Хусусиятҳои хоси Наврӯзи Исфара ва Истаравшан

№29 (3175) 21.03.2014

навруз3

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ хос таҷлил мегардад. Хабарнигори мо дар вилояти Суғд ба хусусиятҳои хоси ҷашнгирии Наврӯз дар шаҳрҳои қадимаи вилоят — Исфара ва Истаравшан таваҷҷуҳ намуд. 

Бо ҳидоят ва раҳнамоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷашнгирии ин иди бошукӯҳи миллӣ дар мамлакатамон тадбирҳои зиёд амалӣ шуда, анъанаҳои наврӯзӣ, урфу одат ва оинҳои миллиамон эҳё гардиданд.

Расму оинҳои наврӯзии Исфара, чун табиати зебоманзари он, басо рангину ҷолиб буда, хусусиятҳои хоси таърихиро дорост. Яке аз ҷашнҳои хосаи наврӯзии мардуми ин марзи аҷдодӣ бо номи «Сайри гули лола» маъруф аст. Омодагӣ ба ҷашн, таъини сайргоҳ, интихоби мавзеъ, гирдоварии лола барои ороиш, омодагии мардум бо либоси идона, ороиши дарахтон, нақшгӯӣ ва сурудхонӣ, идомаи ҷашн дар боғоти бузург, оростани зиёфат, намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби ҳофизон, ҳазлгӯён, масхарабозон, гӯштигирон муҳтавои аслии «Сайри гули лола»-ро фаро мегиранд.

Ба гуфтаи донишманди равоншод Лутфулло Бузургзода, дар ин ҷашн аз тамоми водии Фарғона меҳмонон ширкат меварзиданд.

«Сайри гули лола» бо шаъну шукӯҳ дар мавзеи аз шаҳр беруни Лангари моҳиёни деҳаи Чоркӯҳ низ баргузор мегардид.

Маҳз бо таъсири амиқ ва илҳом аз ин ҷашни халқӣ асари мусиқии «Лола»-и Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ офарида шудааст.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар  нақшгӯйии ҷашни «Сайри гули лола» 500-600 нафар ширкат варзида, дар ҳавои оҳанги «Уфор»-и он ҷавонон рақс мекарданд. Ҳамчунин ҳофизон як, ду ё сенафарӣ «Ашӯлаи калон»-ро бо табақчаҳо месароиданд, ки он 10-15 дақиқа идома меёфт.

«Бойчечакгӯйии бачагон, суманакпазию таронаҳои наврӯзисароиҳои занону духтарон, ороиши дастурхони идона бо «ҳафтсин»-у «ҳафтшин», баргузории мусобиқоти гуногуни варзишӣ, аз қабили гӯштигирӣ, кабкҷангу хурӯсҷанг, байтбараку аскиягӯйӣ, бодпаракпарронӣ ва амсоли инҳо зеббахши чорабиниҳои наврӯзии Исфара маҳсуб меёбанд.

Аёдати пирону беморон аз ҷумлаи анъанаҳои хуби наврӯзӣ аст, ки алҳол ба ҳукми анъана даромадааст.

Наврӯзи оламафрӯзро низ чун яке аз анъанаҳои дерини халқамон мардуми сарбаланди шаҳри Истаравшан аз замонҳои пайдоишаш то ба имрӯз ҳамеша таҷлил мекарданд.

Дар Истаравшан ин иди бошукӯҳ, чун дар бисёр минтақаҳои Суғди бостонӣ бо унвони «Иди сари сол» маъруф буд ва онро мардум хеле азизу мукаррам медоштанд. Дар ин қаламрав Наврӯзи ҳуҷастафолро «Наврӯзи кишоварзон» низ меномиданд. Боиси зикри хос аст, ки имрӯз ҳам мардуми бошарафи Истаравшан ин ҷашни бузурги аҷдодиро бо риояи тамоми анъанаву суннатҳои қадимиаш  таҷлил менамоянд.

Наврӯзгоҳи Истаравшан, ҷое ки мардум имрӯз низ ин иди аҷдодии хешро бо шодиву масаррат таҷлил менамоянд ва Муғтеппа ном дорад, таърихи хеле бою рангин дорад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи омодагиҳо ба тантанаҳои ҷашни 2500-солагии Истаравшан бо шарофату дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мавзеи таърихӣ аз нав эҳёву барқарор гардид.

Мардуми Истаравшан ба ин ҷашни байналмилалӣ аз оғози баҳори ҳуҷастапай омодагӣ мегиранд. Яке аз суннатҳои он «Гулгардонӣ» ва «Бойчечак» мебошад, ки аснои баргузории ин маросим писаракону духтаракон ба хонадони хешу табор, мардуми маҳали худ даромада, дар васфи бойчечак суруд хонда, аз омадани баҳори нозанин пайки шодбошӣ медиҳанд.

Сокинони ин хонаводаҳо баромада, бойчечакро бӯса мекунанд, ба чашмонашон мемоланд ва шукронаи ба баҳори нав расидан намуда, кӯдаконро дуои нек ва орзу мекунанд, ки Худованд ҳамагонро соли оянда низ ба баҳори нав расонад.

