Диспансеризатсия. Чаро дар қонунгузорӣ вобаста ба он муқаррарот нест?

№151 (4257) 17.12.2020

ДиспанзеризацияАз соли 2017 дар мамлакат Кодекси тандурустӣ амал менамояд. Мутаассифона, дар он вобаста ба диспансеризатсия, ки дар шароити кунунӣ (манзур зуҳур ва паҳншавии бемории коронавирус аст) муҳим ва саривақтист, муқаррарот вуҷуд надорад.

Тавре дар адабиёти ба ин масъала дахл­дошта зикр шудааст, «Диспансеризатсия — калимаи лотинӣ (dispensaries) буда, маънои ба тартиб медарорам, ба танзим медарорам, назорат менамоям ва идора мекунам»-ро дорад. Он аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки ба табобат ва пешгирии бемориҳо машғуланд, амалӣ гардида, вобаста ба таъинот ва бартараф кардани хавфи гирифторӣ ба беморӣ, коҳиши маъюбӣ, фавти бармаҳал ва таъмини дарозумрӣ равона мегардад. Муҳимтар аз ҳама, хароҷот барои диспансеризатсия нисбат ба табобат ва рафъи пайомади бемориҳои гуногун камтар мебошад.

Дар шарҳу тавзеҳи аҳдофи диспансеризатсия доктори илмҳои тиб Амонулло Ғоибов зикр кард, ки муайян кардани вазъи саломатии инсон тавассути муоинаи доимӣ, ошкору бартараф намудани сабабҳое, ки бемориро ба вуҷуд меоваранд, таъмини тарзи ҳаёти солиму бардавом, сари вақт гузаронидани чорабиниҳои табобатӣ-беҳдоштӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ низ шомиланд.

Иттилоъ гирифтам, ки ғояи пешгирии беморӣ ва мушоҳидаи беморон бо мақсади пешгирии инкишофи минбаъдаи оризаҳо дар давраи тибби атиқӣ (қадима) пайдо шудааст. Дар ин робита аз Гиппократи бузург ёдовар шудан бамаврид аст, ки фармуда буд: «Табиб бояд табиати инсонро омӯзад ва агар хоҳад, вазифаи худро дар сатҳи баланд иҷро намояд, бояд муносибати инсонро нисбат ба ғизо, нӯшокӣ, тарзи гуногуни пешбурди ҳаёт ва таъсири онҳоро ба ҳар як инсон мавриди таҳлил қарор диҳад».

Г. Аттенгофер нигоштааст, ки «нахустин амбулаторияи ройгон соли 1773 назди сардорухонаи шаҳри Санкт-Петербург таъсис ёфта буд». Аз лиҳози самти фаъолият он нахустин диспансер мебошад.

Бино ба гуфти Амонулло Ғоибов, диспансеризатсияи дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ роиҷ­буда аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун амсила (модел)-и пешрафта, дастрас ва самарабахши пешгирии бемориҳо эътироф шудааст.

Ҳамсуҳбатам ин равандро ба се самт ҷудо намуд. Самти якум аз корҳои санитарӣ — маърифатӣ дар байни мардум, хоса аҳолии деҳот, ки 70 дарсади аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад, вобаста мебошад. Иттилоотонии аҳолӣ ва ҳавас­мандгардонии онҳо барои интихоби тарзи ҳаёти солим, дасткашӣ аз истифодаи тамоку, истеъмоли барзиёди машруботи спиртӣ, маводи мухаддир, озуқаи барзиёду серкалория аз ҷумлаи тадбирандешӣ дар ин самт маҳсуб мешавад.

Самти дуюм бо ошкор намудани гурӯҳи одамони дорои хавфи баланди бемориҳои номбаршуда ва ислоҳ кардани онҳо буда, диспансеризатсияи ин табақаи шаҳрвандон хеле муҳим мебошад.

Самти сеюм ба профилактикаи такрорӣ рабт дошта, аз чораандешӣ оид ба бартарафсозии хавф таркиб ёфтааст. Дар чунин шароит имкон фароҳам меояд, ки авҷи беморӣ пешгирӣ шавад.

Киҳо мушоҳидаи диспансериро ба амал мебароранд?

Дар посухи ин савол Амонулло Ғоибов минҷумла гуфт, ки ин корро кормандони муассисаи тиббие, ки шаҳрванд дар минтақаи ҷойгиршавии он зиндагӣ мекунад, анҷом медиҳанд. Онҳо духтури оилавӣ, духтур-терапевти минтақавӣ, фелдшери шуъбаи пешгирии бемориҳо ва фелдшери бунгоҳи тиббӣ (дар сурати аз ҷониби роҳбари ташкилоти тиббӣ ба дӯши ӯ вогузор кардани иҷрои вазифаҳои духтури табобатӣ) мебошанд.

Тибқи муқаррароти марбут ба масъала, бемор ба ҳуҷраи духтури минтақавӣ ё маркази саломатӣ раҳнамоӣ ва дар он ҷо муоина мегардад. Сипас, шохиси вазн, ҳолати узвҳои дохилӣ муайян гардида, дар асоси «варақаи хатсайр»- сатҳи глюкоза, холестерин дар хуни ӯ муайян шуда, таҳлили пешоб, наҷосат ва ғайра гузаронида мешавад. Духтур дар асоси нишондиҳандаҳои ташхис хулоса таҳия ва зарурати гузаронидани профилактикаро муайян мекунад. Илова бар ин, барои зарурати муоинаи марҳалаи дуюм роҳхат медиҳад.

Муҳимияти масъала дар он зоҳир мегардад, ки натиҷаи диспансеризатсия барои пизишкон муҳиму муфид маҳсуб шуда, ибтикори минбаъда дар такя ба он амалӣ мегардад. Вобаста ба қатъ кардани мушоҳидаи диспансерӣ ҳамсуҳбатам зикр кард, ки «шифо ёфтани бемор, бартараф шудани хавф, фавти бемор ё аз қайд баромадани ӯ асос барои ин амал маҳсуб мешавад».

Дар робита ба натиҷаҳои мусбати диспансеризатсия Амонулло Ғоибов аз таҷрибаи Куба ёдовар шуд. Ин давлат дар шароити таҳримҳо тавонист шаҳрвандонашро одамони солимтарини дунё гардонад. Дар он гурӯҳҳои диспансерӣ шаҳрвандонро соле ду маротиба ба муассисаҳои табобатӣ-профилактикӣ барои ташхис даъват мекунанд.

Дар Куба, ки аҳолиаш қариб 12 млн. нафар аст, 600 дармонгоҳ, 38 лабораторияи гигиенӣ ва микробиологӣ, 165 дармонгоҳи дандонпизишкӣ, 276 бемористон, аз ҷумла, 32 бемористони кӯдакона, фаъолият доранд. Касалиҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, маъюбиҳои модарзодӣ мунтазам таҳқиқ шуда, теъдоди духтурон қариб 90 ҳазор нафар ва теъдоди ҳамшираҳои шафқат ва кормандони хурди тиббӣ беш аз 110 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҷолиб он аст, ки дар давлати зикршуда дорухонаҳои шахсӣ вуҷуд надоранд, воридоту сифати доруворӣ зери назорати сохторҳои давлатӣ қарор дошта, 186 намуди доруворӣ, аз ҷумла, ваксина барои шахсони гирифтори бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, бо нархи муайяншуда пешниҳод мешавад.

Ҷанбаи омӯзанда он аст, ки Куба, бо вуҷуди солиёни зиёд зери таҳрим қарор доштан, ба шарофати муносибати хоса ба диспансеризатсия солимии шаҳрвандонро ба сатҳи олӣ расонид.

Далелҳо ҳокианд, ки дар шароити кунунӣ ҳифзи саломатии аҳолӣ ва истифодаи самараноки маблағи буҷет вазифаҳои асосии масъулин ва кормандони бахши тандурустии мамлакат ба ҳисоб мераванд. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки меҳвар қарор додани диспансеризатсия барои расидан ба ҳадафҳои зикршуда мусоидат менамояд.

Аз ҷониби дигар, зуҳуру паҳншавии коронавирус пураҳамият будани ин масъаларо собит кард. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки чанде пеш Созмони умумиҷаҳонии ­тандурустӣ (СУТ) давлатҳои ҷаҳонро даъват кард, ки ба пандемияи нав омодагӣ гиранд.

- Мо соли охир дидем, ки кишварҳои дорои инфрасохтори мустаҳками тандурустӣ барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, бо мақсади нигоҳдорӣ ва назорати тавсеаи вируси SARS-CoV-2 тавонистанд тадбирҳои сареъ андешанд, — омадааст дар изҳороти ташкилот.

Бо дарназардошти нукоти зикршуда умед дорем, ки субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баҳри ворид намудани муқаррарот дар қонунгузорӣ вобаста ба диспансеризатсия иқдом менамоянд.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»