Чаро матбааи Кӯлоб аз фаъолият бозмонд?

№152 (4258) 19.12.2020

sdrОн то соли 2006 зиёда аз 100 мутахассисро ба шуғл фаро гирифта, баробари чопи нашрияҳои Мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб — «Навиди Кӯлоб» ва «Кулябская правда», рӯзномаю маҷаллаҳои ноҳиявиро низ бо сифати баланд нашр мекард. Ҳоло ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст. Сабаб чист?

Ҳангоми вориди бинои матбаа шудан марди миёнасоле наздамон баромад ва худро Абдуҷаббор Ғафуров, корманди он муаррифӣ кард.

- Сабаби фаъолият накардани чопхона фарсуда гаштани дастгоҳҳо мебошад. Аз соли 1980 дар вазифаҳои гуногуни ин даргоҳ кор кардам. Он минтақавӣ буда, солҳои шӯравӣ чопхонаи ноҳияҳоро муттаҳид карда буд. Кормандон маоши хуб мегирифтанд. Ҳоло бошад, ғайр аз ду — се нафар, дигар касе кор намекунад, — гуфт ӯ.

Номбурда, инчунин, сабаби дигари фаъолият накардани матбааро дар он мебинад, ки барои харидорӣ намудани дастгоҳи чоп ва коғаз маблағи калон лозим аст. Як маротиба матбаа дар «тендер» баранда шуд. Соҳибкоре ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ дастгоҳи чоп харида, ба он супорид. Мутаассифона, баъди чанде он низ аз кор монд.

- Собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал матбааро дастгирӣ мекард. Борҳо сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳои дар минтақаи Кӯлоб фаъолияткунанда барои чопи рӯзномаҳояшон муроҷиат намуда буданд. Мутаассифона, бинобар корношоям будани дастгоҳи чоп ва норасоии кадрҳо, муроҷиаташон қонеъ нашуд. Ҳоло маҷаллаю рӯзномаҳои шаҳру минтақаи Кӯлоб дар шаҳри Душанбе чоп мешаванд. Дилам ба фаъолиятам месӯзад. Партофта равам, таҷҳизоти корношоямеро, ки боқӣ мондаанд, мебаранд, — афзуд ҳамсуҳбатам.

Сехи коғазбурӣ ва бандубасти коғазҳо низ ҳоли табоҳ доранд. Ҳама дастгоҳҳо корношояманд.

Матбааи Кӯлоб зерсох­тори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аст. Таассуфовар ин аст, ки як қисмати заминашро ба кадом соҳибкоре фурӯхтаанд. Соҳибкор бошад, бинои дуошёна сохтааст, ки он ҳам нотамом аст.

davДар робита, собиқ сардори Бахши сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб Раҷабалӣ Рӯзиев зимни суҳбати телефонӣ гуфт:

- Се моҳ мешавад, ки ба нафақа баромадам. Шумо қисмати чапи замини матбааро дар назар доред. Соли 1998 кадом соҳибкоре онро харидааст. Дигар аз ҳеҷ чиз хабар надорам.

Сардори матбааи шаҳри Кӯлоб Дилшод Мирзоев ҳангоми суҳбати телефонӣ изҳор дошт, ки корхона пурра аз фаъолият намондааст. — Чор нафар фаъолият мекунанд. Музди маош дар як моҳ 300 — 350 сомониро ташкил медиҳад. Он худмаблағгузор буда, танҳо дар сурати муштарӣ пайдо шудан, метавонем маоши кормандонро пардохт намоем. Бинобар корношоям гардидани дастгоҳҳои чоп, рӯзномаву маҷаллаҳоро чоп карда наметавонем. Танҳо бланка ва журнал мебарорем, — гуфт ӯ.

davД. Мирзоев зикр кард, ки агар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ё соҳибкори муваффақе барои харидорӣ кардани дастгоҳи чоп кумак расонад, шояд фаъолияти мунтазамро ба роҳ мондан мункин гардад.

- Аз фаъолият мондани матбааи Кӯлоб­ро медонам. Аз дасти мо ҳеҷ чиз намеояд. Намедонам, ки ҳоло роҳбараш кӣ ҳасту дар он чанд корманд фаъолият мекунанд. Аз рӯзе, ки ба вазифаи мудири бахши фарҳанг дар минтақаи Кӯлоб таъин гардидам, боре надидаам, ки роҳбарияти матбаа маълумот ё ҳисобот диҳад, — гуфт мудири бахши фарҳанг дар минтақаи Кӯлоб Абдураҳим Одинаев.

Мудири бахши табъу нашри Раёсати фарҳанг дар вилояти Хатлон Назира Розиқова мегӯяд, ки дар бораи матбааи Кӯлоб ягон маълумот надорад, зеро чанд рӯз пеш ба ин вазифа таъин гардидааст.

Магар айб нест, ки шаҳри Кӯлоб дар ҷумҳурӣ аз ҷиҳати теъдоди аҳолӣ сеюмин ба шумор раваду ягон соҳибкори муваффақ қудрати дубора ба кор андохтани матбааи онро надош­та бошад?

Шояд баъди нашри ин мақола раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон матбааро дубора ба кор андозанд. Зеро мегӯянд, ки ӯ ободкору навовар аст.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»