Муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бобати ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат, ки дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, даъвати шашум садо дод, миёни аҳли ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ба миён овард.
Ҳар рӯз аз барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ шоҳиди он мешавем, ки сокинони пойтахт бо нишони ҷонибдорӣ аз ин иқдоми роҳбарияти шаҳри Душанбе дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу сояафкан мешинонанд. Ин боиси хушнудии мост. Зеро ҳар қадар пойтахти мамлакат сарсабзу хуррам шавад, ҳамон қадар ҳаво тозаву гуворо мегардад.
Барои муайян кардани «шаҳри сабз» аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ қариб 30 нишондиҳанда ба назар гирифта мешавад. Маркази таҳқиқотии «Economist Intelligence Unit »- и Британия ва корпоратсияи «Simens» аз соли 2008 инҷониб, дар 120 шаҳри чаҳон Индекси шаҳрҳои «сабз»-ро муайян мекунанд. Зимни он вазъи санитарӣ — гигиенӣ сифати ҳаво (ғуборнокӣ, миқдори газҳои зарарнок), таъминоти об, нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза, ихроҷи гази карбонат, сифати замин, масоҳати сабзпӯши шаҳр ва дигар нишондиҳандаҳо ба инобат гирифта мешаванд.
Тибқи баҳодиҳии Комиссияи Аврупо, соли 2019 шаҳри Ослои Норвегия «пойтахти сабз»-и Аврупо эътироф шуд. Се сол қабл шаҳрдории Осло «Буҷети иқлимӣ» қабул карда, тасмим гирифтанд, ки то соли 2020 ихроҷи гази карбонатро 50 дарсад кам намуда, то соли 2050 онро ба сифр расонанд.
Ҳоло нисфи масоҳати ин шаҳрро боғу ҷангал ташкил медиҳад. Осло аз шаҳрҳоест, ки дар он фоизи электромобил нисбат ба автомобил сол то сол зиёд мешавад. Шумораи электробус (автобусҳои барқӣ)-и Осло низ аз дигар шаҳрҳо бештар аст. Шаҳрдории Осло сол то сол мавқеи автомобилҳои бензинию дизелиро танг карда, баҳри зиёд шудани теъдоди электромобил, автобусҳои бо биоэтанол биогаз ҳаракаткунанда, электробус ва велосипедсаворӣ имконияти бештар фароҳам меорад.
Ҷои дуюмро дар рейтинги «Сабзтарин шаҳрҳои ҷаҳон» дар соли 2019 Сингапур ишғол намуд. Сингапур расман «Сабзтарин шаҳри Осиё» маҳсуб меёбад. Дар он ҷо зичии аҳолӣ яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Қисми зиёди аҳолии он дар иморатҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд. Ҳукумати шаҳр барои то соли 2030 коҳиш додани нақлиёти бо бензин, ҳаракаткунанда 1,5 миллиард доллар ҷудо намудааст.
Ҷойи сеюмро дар рейтинги «шаҳрҳои сабз» пойтахти Дания шаҳри Копенгаген гирифт. Копенгаген беҳтарин шаҳр барои велосипедсаворон эътироф шудааст. Ҳар рӯз беш аз нисфи сокинони он тавассути дучарха ба ҷои кору таҳсил мераванд. Аз нақлиёти ҷамъиятӣ электробус ҷойи аввалро мегирад. Соли 2025 Копенгаген якумин пойтахти ҷаҳон хоҳад буд, ки ихроҷи солонаи гази карбонатро аз 1,2 миллион тонна кам менамояд. Зиёда аз 10 сол аст, ки дар ин шаҳр низоми нави метро фаъолият мекунад. Дания аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқ аз шамол дар ҷаҳон ҷои якумро мегирад. Яке аз неругоҳҳои шамолии ин кишвар дар наздикии Копенгаген сохта шудааст. Аз партовҳои биологӣ дар Копенгаген биогаз ва нурии органикӣ истеҳсол мекунанд. Дар он ҷо 2260 гектар минтақаи сабз бунёд ёфтааст. Ҳар як сокину меҳмони шаҳр дар давоми на зиёда аз 15 дақиқа метавонад пиёда ба наздиктарин боғи истироҳатӣ равад.
Пойтахти Шведсия шаҳри Стокголм чорумин шаҳри сарсабзи соли 2019 эълон гардид. Соли 2010 он «Пойтахти сабз»-и Аврупо эътироф шуда буд. Дар он ҷо 12 боғи калони истироҳатӣ бунёд шудааст. Дилхоҳ сокин ва меҳмони Стокголм метавонад аз нуқтаҳои сершумори иҷорадиҳӣ велосипедеро иҷора гирифта, ба ҷойи мехоста равад. То соли 2050 Стокголм пурра аз нақлиёти бензинию дизелӣ даст кашида, рӯ ба нақлиёти барқӣ ва сӯзишвории биологӣ меорад.
Дар рейтинги «шаҳри сабз»-и соли 2019 ҷойи панҷум насиби Сан — Франсиско (ИМА) шуд. Ҳаҷми коркарди партов дар ин шаҳр 77 дарсад буда, яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар дунёст. Сокинонони он солҳои зиёдест, ки партовҳоро ба навъҳо ҷудо карда, дар коркарди такрории онҳо ҳисса мегузоранд. Аз нахустин шаҳрҳоест, ки истифодаи халтаҳои пластикии якдафъаинаро манъ намуд. Дар истифодаи неруи офтоб, шамол ва сӯзишвории биологӣ Сан — Франсиско шаҳри намунавӣ ба шумор меравад. Дар асри XIX дар ин шаҳр гурӯҳи экологии «Сперра Клуб» таъсис ёфта буд. Ҳоло беш аз нисфи сокинони шаҳр бо велосипед ё нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҷойи кору таҳсил мераванд.
