Қаблан ба коллективи рӯзномаи «Садои мардум» барои ҳамкории судманд барори эҷодӣ ва қалами бурро таманно менамоям.
Перомуни мақолаи ба табърасида ёдовар мешавем, ки боиси ифтихору сарафрозии ҳар яки мост, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳҳои пойтахти кишвар солҳои охир пурра таъмиру таҷдид гардида, воситаҳои наву замонавии нақлиёт ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд. Аз ин хотир, ба андешаи мо, вазифаи асосӣ ва ҷонии соҳибони воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар чунин шароит, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт мебошад. Хусусан, соҳибони воситаҳои нақлиёти шахсиро мебояд зимни фаъолияти ҳаррӯза ба қоидаҳои ҳаракат ва аломатҳои роҳ риоя намуда, автомобилро ҳамеша тозаву озода нигоҳ доранд.
Мутаассифона, таҳлилҳо, рейдҳои муштарак ҳолатҳои зиёди номатлубро, ки аз тарафи баъзе аз ронандагони нақлиёти мусофирбар, хусусан микроавтобусҳо сар задаанд, ошкор намуд.
Зимнан, мақолаи «Худсарии ронандагони микроавтобусҳо боиси тамбашавӣ мегардад», ки рӯзи 23-юми апрели соли 2020-ум дар рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ расид, воқеан, аз маданияти пасти баъзе аз ронандагони хатсайрҳои 46, 47, 55 ва 88 ҳикоят мекунад. То ҳол баъзе аз ронандагони бемасъулият ҳастанд, ки дидаву дониста, воситаҳои мусофирбарро дар истгоҳҳо қарор надода, бештар дар назди чароғаки роҳнамо ё болои хатҳои пиёдагарду яклухт нигоҳ медоранд.
Дар мақола низ дуруст омадааст, ки рафтори бархе аз ронандагон дар ин ҳолат ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти дигар монеа эҷод мекунад. Дар чунин ҳолат, албатта, тамбашавии воситаҳои нақлиёти дигар низ ба назар мерасанд.
Муаллиф дар охири мақола навиштааст: «Кӣ ронандагонро барои истодан дар истгоҳҳо бояд водор кунад?» Албатта, ин амал, пеш аз ҳама, вазифаи кормандони Раёсати БДА-и кишвар, БДА-и шаҳри Душанбе ва Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт мебошад.
Кормандони Раёсати БДА дар ин бора дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсат танҳо соли 2020, беш аз 40 вохӯрии судманд бо масъулин ва ронандагони хатсайрҳо гузарониданд.
Ҳамчунин, ҳамарӯза дар ҷаласаҳои кории раёсат низ вобаста ба рафтору кирдори ронандагони нақлиёти мусофирбар, назорату фаъолияти онҳо, алалхусус, микроавтобусҳо, гуфтугӯи ҷиддӣ, рейдҳои муштарак сурат гирифта, тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма манзури бинандагону хонандагон гардонида мешавад. Танҳо дар ду моҳи охир аз тарафи БДА-и шаҳри Душанбе 300 адад аксҳои ронандагони нақлиёти мусофирбар дар алоҳидагӣ низ наворбардорӣ шуда, дар рӯзномаҳо ба табъ расиданд.
Дар рейдҳои муштараки кормандони Раёсати БДА пайваста дар ин хусус тадбирҳои мушаххас андешида, минбаъд низ доир ба ин масъала чораандешӣ мешавад.
Вобаста ба мақола ёдовар мешавем, ки одобу ахлоқи ҳамидаи ронандагон, пеш аз ҳама, дар чунин ҳолатҳо ба амали онҳо ва фаъолияти кориашон вобаста аст. Аз ин рӯ, дахолат намудан ба кирдору рафтори ношоистаи бархе аз ронандагони мусофирбари бемасъулият, гирифтани пеши роҳи онҳо дар чунин амалҳои номатлуб, риояи қоидаҳои ҳаракат аз тарафи онҳо на танҳо кори кормандони Раёсати БДА дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии кишвар, алалхусус, шаҳри Душанбе, балки вазифаи аҳли ҷомеа мебошад.
Зеро, «бетарафӣ бешарафӣ аст» гуфтаанд.
А. НАСИМЗОДА,
сардори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия