Оғози тантанаҳои наврӯзӣ

№27-28 (3173-3174) 20.03.2014

Навруз

19 марти соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи чанд иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Душанбе ба тантанаҳои созандагии вобаста ба Иди байналмилалии Наврӯз ҳусни оғоз бахшид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, онро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре аён гардид, бинои нави ин мактаб бо тарҳи хеле зебои замонавӣ ва беҳтарин шароити таълимӣ барои 2700 хонанда дар 2 баст бо харҷи 29 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст.

Мактаб аз 5 бинои таълимӣ, ки сетоаш чорошёна, яке сеошёна ва панҷумаш дуошёна мебошад, иборат аст.

Дар ин биноҳо 65 синфхона, аз ҷумла 2 утоқи методӣ, 4 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои физика, кимиё, биология ва 2 утоқ барои озмоишгарон, 4 синфхонаи компютерию лингофонӣ бо 102 компютер, 4 синфхонаи технология ва ҳунаромӯзӣ, синфхонаи санъати тасвирӣ, синфи хореографӣ, китобхонаи замонавӣ, толори китобхонӣ, толори маҷлисӣ бо 272 ҷойи нишаст ва синфхонаҳои дигари таълимӣ мавҷуданд.

Илова бар ин, мактаб дорои бинои маҷмааи махсуси варзишӣ мебошад, ки он аз ҳавзи шиноварӣ (25х11 м.), толори универсалии варзишӣ (15х24 м.), толор барои тенниси рӯйи миз ва ошхона бо 192 ҷойи нишаст иборат аст.

Мактаб, ҳамчунин дорои 2 утоқи тиббӣ, анбори ашёи айёнию техникӣ, майдони калони варзишӣ ва бунгоҳи алоҳидаи барқӣ мебошад.

Дар саҳни ҳавлии мактаб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорону хонандагони он ва масъулини ҷумҳуриявию шаҳрии соҳаи маориф суханронӣ намуда, онҳоро ба истифодаи босамар аз шароити муосир, ки ҳоло дар муассисаҳои таълимии кишвар муҳайё мегардад, даъват намуд. Таъкид гардид, ки ба ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумат насли навраси кишвар бояд бо хониши хубу аъло, аз худ намудани илму техникаи муосир ва мутахассисони кордон шудан посух диҳанд.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаи «Шамсӣ»-и ноҳияи Синои пойтахт ташриф оварда, бинои маъмурии нозироти андозсупорандагони калон ва миёнаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре зикр гардид, ин бинои зебои панҷошёна бо харҷи 16,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо 27 утоқи корӣ, дигар утоқҳо ва толори маҷлисӣ барои ду сохтори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Дар ин бино тамоми шароити зарурӣ барои таъмини кор аз тариқи «Равзанаи ягона» ва қабули эъломияҳои андозсупорандагон ба тариқи электронӣ мавҷуд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кормандони ин сохторҳои Кумитаи андозро бо ифтитоҳи бинои нав ва ҳам фарорасии айёми Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфта, онҳоро ҳамзамон ба хизмати софдилонаю содиқона ва бенуқсон ҳидоят намуд.

Дар хиёбони «Сино»-и пойтахт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони 10 бинои аз 16 то 18-ошёна шинос шуд. Тавре зикр гардид, дар ин биноҳои бисёрошёна, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Манзили дастрас» бунёд меёбад, 900 оила соҳиби хона мешаванд.

Азбаски ин хонаҳо, асосан барои оилаҳои ҷавон ва кормандони муассисаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд, 500 адади он якҳуҷрагӣ ва 300 ададаш дуҳуҷрагӣ мешаванд. 94 хона сеҳуҷрагӣ ва танҳо 6 хона чорҳуҷрагӣ хоҳад буд.

Дар сохтмони ин биноҳо беш аз 300 нафар бинокорон соҳиби кор ва маоши миёнаи 1500 сомонӣ шудаанд. Сохтмони биноҳо, тибқи нақша бояд то моҳи сентябри соли 2015 ба анҷом расад.

Ҷойи таъкид аст, ки сохтмони ин биноҳо бо маблағҳои пешпардохти соҳибони ояндаи хонаҳо ба роҳ монда мешавад. Тавре иттилоъ доданд, тамоюли иштироки аҳолӣ дар маблағгузории сохтмони биноҳои истиқоматӣ рӯй ба афзоиш овардааст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо лоиҳаҳои сершумори биноҳои дигари дар шаҳри Душанбе сохташаванда ва барои оянда пешниҳодгардида шинос шуд.

Чунонки аён гардид, ҳоло дар тамоми гӯшаю канори шаҳри Душанбе биноҳои муосири зебою боҳашамати истиқоматӣ, маъмурӣ ва дорои таъиноти дигар бунёд меёбанд. Аз ҷумла, худи ҳамин сол дар пойтахт 44 майдончаи варзишӣ бунёд ёфта, 24 км роҳҳо навсозӣ мешаванд. Барои васеъ ба роҳ мондани дӯхти либосҳои мактабӣ ва корӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон» бунёд меёбад, ки дар як басти он беш аз 500 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар кӯчаи «Соҳилӣ»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 2 бинои 12-ошёнаи дорои 150 хона мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, аксари хонаҳои ин биноҳо, ки аз категорияи манзили дастрас ба шумор мераванд, якҳуҷрагию дуҳуҷрагӣ ва қисмати камаш сеҳуҷрагӣ мебошанд.

Калиди яке аз ин хонаҳо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони хуштолеи он тақдим карда шуд.

Саҳни ҳавлии ин биноҳо ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай ба таври идона ороста шуд ва мавриди истифода қарор гирифтани ин бинои зебои бисёрошёна, ки бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ба як базми шодию тараби наврӯзӣ табдил ёфт.

www.president.tj