Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№155 (4261) 26.12.2020

50754252417_f1089b9744_o24 декабри соли 2020 дар ­ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳилаи дуюми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат текстайл»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он аз ҷониби Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Ваҳдат» ва Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» бо роҳбарии соҳибкорон Акбар Ғуломов ва Илҳом Мирзоев дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат маълумот доданд, ки бо амалишавии марҳилаи дуюм, дар корхонаи истеҳсоли ҷӯробҳо 120 дастгоҳи худкори бофанда, 10 дастгоҳи дӯзандаи нӯги ҷӯроб, 3 дастгоҳи дарзмол насб гардида, дар корхонаи истеҳсоли дастпӯшакҳо бошад, 2 дастгоҳи нақшофарии силикон ва 114 дастгоҳи худкори бофанда гузошта шуд. Инчунин, 120 адад дастгоҳи бофандаи ҷӯробҳо аз ширкатҳои пешқадами Италия, Туркия, Олмон ва Федератсияи Россия харидорӣ гардида, моҳҳои наздик ба корхона ворид карда мешаванд.

Фаъолсозии марҳилаи дуюми корхона иқтидори солонаи истеҳсолии «Ваҳдат текстайл»-ро афзоиш дода, аз 19 миллиону 200 ҳазор ба 34 миллион ҷуфт ҷӯроб расонид, ки ҳам барои қонеъсозии талаботи дохилии мамлакат ва ҳам ба афзоиши иқтидори содиротӣ мусоидат менамояд. Илова бар ин, имкон фароҳам омад, ки тавлиди номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ — дастпӯшҳои корӣ низ ба роҳ монда шавад. Инчунин, 100 нафар сокини маҳаллӣ пас аз курсҳои бозомӯзӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, дар маҷмӯъ, дар ду марҳила 400 нафар ба шуғл фаро гирифта шуданд.

Феълан, ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи корхона, дар баробари бозори ватанӣ, ҳамчунин, дар хориҷ аз кишвар низ харидор дорад. Хусусан, 95 фоизи маҳсулоти ҷамъият ба Россияву Қазоқистон ва Қирғизистон содирот карда мешавад. Айни замон Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини «Ваҳдат текстайл» истеҳсоли ҳама навъи ҷӯробро мувофиқ ба талаботи бозор, мавсим ва синну сол ба роҳ мондааст. Сифати баланду ороиши зебо имкон медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоии он дар дохилу хориҷ рақобатпазир бошад. Афзалияти дигари маҳсулоти корхона дар он аст, ки 80 фоизи таркиби ҷӯробҳои он пахтагин буда, тибқи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мегардад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи намоишии корхонаро, ки доимоамалкунанда мебошад аз назар гузаронида, ба сифати маҳсулот ва таҷҳизоти кории корхона баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва тавлиди номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ дар оянда низ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи якуми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини «Ваҳдат текстайл» моҳи январи соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

24 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ — ламинати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фирӯз бинокор»-ро ба истифода доданд.

Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Толибҷон Ҳомидов дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, феълан дар миқёси Осиёи Марказӣ ягона ва маҳсулоти он ивазкунандаи воридот мебошад. Истеҳсоли маҳсулот дар он тибқи талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба саломатии инсон безарар арзёбӣ мегардад. Илова бар ин, дар раванди истеҳсолот 70 дарсад аз ашёи хоми ватанӣ истифода гардида, партоб надорад.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори солонаи истеҳсолии корхона 90 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти сохтмонӣ буда, дар назар аст, ки дар оянда то ба 130-140 ҳазор метри мураббаъ расонида шавад. Ҳоло 10 навъи фаршҳои замонавӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол мегардад ва вобаста ба дархости мизоҷон имкони афзудани ҳаҷми истеҳсолот мавҷуд аст. Инчунин, дар асоси нақша бо ворид намудани дастгоҳҳои нав иқтидори истеҳсолӣ боз ҳам афзоиш ёфта, ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар корхонаи муосири саноатӣ ба иқдоми соҳибкори ватанӣ Толибҷон Ҳомидов барои саҳм гузоштан дар таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти сохтмонии ба саломатӣ беза­рар баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, ба масъулон дастур доданд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат аз иқтидори мавҷуда бештар истифода баранд.

24 декабри соли 2020 дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи коркарди санг­ҳои ороишӣ ва ҷилодори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асрори санг»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои корхона аз се ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Далер Шарифӣ бо тарҳи муосир бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар он зиёда аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ, ки аксариятро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кору маоши хуб таъмин шудаанд.

