Аз таърих маълум аст, ки суннати хирадгароӣ сиришти азалии миллатро ташкил медиҳад ва дар сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мақоми марказӣ дорад. Сарвари давлат сиёсатро аз аркони маънавият ҳисобида, дар раванди давлатдорӣ сабақҳои таърихро аз сарнавишти пуршебу фарози миллат, фаъолияти сиёсию адабӣ ва илмии ашхоси бузурги таърихӣ сармашқи кор кардаанд. Омӯзиши таърих ва забони миллат, зиндагиномаи фарзандони фарзона ва кору пайкори онон дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, осори илмию адабии олимону адибон, андешаҳои хирадгароӣ ва созандагии онҳо барои Пешвои миллат дар бунёди давлати навини тоҷикон чун чароғи раҳнамо ва дастурамали сиёсию ахлоқӣ хидмат менамоянд.
Чанде пеш, ба муносибати сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нави муҳаққиқ ва рӯзноманигор, сардабири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» Шодӣ Шокирзода таҳти унвони «Шахсияти бузурги таърихсоз» (Душанбе, «Меҳроҷ-граф», 2020, 124 саҳ.) зери назари узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба нашр расид. Он аз ду мақола – «Шахсияти бузурги таърихсоз» ва «Масъулият барои фардои миллат», ду гузориш – «Ҳадиси дӯстӣ поён надорад» ва «Ганҷи бепоёни мо» ва ду муаррифиномаи китобҳои Пешвои миллат — «Забони миллат –ҳастии миллат» («Рукни аслии давлатдорӣ ва тафаккури миллӣ») ва «Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор» («Ҷаҳони илму дарёи маонӣ») иборат мебошад.
Дар мақолаи муфассали илмии ҳамноми китоб сухан аз хидматҳои босазову мондагори Пешвои миллат меравад, ки сиёсатро ҷузъи таркибии маънавият ҳисобида, ҷиддан ба омӯзишу таҳқиқи сарнавишти миллат, шебу фарози он дар тӯли таърих, зиндагинома ва осори шахсиятҳои бузурги милливу маънавӣ машғул мешаванд. Ба андешаи муаллифи китоб, моҳи сентябри соли 1994, дар замоне ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар хомӯш нагардида буд, бо ибтикори Сарвари давлати тоҷикон ба ифтихори ҳазорумин соли таълифи «Шоҳнома» дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Ба ин шоҳасари безаволи ҷаҳонӣ, ки онро муҳаққиқон ҳампоя ва ё бартар аз «Одиссея»-ву «Илиада»-и Ҳомер ва осори Шекспир шумурдаанд, муроҷиат кардани эшон бесабаб набуд. Зеро ба қавли Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, Фирдавсӣ «яке аз тавонотарин донандагони таърихи аҳди куҳан» буда, «Шоҳнома» бузургтарин достони асотирию адабӣ ва таърихист, ки сарнавишти талху ширин ва таърихи подшоҳии беш аз 50 шоҳаншоҳи ориёинажодро дар бар гирифтааст». Он танҳо «достони ҳазорсолаи фаромӯшгашта нест, балки акси садои ниёгони мост, ки дар дилу дидаи халқи шоирпарвару шеърдӯсти тоҷик зинда аст. Гуфтори ноб, лафзи поку бегазанд, ҳусни калом ва нафосати сухани ин шоҳасари безаволро мардуми мо асрҳо пос доштаву пос медоранд. Баъзан дар дурдасттарин гӯшаҳои Тоҷикистон, алалхусус, дар шеваи гуфтору кирдори сокинони баландкӯҳи Бадахшону Яғноб, Зарафшону Хатлон, Хуҷанду Истаравшан, Ҳисору Раштонзамин нишонаҳоеро мебинем, ки ба рӯҳу равон ва асолати тоҷиконаи мо басо созгор аст ва аз он бӯи «Шоҳнома»-и безавол меояд».
Воқеан ҳам, Эмомалӣ Раҳмон шахсияти волои таърихсозанд. Асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» (иборат аз чор китоб), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Мавлонои Балхӣ ва тамаддуни башарӣ», «Забони миллат — ҳастии миллат» (дар ду китоб), «Чеҳраҳои мондагор» ва амсоли инҳо аз ҷумлаи пажӯҳишҳои пурвусъату бунёдие ҳастанд, ки ба қалами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансубанд. Ба ибораи дигар, ҳоло исми Эмомалӣ Раҳмон ва Тоҷикистонро ҷудо аз ҳам тасаввур намудан ғайриимкон аст ва комёбиҳое, ки мардуми тоҷик дар давраи истиқлолияти кишвар ба онҳо ноил шуданд, бевосита ё бавосита ба ному фаъолияти шахсиашон вобаста мебошанд.
