27 ноябри соли 2020 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 «Дар бораи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, солҳои 2011-2020 дар доираи татбиқи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ тадбири зиёди муҳиму муассир анҷом дода шуда, дар соҳаи тандурустии мамлакат пешравиҳои назаррас ба вуқӯъ пайваст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии мамлакат, ки асоси воқеии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар мамлакат ба ҳисоб меравад, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супоришҳои қатъӣ доданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки лоиҳаи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» — ро таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, ҷиҳати такмил додани механизми пешгирии бемориҳо ва таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ дар асоси шарикӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои солимӣ ва атрофиён чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.
Инчунин, лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди муҳокимаи аъзои Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба лоиҳаи созишномаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикон, «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2021-2030», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва «Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023» — ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотима Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 вобаста ба хурӯҷи мавҷи дуюми он дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон барои эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми кишвар гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла, ташкили арчаи солинавӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар кишвар манъ карда шудааст.
Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар таъкид намуданд, ки масъалаи риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маҳлулҳои безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.
Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба аъзои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳои Ҳукумат, таъмини кори муназзами муассисаҳои тандурустӣ ва маорифу фарҳанг, таъминоти босифат ва саривақтии аҳолӣ бо барқу гармӣ, дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, захираи маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, пеш аз ҳама, дар муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин, дар ҳолат хуби омодагӣ нигоҳ доштани роҳҳо ва иншооти энергетикӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили боқимонда, хусусан пахта ва, дар маҷмӯъ, назорати қатъии фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
www.president.tj