Зикр гардид, ки таҷҳизоти коркарди сангҳои ороишӣ ва ҷилодор аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Олмон ворид шуда, аз сангҳои табиии Тоҷикистон беш аз 100 намуди маҳсулот, аз ҷумла муҳра, гарданбанд, дастмона, гӯшвор, шамъдон, гулдон, ҷиҳози рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ истеҳсол карда мешаванд, ки дар онҳо таърих, фарҳанг, расму оин ва маданияти миллати тоҷик тасвир ёфтааст.

Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 60 ҳазор адад маҳсулот буда, марҳила ба марҳила бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ ин нишондод зиёд мегардад. Маҳсулоти корхона бо дарназардошти талаботу стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол гардида, дар дохил ва хориҷи мамлакат харидор дорад, хусусан ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Аврупо содирот мешавад. Инчунин, дар шаҳри Душанбе ду мағозаи фирмавии корхона ба фаъолият оғоз кардааст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки оянда бо ворид намудани технологияи нав аз Ветнам коргоҳи дӯхти либосҳои варзишӣ низ фаъолиятро ба роҳ монда, 50 нафари дигар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини корхонаро ба таъсиси ҷойҳои нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ба рақобат тобовар ҷалб намуда, иқдоми соҳибкори ватаниро дар доираи эълони «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

 24 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳурия»-ро ифтитоҳ намуданд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос машғул аст.

Онро соҳибкори инфиродӣ Расул Мансуров дар масоҳати 0,34 гектар бунёд карда, ҳар мавсим 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Таҷҳизот ва хатҳои истеҳсолии яхмос аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳои аврупоӣ ворид шуда, технологияи навтарин мебошанд ва имкон медиҳанд, ки сифат ва тамъу лаззати маҳсулот ба талаботи санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ бошад. Дар мавсими навбатӣ маҳсулоти босифати корхона аллакай дастраси истеъмолкунандагон мегардад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ашёи хом, аз ҷумла шир, аз хоҷагиву фермаҳои чорводорӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дастрас гардида, ба хотири таъмини бехатарӣ, маҳсулоти корхона ҳар моҳ ду маротиба аз санҷиши сифат гузаронида мешавад.

Маҳсулоти «Ҳурия» бо бренди «Сардиҳои Тоҷикистон» истеҳсол шуда, бештар аз 30 намудро дар бар мегирад. Ба хотири дастрас кардани маҳсулоти истеҳсолии корхона ба мизоҷон чор адад автомашинаи махсус харидорӣ гардидааст.

Тавре маълум аст, дар пойтахти мамлакат коргоҳу сехҳои хурду миёнаи истеҳсоли яхмос хеле зиёданд ва дар бозори истеъмолӣ рақобат низ вуҷуд дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон маслиҳат доданд, ки ба сифат ва тамъи маҳсулот аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Ободонию зебо гардонидани гирду атрофи бинои корхона аз маслиҳатҳои дигари Пешвои миллат буд, ки ба соҳибкорон дода шуд.

 24 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи истеҳсоли равғани пахтаро мавриди истифода қарор доданд, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе воқеъ гардида, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳдӣ Каримов дар муҳлати кӯтоҳ таъсис ёфтааст. 

Он бо мақсади дастрасии аҳолии пойтахт бо маҳсулоти ватанӣ ва саҳми соҳибкор дар фаровонии маҳсулоти ивазкунандаи воридот бунёд шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи истеҳсоли равғани пахта дар як шабонарӯз 10 тонна чигитро коркард менамояд ва дар он 30 нафар бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.

Ашёи хом барои истеҳсоли равғани пахта дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас мегардад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона сифати баланд дошта, дар бозори дохилӣ талабот ба он зиёд аст. Масъулони корхонаи истеҳсоли равғани пахта азм доранд, ки иловатан бо насби хати нави технологӣ иқтидори истеҳсолиро зиёд намуда, коркарди чигитро дар як шабонарӯз ба бештар аз 20 тонна расонанд.

Аснои шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дастур доданд, ки ба сифат ва рақобатпазирии он диққати зарурӣ диҳанд.

 24 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодиро мавриди истифода қарор доданд.

Он дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар масоҳати 0,32 гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ёқуб Шарафов бунёд шуда, таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш 35 нафар сокини пойтахт соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Дар корхона асосан чор навъи макарон омода мешавад ва имкон дорад, ки рӯзона то 4 тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Иқтидори солонаи корхона 2100 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми неки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони бонангу номуси кишвар ҷиҳати дастгирии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати саноатикунонии он баҳои баланд дода, коргаронро ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир даъват карданд.

