Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар шаҳри Душанбе
19 марти соли 2014
Омӯзгорони муҳтарам ва толибилмони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз дар остонаи соли нави аҷдодии тоҷикон — Наврӯз бо риояи суннатҳои неки халқи созандаамон ба фаъолияти боз як макони илму маърифат, яъне мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ҳусни ифтитоҳ бахшидем.
Бинобар ин, ҳамаи устодону шогирдон, падару модарон ва ҳозирини арҷмандро, пеш аз ҳама, ба ифтихори фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ ва ба муносибати ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ табрик гуфта, ба шогирдони ин боргоҳи маърифат хониши хубу аъло, одоби ҳамида ва хушбахтиву тансиҳатӣ орзумандам.
Ҳамчунин ба муҳандисону бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки дар як муддати кӯтоҳ чунин иншооти зебову муҷаҳҳазро сохта, ба наслҳои ояндасози халқамон туҳфаи арзандаи идона муҳайё карданд, изҳори сипос менамоям.
Бунёди мактабҳои замонавӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизоти муосири таълимиву иттилоотӣ ва барномаҳои таълимӣ ба болоравии сатҳи маърифату тафаккури хонандагон, инкишофи завқу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон, инчунин рушди қобилияти эҷодкорӣ ва ҷӯяндагии онҳо мусоидат мекунанд.
Ифтитоҳ гардидани мактаби имрӯзаи замонавӣ маҳз ба хотири амалӣ шудани ҳамин ҳадафу ниятҳо буда, шумо, фарзандони азиз, бояд аз чунин имкониятҳои мусоиди фароҳамсохтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат самаранок истифода намоед.
Иншооти мазкур бо харҷи қариб 30 миллион сомонӣ маблағҳои Буҷети давлатӣ барои 2700 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд шуда, дорои 5 бинои таълимӣ, як бинои махсусгардонидашуда, 63 синфхона, инчунин толорҳои муҷаҳҳази варзишиву фарҳангӣ ва китобхона мебошад.
Бинои мактаб аз ҳуҷраҳои барҳавои маъмурӣ, утоқҳои методӣ, синфхонаҳои фаннӣ ва компютериву лингофонӣ, ки дар онҳо зиёда аз 100 компютери муосир насб шудааст, омодаи қабули хонандагон мебошад.
Тавре ки мебинед, мактаб бо тарҳи муосири меъморӣ ва таҷҳизоти ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардида, дар он тамоми шароиту имкониятҳо барои ба таҳсил фаро гирифтани собиқ хонандагони мактаби рақами 8 ва толибилмони мактаби ибтидоии рақами 14-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳайё карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳоло дар муассисаҳои таълимии навбунёди пойтахт, бахусус дар гимназияҳо ҷараёни равиябандии фаъолият аз рӯйи завқу истеъдоди хонандагон идома дошта, мактабҳои самти таҳсилоташон риёзиву табиӣ ва кор бо технологияҳои иттилоотиву омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаъол шуда истодаанд, ки хонандагон ба онҳо аз тариқи озмун қабул карда мешаванд.
Дар назар аст, ки дар муассисаи таълимии ифтитоҳшуда низ равияи риёзиву табиӣ ва забономӯзӣ, бахусус забони русӣ ҷорӣ карда шуда, таваҷҷуҳи хонандагон бештар барои азхудкунии асосҳои техникаву технологияҳои навин ва дигар фанҳои дақиқ ҷалб карда мешавад.
Забони таълим дар ин муассисаи навтаъсис тоҷикӣ ва русӣ буда, тибқи барномаи таълимӣ 29 фоизи хонандагон дар синфҳои тоҷикӣ ва 71 фоиз дар синфҳои русӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русиву англисӣ дар мактаби мазкур ва дигар муассисаҳои таълимии пойтахт лозим аст, ки тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар иртибот ба ин, Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои масъули омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ, марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва марказҳои такмили ихтисоси муаллимон вазифадор карда мешаванд, ки дар доираи талаботи Фармони Президенти мамлакат доир ба густариш додани омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар самти омода намудани омӯзгорони забонҳои хориҷӣ барои тамоми мактабҳои кишвар чораҳои дахлдор андешанд.