Шаҳрдории Рейкявики Исландия тасмим гирифтааст, ки унвони «Сабзтарин шаҳр»-и Аврупоро ба даст орад. Дар ин шаҳр бузургтарин системаи геотермикии гармидиҳӣ дар ҷаҳон сохта шудааст. Яъне, тавассути оби чашмаҳои гарм ва энергияи вулқонҳо хонаву муассиса ва корхонаҳо гарм мешаванд. Талаботи неруи барқ пурра тавассути энергияи вулқон таъмин гардида, ниёз ба нефту газ намемонад. Чанд сол боз автобусҳои шаҳрӣ бо истифода аз гидроген ҳаракат мекунанд.
Яке аз «сабз»-тарин шаҳрҳои ҷаҳон Ванкувери Канада ба шумор меравад. Қариб 93 дарсади таъминоти барқи ин шаҳр аз ҳисоби неругоҳҳои обӣ буда, боқимонда аз ҳисоби неругоҳҳои офтобию шамолӣ истеҳсол мешавад. Ванкувер яке аз камтарин шаҳрҳои бузург аст, ки то ҳол дар он троллейбус ҳаракат мекунад. Маҳз дар он ҷо ҳаракати экологии «Гринпис» таъсис ёфта, маркази ҷаҳонии он дар ҳамин шаҳр ҷой гирифтааст. Нашрияи «The Economist»-и Британия бори чорум Ванкуверро «Беҳтарин шаҳри Замин» эътироф кардааст. Дар ин шаҳр 200 боғу гулгашт бунёд ёфтааст. Шаҳрдорӣ «Нақшаи 100-солаи беҳтаркунии вазъи экологии шаҳри Ванкувер»-ро тартиб додааст, ки барои ҷаҳониён намунаи ибрат аст.
Солҳои охир барои ба ин рейтинг дохил шудани шаҳри Душанбе як қатор иқдомҳо пеш гирифта шудаанд. Чунончӣ, бунёди боғҳои фароғатӣ ва гулгаштҳои навбунёд пойтахти мамлакатамонро хеле назаррабо кардааст. Дар шаҳри Душанбе теъдоди троллейбусҳо сол то сол зиёд мешавад. Акнун бояд нақшаи давра ба давра гузаштан ба электробус ва электромобил низ тартиб дода шавад. Зеро кишварҳои ҳамсоя пештар иқдом намуданд. Чунончӣ, ҳокимияти шаҳри Тошканд ба нақша гирифтааст, ки то соли 2023 теъдоди электробусҳоро ба 300 адад расонад. Соли равон барои ин шаҳри калонтарини Осиёи Марказӣ 20 электробуси тамғаи «Yutong» хариданд, ки бо неругирии якдафъаина 300 километр ҳаракат мекунанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой бошад, тасмим гирифтааст, ки барои рушди нақлиёти барқӣ барои 6 сол 300 миллиард доллар ҷудо намояд. Чандин сол аст, ки дар ин кишвар барои бо неруи барқ пур кардани электромобилҳо тахфиф ҷорӣ шудааст.
Аз лиҳози истеҳсоли неруи барқ ба ҳар сари аҳолӣ Норвегия дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол менамояд. 99 дарсади неруи барқи ин кишвар тавассути неругоҳҳои обист. Аз ҷиҳати суръати зиёдшавии нақлиёти барқӣ низ Норвегия дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол менамояд.
Мувофиқи маълумоти нашрияи «The Guardian»-и Британияи Кабир, дар 10 моҳи соли равон дар кишварҳои аврупоӣ 500 000 электромобил ба фурӯш рафт. Ин рақам соли гузашта 354000 ададро ташкил медод. Маълум мешавад, ки аврупоиҳо торафт бештар моҳияти нақлиёти барқиро дарк намуда истодаанд. Ҳукумати Британия тасмим гирифтааст, ки аз соли 2030 фурӯши автомобилҳои бензинию дизелиро дар қаламраваш манъ намояд.
Моҳи ноябри соли равон серхаридортарин мошини Хитой электромобили MINI EY эътироф шуд. Тӯли як моҳ 30000 сокини ин кишвари абарқудрат электромобили тамғаи мазкурро бо нархи 4400 долларӣ хариданд.
Тайи ду соли охир барои шаҳрҳои Москваю Санкт- Петербург теъдоди зиёди электробус харидорӣ шуд. Ҷумҳурии Арманистон воридкунандагони нақлиёти барқиро аз андоз аз арзиши иловашуда озод намуд. Дар Беларус барои сохтани нуқтаҳои қувватдиҳии нақлиёти барқӣ 1 миллион евро ҷудо шуд. Қазоқистон низ харидани электробусу электромобилро зиёд кардааст.
Аз ин рӯ, ба хотири қадами навбатӣ гузоштан барои «шаҳри сабз» шудани Душанбе бояд дар пойтахти мамлакат нуқтаҳои қувватдиҳии нақлиёти барқӣ сохта шаванд.
Хуб мешуд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта ба воридкунандагони нақлиёти барқӣ имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ намояд. Он гоҳ ҳавои шаҳр тозатару шавқуну мағали роҳҳо, бинобар беовоз будани нақлиёти барқӣ, камтар мешуд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»