Қобили зикр аст, ки минтақаи саноатии шаҳри Душанбе аз ҷумлаи тарҳҳои дорои аҳамияти муҳим дар самти бештар намудани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор рафта, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, корҳои созандагӣ дар он зери назорати пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе 20 сентябри соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ гузошта шуд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нишондодҳо дар ин самт, дар кӯчаи Зебуннисои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бунёди бархе аз корхонаҳои истеҳсолӣ идома дорад, ки дар ин замина, бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани сокинон ва беҳбудии сатҳи зиндагии онҳо дар назар дошта шудааст.

50754308167_bb16affdae_o24 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари «Стоун Сервис»-ро, ки калонтарин иншооти истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, ифтитоҳ карданд.

Он дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва дар заминаи иқдомоти созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шуда, қадами устувор дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Таҷҳизоти истеҳсолӣ, ки насли нави технология мебошанд, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тайванд ворид гардида, дар минтақа камназир ва барои нозуку пурҷило, инчунин, мувофиқ ба талаботи мизоҷон тарошидани сангҳои мармару хоро мусоид мебошад. Барои кор бо ин таҷҳизот теъдоди муайяни кормандону мутахассисон дар хориҷи кишвар ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Аксарияти дастгоҳҳо таҷҳизоти бисёрвазифавӣ буда, дар онҳо амалҳои гуногуни вобаста ба ороишоти санг анҷом дода мешаванд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки танҳо барои аз хориҷа ворид кардани маҳсулоти аз сангҳои мармару хоро омодашуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол зиёда аз 28 миллион доллар хароҷот мешавад. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар муҳлати то панҷ соли оянда бо мавриди коркарди васеъ қарор додани сангҳои маҳаллии Тоҷикистон, аз қабили мармар, хоро, гранит, травертӣ ва ғайраҳо талаботи бозори дохилӣ таъмин шуда, тавассути афзоиш додани иқтидори содиротӣ эҳтиёҷоти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо чунин маҳсулот пурра бароварда мешавад.

Иқтидори солонаи корхона 150 ҳазор метри мураббаъ санги ороишиву сохтмониро ташкил дода, дар он зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз қабили тахтасангҳои ороишӣ аз мармар ва хоро, зинапояҳои сангин, сафолакҳои гуногун аз хоро (баляска), тобаҳои ороишӣ, сутун ва шоҳсутунҳо, сангҳо бо ороиши бадеӣ ва ғайра истеҳсол карда мешавад.

Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари «Стоун Сервис» аз ду коргоҳи алоҳидаи коркарди санги хоро ва мармар иборат буда, вобаста ба талаботи бозори дохилӣ бунёд гардида, 150 нафарро бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифтааст. Маҳсулоти корхона, ки асосан дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол мегардад, ивазкунандаи воридот аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити корхона, ки дар муддати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, иқдоми соҳибкорони маҳаллиро ҷиҳати саҳмгузории бештар дар шукуфоии Ватан муассир арзёбӣ карда, ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо барои татбиқи ҳадафҳои вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат муфид хонданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона имкон медиҳад, ки сангҳои табиӣ дар шаклу андозаҳои гуногун коркарду омода шуда, бо ороиши ҷолиб зинатбахши бинову иншооти таъиноти гуногун бошанд.

Инчунин, он рӯз дар дохили корхонаи коркарди сангҳои мармару хоро коргоҳи истеҳсоли қубурҳои ҳавогузаронӣ аз варақаҳои рӯҳандуд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар он бо шаклу тарҳ ва андозаҳои  гуногун тавассути дастгоҳу таҷҳизоти пешрафта қубурҳои ҳавогузаронӣ барои иншооти азим истеҳсол мешаванд. Бояд гуфт, ки то ин замон воридоти ин навъи маҳсулот аз хориҷа сурат мегирифт ва арзиши баланд дошт. Акнун фармоишгарон метавонанд мутобиқ ба стандарт ва ҳаҷму андоза қубурҳои ҳавогузарониро осонтар дастрас намоянд. Дар коргоҳ 20 нафар мутахассисон бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар умум, танҳо аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Строй комплекс» 170 ҷойи кор барои шаҳрвандон муҳайё гардид. Зимнан, роҳбарияти ширкат тасмим доранд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда корхонаи истеҳсоли серанитро дар шаҳри Душанбе бунёд кунанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти  ширкати «Строй комплекс» дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолӣ таваҷҷуҳи махсус равона карда, ҳаҷми истеҳсолотро вобаста ба талаботи бозорҳои дохиливу минтақавӣ афзоиш диҳанд.

www.president.tj