Дар асоси натиҷагирии назарсанҷии хабарнигорони соҳаи варзиши ҷумҳурӣ, Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2020-ро муайян кард.
Онҳо боксчиён, дорандагони роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2021 Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев, самбочиён, ҷоизадорони мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербия-Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва Комроншоҳи Устопириён, намояндагони гуштини тарзи озод Ҳикматулло Воҳидов, Муҳаммад Икромов ва Искандари Рустам, гуштини тарзи юнониву румӣ Мубинҷон Аҳмадов ва таэквондо (WT) Муниса Ойматова мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки боксчиён Б. Усмонов ва Ш. Неъматуллоев дар мусобиқаи интихобии минтақаи Осиё/Уқёнус (Урдун), дар вазнҳои 63 ва 81 кило соҳиби роҳхати олимпӣ гардида, гуштингирони тарзи озод Ҳ. Воҳидов, М. Икромов, И. Рустам ва гуштингири тарзи юнониву румӣ М. Аҳмадов дар Чемпионати Осиё дар Ҳиндустон мутаносибан дар вазнҳои 57, 61, 97 ва 63 кило соҳиби медал гардиданд. Таэквондочӣ М.Ойматова медали тиллои мусобиқаи байналмилалии Fujairah Open G2-ро дар Амороти Муттаҳидаи Араб, дар вазни 49 кило ба даст овард.
- Тавре маълум аст, ба далели пандемияи коронавирус Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мавқуф гузошта шуд. Инчунин, бисёре аз бозиҳои ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ бекор ва ё ба соли 2021 гузаронида шуданд. Аз ин рӯ, варзишгарони тоҷик натавонистанд дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳониву қитъавӣ бештар иштирок дошта бошанд, — изҳор намуд раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»