Парлумон нест ҷои шӯхиву бозӣ,
Парлумон қонун асту навсозӣ.
Эй хуш он парлумон, ки соли нав,
Миллат аз кори вай бувад розӣ.
Ба раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин:
Соли нав соли хушиҳои фаровон мешавад,
Меравад «COVID» зи мову ёр хандон мешавад.
Насриддинзода ҳимоят мекунад аз ҳаққи мо,
Соли нав соли дурахши бахти инсон мешавад.
Ба раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам:
Мешавад дар Соли нав хуштар ҳаёт,
Амният бар одамон орад субот.
Шоҳмурод Рустам бигӯяд бо далел,
Рушд меорад ба мардум тартибот.
Ба раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ:
Ин сӯ бувад эътимод, он сӯ бувад эътимод,
Эътимод бар депутат, яъне бувад эътиқод.
Соли нав барор хоҳем бар Машраби Файзулло,
Дороӣ афзун шавад, равнақ ёбад иқтисод.
Ба раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот:
Тоҷикистон сарзамини кӯҳсору камзамин,
Лек монанди биҳишт он дилрабову нозанин.
Чун Латифзода бувад вобаста бар обу замин,
То абад ҳастем мо бар кори хубаш мутмаин.
Ба раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад:
«Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам»,
Анису мӯнис андар парлумонам.
Ба Фаттоҳзода арзамро расонед,
Ки ман бе журналистон нотавонам.
Ба раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба Нуруллозода:
Мардуми бо илму дониш ҳам бафарҳангем мо,
Миллати хосему бо хосон ҳамсангем мо.
Бо Насиба Содиқӣ дар курсии фарҳангу илм,
Дар ду олам дӯстон, ҳаргиз намелангем мо.
Ба раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Тағойзода Сумангул Саид:
Соли нав дилҳои мо равшан зи машъал мешавад,
Тандурустӣ баҳри мо дар ҷои аввал мешавад.
Мешавад ободтар ҳар хонаву деҳоту шаҳр,
Бо Тағойзода Сумангул кор афзал мешавад.
Ба раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор:
Шуҳрати олам шуда номусу нангу ори мо,
Давлати озодаву ҳам раҳбари ғамхори мо.
Он, ки Холиқзода мегӯяд сухан дар парлумон,
Сохтори давлатӣ, яъне дили бедори мо.
Ба раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло:
Бо саноат мулк ободон шавад,
Сохтмон бо ҳиммати мардон шавад.
Кош Амонулло бигӯяд, Соли нав,
Нархи барқу хона ҳам арзон шавад.
Ба раиси Комиссияи экологӣ Юсуфӣ Муҳаммадраҳим:
Муҳити мо агар ки пок бошад,
Саодат то дили афлок бошад.
Юсуфӣ чун раиси экалогӣ,
Далеру чобуку чолок бошад.
Ба раиси Комиссия оид ба одоби вакилон Баротзода Файзулло:
Депутат аз куҷо тараб дорад,
Мекунад кору кай ғанаб дорад.
Шуд Баротзода Саъдии сонӣ,
Парлумон соати адаб дорад.
Ба раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ:
Мо ба Ҷамшед Муртазозода, ки дорем эътимод,
Чашми бад аз хонаву аз курсии ӯ дур бод.
Он қадар пурбор кори ӯ бувад дар парлумон,
Гул кунад дар соли нав ҳам молия ҳам иқтисод.