истифодаи самарабахши иқтидори транзитии кишварҳои мо барои минтақа хеле муҳим мебошад. Дар ин росто, бояд ба татбиқи лоиҳаҳо оид ба барқарорсозӣ ва сохтмони роҳҳои мошингард ва оҳан, инчунин, бунёди долонҳои нақлиётии минтақавӣ бо дастрасӣ ба бандарҳо диққати авалиндараҷа дода шавад».

Албатта, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шуда истодааст ва дар ҳама соҳа ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои СҲШ муҳим мебошад. Бозорҳои кишварҳои аъзои созмон барои содироти молу маҳсулоти ватанӣ мувофиқ буда, дар доираи ташаббусҳои созмон аз имконот васеътар истифода бояд бурд. Роҳбарияти олии кишвар низ ҳамеша бар он аст, ки Тоҷикистон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барад.

17 майи соли 2019 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норовро ба ҳузур пазируфта, вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СҲШ, масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф, илм, иртиботи оммавӣ, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи мероси фарҳангии давлатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, зимни мулоқот оид ба тат­биқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, инфрасохтори сохтмон, телекоммуникатсия, технология ва инноватсия, рушди бахши кишоварзӣ ба манфиати кишварҳои аъзо, табодули андеша карданд.

Тоҷикистон ҷонибдори навсозии платформаи иқтисодии СҲШ, татбиқи лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», таъсиси хатсайрҳои нақлиётӣ — логистикии пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ ба воситаи Хитой ва Россия бо бозорҳои ҷанубу шарқии Осиё ва давлатҳои Аврупо, бунёди институтҳои молиявии — Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ва таъсиси Маркази зидди маводи мухаддир дар СҲШ мебошад.

10 ноябри соли 2020 дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баромад намуда, иқдомҳои ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази доимоамалкунандаи маводи мухаддир дар СҲШ ва Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар доираи рӯзномаи байналмилалии об бори дигар таъкид намуда, дар хусуси дастгирии онҳо аз ҷониби шарикони Тоҷикистон даъват намуданд.

Маълум аст, ки ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ки аз ҷониби роҳбарияти олии Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тсзинпин муаррифӣ шудааст, ташаббуси аҳамияти ҷаҳонидошта мебошад. Он барои беҳтар намудан ва таъсис додани имкониятҳои навин ҷиҳати интенсификатсияи муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард. Ташаббусу тадбирҳои кишварҳои аъзо, бахусус Стратегияи рушди кишварҳо ба иқдоми «Як камарбанд, як роҳ» маъмулан ҳамрадиф мебошанд.

Тавре қаблан таъкид намудем, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Бо ҳидояти роҳбарияти олии кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ шоҳид ҳастем, ки лоиҳаҳои гуногун дар кишвар амалӣ шуда истодаанд. Роҳҳои нави мошингард, оҳан, нақбу пулҳо ва инфрасохтори коммуникатсионӣ, ки ба шарофати ҳамкориҳои судманд ва муносибати шарикона миёни ҳар ду кишвар ва бо дастгирии Ҷумҳурии Халқии Хитой ба истифода дода шуданд, қадаме баҳри расидан ба ҳадафи стратегии болозикри кишвар маҳсуб меёбад. Лозим ба ёдоварист, ки чунин лоиҳаҳои муҳим дар ҳамкорӣ бо дигар институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ва кишварҳои шарикони рушд амалӣ карда мешаванд.

Масири асосии иқтисодӣ ва коммуникатсионии камарбанди Роҳи бузурги абрешим аз Ҷумҳурии Халқии Хитой тавассути Осиёи Марказӣ, Россия то Аврупо ва баҳри Балтика, инчунин, тавассути Осиёи Марказӣ ба халиҷи Форсу Ховари Миёна пешбинӣ шудаанд. Бо ба инобат гирифтани мавқеи ҷуғрофӣ Тоҷикистон имкониятро дар ин самт фаъолона пайгирӣ менамояд. Амалисозии ин ташаббус дар умум ба рушди иқтисодиёт мусоидат намуда, ба ҳамкорӣ, шаффофият ва манфиатҳои мутақобилан судманду эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ такя мекунад.

То моҳи октябри соли 2019-ум 137 кишвар ва 30 ташкилоти байналмилалӣ 197 ҳуҷҷати ҳамкориро дар доираи ин ташаббус ба имзо расонидаанд. Амалисозии лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» аллакай ҳаҷми тиҷорати Хитойро бо кишварҳои алоқаманди ташаббус ба 6 триллион доллари америкоӣ расонидааст. Сармоягузории ширкатҳои хитоӣ дар атрофи ин ташаббус аллакай бештар аз 100 миллиард доллари америкоиро ташкил дода, сармоягузории кишварҳои дар ин масир қарордошта ба 48 миллиард доллар расидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2019 ёдовар шудаанд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардааст, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб се баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст. Вале нишондиҳандаҳои соҳа ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои қабулгардида ҳанӯз нокифоя буда, корҳо дар самти баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ қонеъкунанда нестанд».

Ин гуфтаҳои роҳбарияти олии мамлакат бори дигар собит месозанд, ки иқтидори кишвар зиёд ва имкониятҳои рушди иқтисодӣ васеъ аст ва барои беҳтар намудани некуаҳволии мардум шароит ва имконот ҳаст.

Ҳамин тавр, иштироки фаъоли Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, пайгирии манфиатҳои кишвар дар доираи он ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои аъзо имкон медиҳад, ки ҳадафҳои стратегии кишвар самаранок амалӣ карда шаванд, рушди иқтисодӣ, ояндаи дурахшон барои мардуми Ватанамон таъмин гардад.

Эркин ДОСТИЕВ,

сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