Сипас, барои расонидани муҷдаи баҳор ба кӯдакон кулчаву қанд ва шириниҳо ҳадя мекунанд. Суннати дигар ба муносибати ин ҷашни ҳуҷаста пухтани «Суманак» аст. Суманакро дастаҷамъӣ сабз мекунанд ва мувофиқи урфу одатҳои миллӣ, аз оғози шом бо сурудҳои наврӯзӣ то субҳи содиқ мепазанд, баъдан ба табақҳо, косаву пиёлаҳо  кашида, ба назди ҳозирин мегузоранду боқӣ ҳамаро барои ҳамдеҳагону ҳамсоягон тақсим менамоянд.

Дар Истаравшан аз қадимулайём баробари омад-омади ин иди муборак, мардум хонаҳоро тоза мекунанд, ки он «Хонабаророн» ном дорад. Баъдан деворҳоро сафед, ҷӯйборҳоро тоза ва шохҳои дарахтонро ба тартиб   медароранд.

Ҷойҳои истиқоматиро бо гулу сабза ва шамъҳои ранга зиннат медиҳанд, ба умеди он ки тамоми сол серию пурӣ шавад.

Ба як анъанаи маъмул дар байни ҷавонони ин диёри бостонӣ ранг кардани тухми мурғ ва тухмбозӣ, чиллаку лофбозӣ, бодбаракпарронӣ, ошуқбозӣ низ дохил мешаванд.

Ҳамзамон мусобиқаҳои бузкашӣ, аспдавонӣ ва гӯштии миллӣ баргузор мегарданд, ки ба онҳо паҳлавонон аз шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳуриамон низ даъват мешаванд.

Миёни гулдухтарони Истаравшан бошад, яке аз мусобиқоти идонаи маъмул ин «Ҳакалакбозӣ» мебошад. Як гурӯҳ гулдухтарони наврас бошанд, дар даст дойра бо замзамаи сурудҳои наврӯзӣ ба хонаҳои наварӯсон рафта, рақсу бозӣ ва хурсандиҳо мекунанд.

Истаравшаниҳо аз қадимулайём барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ҳашарҳои дастаҷамъӣ ташкил карда, ба ободӣ, сабзу хуррамгардонии табиат диққати ҷиддӣ медоданд.

Суннати дигари Наврӯз ёди гузаштагонро кардан, ба сари қабри хешу табор рафта, онро тозаю обод намудан ва гузашта аз ин, кинаю адоватро аз дилҳо берун карда, ба ҳамагон боз намудани оғӯши меҳру муҳаббат мебошад.

Дар ин айём мардум ба сайру саёҳат баромада, аз бӯйи хуши гулу сабзаҳои наврӯзӣ баҳра мебаранд. Оростани «ҳафтсин»-у «ҳафтшин» аз анъанаҳои қадимии наврӯзӣ дар Истаравшан ба ҳисоб меравад. Наврӯзгоҳи асосии мардуми ин диёри бостон ҷойҳои таърихии Муғтеппа, Талтеппа ва Калламанора ба ҳисоб мераванд. Инчунин дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар маҳаллаҳои шаҳр доир намудани «Иди кӯча» ва гузаронидани озмунҳо оид ба ҳунарҳои пазандагӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва ғайра дар байни занону духтарон ба ҳукми анъана даромадааст.

Намоиши гӯшаи табиати зинда, олами гулҳо, майдони маърифат (намоиши китоб, рӯзномаю маҷаллаҳо) ва ғайра, баргузор сохтани озмунҳои ҳунариву варзишӣ, намоиши фолклориву этнографии маросими тӯй ва суннатҳои он аз ҳамин қабил мебошанд.

Ба дидори пирону барҷомондагон расидану гирифтани дуои хайри онҳо, дасти кумак дароз кардан ба ятимону бенавоён ва бепарасторон, обод кардани ҷойҳои нообод, ки шиори ҳаррӯзаи зиндагии ниёгонамон буданд, дар айёми мо низ аҳамияти хоса пайдо кардаанд.

Бузургтарин ҳикмати гузаштагони некноми мо: «Гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек» будааст, ки имрӯз ҳам дастури амали ҳар фарди ватандору бофарҳанг ва баору номус бояд бошад.

Ин ҳикмат дар сиришти ҳар шахс ахлоқи ҳамидаву меҳру садоқат ва покизагии рафтору кирдорро мепарварад, дар баробари ободиву файзу баракати ҳар хонавода ба пешрафти кишвар мусоидат менамояд.

Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, на танҳо рафтору гуфтор ва пиндори нек, балки покизагии муҳити зист ва истифодаи оқилонаи обу заминро низ талқин мекунад. Ба ҳамин хотир мегӯянд, ки агар дарахтеро сабзондаю ба воя расонида бошӣ, умрат босамар мегузарад ва ёдат дар дилу дидаҳо боқӣ мемонад.

Арзишҳои маънавие, ки вобаста ба фарорасии баҳор ва оғози мавсими киштукор эҷод шудаанд, дар давраҳои минбаъда такмил ёфта, дар маҷмӯъ ба суннати пурқимати умумихалқӣ мубаддал гаштанд.

Маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла фалсафа ва ҳикмати Наврӯз, мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамоянд.

Тавассути эҳёи давлати миллии тоҷикон дар аҳди Сомониён, мақом ва мартабаи иди Наврӯз ба авҷи аъло расида, он ҳамчун иди миллӣ ва рамзи пояндагии давлату миллат бо шукӯҳу шаҳомати махсус ҷашн гирифта мешуд.

Боиси ифтихори мост, ки имрӯз Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад.

Мухтори Абдулло, «Садои мардум»