Ҳамасола бо фаро расидани фасли баҳор, миллати тоҷик, чун анъана барои ҳифзи суннатҳои неки наврӯзӣ, дастаҷамъона ба расму анъаноти ин ид арҷгузорӣ менамоянд.
Дар ноҳияи Ҳисор, чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳамасола барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи Аҷам чорабиниҳои гуногун, аз қабили мусобиқоти гуногуни варзишӣ, гӯштигирӣ дар сатҳи баланд доир мегардад. Сокинони деҳнишини ноҳия дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашн бо дастархони идона ва рӯҳияи наврӯзӣ бо шириниву кулча, суманаку меваҳои хушк ба майдони ҷашнгоҳи маҳал меоянд. Дар бештари ҳолат чорабиниҳои наврӯзӣ бо ҷамъи мардум дар наздики мактаб, масҷиди маҳалла, майдончаҳои варзишӣ ва ё канори рӯдҳо гузаронида мешавад.
Яке аз таомҳое, ки байни сокинони Ҳисор маъмул аст, ин омода намудани гандумкӯча мебошад, ки кадбонуҳои хона ғалладонаро дар ҳован (уғурак) андохта, онро мекӯбанд ва сипас бо иловаи нахӯд ва лӯбиё онро пухта, барои тановул ин навъи беҳтарини таоми мавсимиро рӯйи суфраи баҳории идона мегузоранд. Чунин анъанаи наврӯзӣ бо дигар намуди ғизоҳо ва таомҳои лазизи қадима ҳанӯз миёни мардум роиҷ аст.
То кунун дар байни сокинони ин минтақа аслан онҳое, ки дар мавзеъҳои кӯҳистон сукунат доранд, яке аз суннатҳои қадимӣ маросиме бо номи «ҷуфтбаророн»-ро ҳамчун анъана бо омад-омади баҳор доир менамоянд.
Анъанаи мазкур бештар аз ҷониби «Бобои деҳқон» амалӣ ва ҳифз шудааст, ки онҳо ба тани барзаговҳо сипору юғро маҳкам баста, аз неруи ҳайвони хонагӣ барои ҷуфт намудани замин истифода мебаранд. Пас аз нарм шудани замин донаи умедро ба замин мекоштанд. То кунун дар аксар мавзеъҳои ҷумҳурӣ, ки роҳҳои душворгузар доранд ва аз қувваи техника истифода бурда намешавад, мардум аз қувваи чунин ҳайвони хонагӣ истифода мебаранд. Бо гузашти замонҳо маъруфияти чунин расму анъанот байни мардуми рустоҳо тадриҷан камранг гардида, аз байн рафта истодааст.
Воқеан, Наврӯз қадимтарин идест, ки бо таърихи беш аз шашҳазорсолааш дар олам мақоми хоса пайдо намудааст. Ин ид, ки бозгӯяндаи баробарии рӯзу шаб ва рамзи пирӯзии гармо бар сармо аст, ба воситаи наслҳо аз қадим то имрӯз ба мо боқӣ мондааст.
Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»