Солҳои охир ҷудо намудани маблағҳо барои рушди инфрасохтори соҳаи маорифи мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе аз ҳисоби Буҷети давлатӣ мунтазам зиёд шуда, имсол ҳаҷми он 226 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки назар ба соли гузашта 34 фоиз зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки раванди сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва зиёд намудани теъдоди ҷойҳои нишаст дар шаҳри Душанбе минбаъд низ вусъат ёфта, тибқи нақша то охири соли ҷорӣ таъмиру азнавсозии боз панҷ мактаби таҳсилоти умумӣ анҷом дода мешавад.
Тадбирҳои мазкур барои мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ҳамчун омили муҳими беҳсозии сифати таҳсилот ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат дар ин самт тадбирҳои доимиро роҳандозӣ карда истодааст.
Дар раванди ислоҳоти соҳаи маориф, бахусус аз соли 2004 то инҷониб дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дастгириҳои давлатӣ ва ҷалби соҳибкорон мактабҳои типи нав, гимназияҳои хусусӣ, мактаби Президентӣ, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат, Мактаби байналмилалӣ бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии таълиму тарбия сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки дар давоми солҳои 1996-2013-ум дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе қариб 34 ҳазор ҷойи нишасти иловагӣ муҳайё карда шудааст, ки дар натиҷа имрӯз шумораи умумии ҷойҳои нишаст ба шумули мактаби имрӯза беш аз 112 ҳазорро ташкил мекунад.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки дар зарфи даҳ соли татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф шумораи ҷойҳои нишасти дар шаҳри Душанбе муҳайёгардида ҳар сол ба ҳисоби миёна 3400 ададро ташкил додааст.
Тибқи таҳлилҳо дар тамоми давраи фаъолияти мактабҳои замони шӯравӣ дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 75 ҳазор ҷойи нишаст таъсис дода шудааст.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар доираи меъёрҳои Конститутсияи кишвар ҷиҳати гирифтани таҳсилоти миёнаи ҳатмии шаҳрвандон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида истодааст.
Вале бояд гуфт, ки сарфи назар аз фаъолияти теъдоди зиёди мактабҳои хусусӣ, беш аз 90 фоизи хонандагон дар таълимгоҳҳои давлатӣ таҳсил менамоянд.
Бинобар ин, зарур аст, ки ҷиҳати таъмини рақобати солим байни мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар самти беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва амалигардонии усулу барномаҳои инноватсионии таълим дар мактабҳои кишвар, сарфи назар аз шакли фаъолияташон, чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар ин самт бояд фаъолияти мактабҳои хусусӣ ва гимназияҳои навтаъсис тақвият дода шуда, масъулияти онҳо ҷиҳати ворид шудан ба усулҳои инноватсионии таълим баланд бардошта шавад.
Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки дар заминаи ду мактаби беҳтарини пойтахт ба таври санҷиш усули фаъоли таълимро ҷорӣ намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Ҳамкории мактабу оила ва ҷомеа бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки он барои беҳбудии сатҳу сифати таълиму тарбияи фарзандон, ҷалби ҳар чӣ бештари падару модарон ба раванди таълим, тақвияти корҳои тарбиявӣ, инчунин ба низом даровардани ҷалбу харҷи маблағҳои ғайрибуҷетӣ ҷиҳати фаъолияти муътадили муассисаҳои таълимӣ мусоидат намояд.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе қариб 150 муассисаи таълимии замонавӣ амал менамояд, ки нақши онҳо дар беҳтар шудани сатҳу сифати таълим, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ назаррас мебошад.
Толибилмони муассисаҳои таълимии пойтахт дар озмунҳои фаннии дохиливу байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби садҳо медалу ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, ки ин, албатта, натиҷаи саъю кӯшиши хонандагон, заҳмати омӯзгорон ва ҳамкории хуби падару модарон бо мактаб мебошад.
Ҳамзамон бо ин, айни замон дар муассисаҳои таълимии пойтахт шароити мусоид барои дастрасӣ ба иттилооти замонавӣ тавассути насби технологияҳои пешқадам ташкил карда шуда, синфхона ва утоқҳои касбу ҳунаромӯзӣ зина ба зина бо ашёву лавозимот ва технологияҳои ҳозиразамон ҷиҳозонида мешаванд.
Вазъи иҷрои Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нишон медиҳад, ки ба ҳолати 1- уми январи соли 2014 муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт бо 3500 адад компютер таъмин буда, иҷрои Барнома 84 фоизро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин, ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки ҷиҳати то оғози соли нави таҳсил иҷро намудани Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт чораҷӯйӣ намояд.
Вобаста ба вазъи корҳои тарбиявӣ ва риояи қоидаҳои одобу ахлоқ аз ҷониби хонандагони мактабҳо мехоҳам махсус зикр намоям, ки вақтҳои охир дар байни хонандагони пойтахт баъзе тамоюлҳои манфӣ, аз ҷумла ба қонуншиканӣ ва ҳатто ба ҷиноятҳои вазнин даст задани баъзе хонандагони мактабҳо мушоҳида мешаванд.
Бо дарназардошти ин ва ҳамчунин ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сохтору мақомоти дахлдор, падару модарон ва масъулони таълиму тарбияи наврасонро зарур аст, ки дар ин самт ҳамкории ҷиддӣ ва дастаҷамъонаро ба роҳ монанд.
Фарзандони азиз!
Мактаб ҳамчун макони сайқалдиҳандаи ақлу хирад ва махзани маънавиёти инсон дар оғӯши худ ҳазорон нобиғаҳои илму адабро ба камол расонида, ба инсоният доимо нури маърифат ато мекунад.
Ин аст, ки бузургони башар мактабро даргоҳи муқаддас хонда, таълиму тарбияи мақсадноки наврасону ҷавононро дар ин марҳалаи зиндагӣ ҳамчун таҳкурсии тарбияи инсони бохираду соҳибмаърифат арзёбӣ кардаанд.
Аз ин лиҳоз, ҳар як омӯзгор, мураббӣ, корманди соҳаи маориф, падару модарон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи сифатан нав ба ояндаи неки наврасону ҷавонон ва мақсаднок истифода намудани имкониятҳои фароҳамовардашуда масъулияти дучанд эҳсос намоянд.
Таъкид месозам, ки дар мактабҳои имрӯзаи мо тамоми шароити мусоиди таълиму тарбия барои фарзандон муҳайё мебошад ва мо ин равандро минбаъд низ пайгирӣ хоҳем кард.
Дар роҳи тарбияи инсони комил мо аз гузаштагони худ осори тарбиявии пурғановат ба мерос гирифтаем, ки панду андарзи онҳо дар ягон давру замон арзиши худро кам накарда, баръакс, дар ғанӣ гардидани афкори иҷтимоии башар саҳми шоиста гузоштаанд.
Аз ин рӯ, бо дарназардошти чунин имкониятҳои муносиб моро зарур аст, ки барои ба воя расонидани донишмандону нобиғаҳои нав кӯшиш кунем ва дар ин раванд нагузорем, ки дар зеҳни ҷавонону наврасони мо таъсири равияҳои ба фарҳанги мо бегона ва экстремистӣ роҳ ёбанд.
Муҳимтар аз ҳама, зарур аст, ки дар ҷараёни таълиму тадрис шогирдонро бояд ҳар чӣ бештар ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, азхудкунии техникаву технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, касбу ҳунарҳои муосир, инчунин ҳифзи тозагии забони зебову шоиронаи тоҷикӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, риояи одобу ахлоқи ҳамида ва эҳтироми калонсолон ташвиқу роҳнамоӣ кунем.
Дар боби азхудкунии фазилатҳои неки инсонӣ Имом Ғазолӣ нақши омӯзгорро бениҳоят бузург ҳисобида, мегӯяд, ки омӯзгор ва мураббӣ ҳамчун раҳнамои шогирдон дар навбати худ табиби қалби шогирдон мебошад. Ва омӯзгор то вақте ки ахлоқ ва амрози шогирдонро ба худ маълум накунад, аз кори анҷомдодааш набояд фориғбол гардад, ҳамон тавре ки табиб аз сиҳатии комили бемор итминон ҳосил мекунад.
Итминони комил дорам, ки ифтитоҳи иншооти таълимии имрӯза барои боз ҳам беҳтар шудани сифати таълиму тарбияи насли ҷавону дорои донишҳои муосир ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Бо чунин орзуҳои нек ва ниятҳои созанда бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ба истифода додани боз як боргоҳи маърифат табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, умри бобаракат, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хониши хубу аъло орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!