Тантанаҳои марказии Ҷашни байналмилалии Наврӯз

№30-31 (3176-3177) 28.03.2014

 

наврузгох21 марти соли 2014 дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои марказии Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Саҳни ҳавлӣ, атроф ва дохили Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба таври идона ороста шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони аҳли ҷамоатчигии пойтахт бо шодию сурур ва самимияти баланд истиқбол гирифтанд.

Зимни суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи мардумони кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯзро ба муносибати фарорасии ин иди бузург, ки чанд сол ба ин сӯй мақоми байналмилалӣ гирифтааст, сидқан табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки «Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба шодию нишоти наврӯзӣ, арҷгузорӣ ба ойину суннатҳои волои ин ҷашни бостонӣ, ваҳдату ягонагӣ, таҳкими пояҳои сулҳу осоиш дар ҷомеа ва ҳамчунин ба вусъати киштукори баҳорӣ ва ободонию шукуфонии Тоҷикистони маҳбуб ҳидоят кард.

Тантанаҳои марказии Наврӯзи хуҷастаи байналмилалӣ бо намоиши барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ идома ёфт.

www.president.tj