Дар мақолаи «Масъулият барои фардои миллат» муаллиф мулоҳизаҳояшро роҷеъ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки моҳи августи соли 2011 бо ташаббус ва пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид ва аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар чун санади сарнавиштсози миллӣ бо рӯҳбаландии бузург пазируфта шуд, баён доштааст. Қонуни мазкур имкон фароҳам меорад, ки таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба муассисаҳои таълимӣ ва саҳми он дар рушду такомули кишвар тамоюли тоза касб намояд. Ҷомеаи имрӯза ба ин гуна қонун ниёз дошт ва бошад, ки он баҳри рӯшан намудани роҳи фардои миллату сарзаминамон, ки бевосита ба раванди таълиму тарбия ва насли огоҳу бедордил, донишманду меҳанпараст ва худшинос вобастагии комил дорад, нақши созандаву муассирро иҷро намояд. Мояи хушнудист, ки дар пайравӣ ҳамин гуна қонун дар Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия қабул гардид ва айни ҳол бисёр кишварҳои дуру наздик таҷрибаи кишвари моро дар ин самт мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Дар гузориши «Ҳадиси дӯстӣ поён надорад» мушоҳидаву мулоҳиза ва бардоштҳои муаллиф аз нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (соли 2018), ки бо натиҷаҳои хубу мушаххас ва бобарор баҳри рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягӣ анҷом ёфт ва он дар таърихи муносибатҳои ду кишвар рӯйдоди нодир мебошад, ҷой гирифтаанд. Дар гузориши «Ганҷи бепоёни мо» таассурот аз ҷамъомади тантанавии хотирмону пурсуде, ки ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2019 дар толори Кохи «Борбад»-и пойтахт бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, баён шудааст. Воқеан ҳам Ватан, миллат ва забон се рукни муқаддас ҳастанд, ки афроди соҳибназар онҳоро гиромӣ медоранд ва ҳамвора баҳри рушду такомулашон бедареғ саъю талош меварзанд. Забони тоҷикӣ дар давлати соҳибистиқлоли мо — Тоҷикистон расман мақоми давлатиро соҳиб аст ва аз унсурҳои аслии ҳастиву бақои миллату сарзаминамон маҳсуб меёбад. Қобили тазаккур аст, ки баъд аз замони Сомониён тоҷикон тӯли қариб ҳазор сол соҳибдавлат набуданд, вале тайи ин муддат забони тоҷикӣ ба ҳайси забони коргузорӣ ва девону дафтар дар садри маҳфилу анҷуманҳо қарор дошт. Суҳбати самимиву ошкорои Пешвои миллат бо аҳли зиё бори дигар собит намуд, ки роҳбарияти олии кишвар нисбат ба имрӯзу фардои забони тоҷикӣ ҳамвора эҳсоси масъулият мекунанд, аз мушкилоти мавҷудаи он огаҳанд ва баҳри покизагии ин мероси бегазанд пайваста талош меварзанд. Дар ҳақиқат, агар хоҳем, ки забони тоҷикӣ рисолати деринзамони худро дар минтақа ва ҷаҳон ҳифз намояд, сатҳи забондонии ҳамватанонро боло бардорем ва рушду такомули азалию амалии забонамонро таъмин созем, эъҷози ин забони малакутиро бо чашми сару дил бубинем, бояд ҳар рӯзамон рӯзи забон бошад ва онро чун сарвати бебаҳо ва муқаддасоти миллӣ гиромӣ дорем.
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат», ки аз ду ҷилд иборат аст, ба андешаи муҳаққиқ, танҳо як навишта дар бораи таърихи забони тоҷикӣ набуда, доиратулмаорифест, ки бо такя ба сарчашмаҳои муътамади илмии ватаниву хориҷӣ, қадимиву ҳозира рӯйи коғаз омадааст, то хонандагон, хусусан, насли ҷавон, огоҳ бошанд, ки ниёгони онҳо, сарфи назар аз номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллӣ, хоса, забони модарии хеш, кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд.
Рисолаи «Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор»-и Пешвои миллат дар сатҳи баланди илмиву назариявӣ таълиф гардида, аҳамияти бузурги амалӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро молик мебошад. Бо таълифи он муаллиф ба ваҷҳи аҳсан собит намуд, ки нақши Имоми Аъзам дар тамаддуни исломӣ басо арзишманд, дар таъмини рушду нумӯи забон ва фарҳанги миллии тоҷикон беназир мебошад. Сарвари давлат дар партави таълимоти Имоми Аъзам мардумро ба пайравӣ аз фарҳанги таҳаммулпазирӣ, эҳтиром гузоштан ба озодии виҷдон, ҳуқуқу озодиҳои намояндагони миллату динҳои гуногун, риояи ҳатмии таълимоти фиқҳи ҳанафӣ дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тоату ибодат ва зиндагӣ, омӯзиши илму маърифат, касбу ҳунар ва технологияи муосир, дар ҳама кор ақлу хирадро роҳнамо сохтан даъват менамояд. Дар ҳақиқат, мароми ахлоқӣ ва дастуру ҳидоятҳои Имом Абӯҳанифа барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, адлу субот дар ҷомеа ва тарбияи инсони комил нигаронида шудаанд ва ҷомеае, ки аз онҳо кор мебарад, ояндаи неку рӯшан хоҳад дошт.
Асари таълифинамудаи номзади илмҳои филологӣ Шодӣ Шокирзода «Шахсияти бузурги таърихсоз», бидуни тардид, туҳфаи муносибе барои аҳли илму адаб ва пажӯҳишгарони давраи нави таърихи тоҷикон дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»