Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» саҳми рӯзноманигоронро дар рушди ҷомеа, бахусус баланд бардоштани маърифати молиявию ҳуқуқии шаҳрвандон, ки алҳол диққати махсусро талаб мекунад, баланд арзёбӣ менамояд. Аз ҷумла, дар самти тарғиби хизматрасониҳои бонкӣ, ки мақсад аз он осон ва шаффоф намудани пешниҳоди хизматрасониҳо ба мардуми шарифи кишвар мебошад.
Рӯзноманигор С. Аминиён бо мақолаи «Пули обу барқро ба нозир диҳем ё ба Амонатбонк супорем?», ки санаи 3 ноябри соли 2020 таҳти №136 дар рӯзномаи «Садои мардум» ба нашр расид, масъалаи ҳолати ҳозираи бонкдорӣ ва дар маҷмӯъ масъалаи ниҳоят муҳимро пайгирӣ намудааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (Протоколи №1 С/22-5 аз 6 октябри соли 2015), пардохти ҳамаи маблағи истифодаи барқ танҳо тавассути БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ 75 филиал ва 546 Маркази хизматрасонии бонкии «Амонатбонк» амал карда, 20 адади он бо реҷаи бегоҳӣ ва шабона фаъолият мекунанд. Доираи васеи шабакаҳои бонк, бахусус, хазинаҳои бегоҳӣ ва шабона имконият медиҳад, ки мардуми кишвар баъд аз рӯзи корӣ ҳам хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла, пардохти маблағҳои барқу обро бе душворӣ истифода баранд.
Дар баробари ин, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла, истифодаи хизматрасониҳои фосилавӣ, ки заминаи асосии рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар мебошад, барномаи мобилии бонк — «Амонат — мобайл» бо тарҳи наву замонавӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Он барои пардохти маблағҳои коммуналӣ, пардохтҳо ба телефонҳои мобилӣ, интиқоли маблағ аз корт ба корти дигар ва дигар амалиёти бонкӣ имконият медиҳад.
Матнҳои ёрирасон ва видео — роликҳои таблиғотӣ оид ба тарзи дурусти истифодабарии барномаи «Амонат — мобайл» тавассути телевизион, радио, саҳифаи расмии бонк ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста намоиш ва ҷойгир карда мешаванд.
Инчунин, бо мақсади таъмини шаффофият дар самти қабул ва интиқоли маблағҳои коммуналӣ ва огаҳ шудани муштарӣ аз ҳолати қарздорӣ ва пардохти маблағҳо то ба ҳол ба барномаи «Қабули маблағҳои коммуналӣ» 585 адад маркази хизматрасонии бонкӣ пайваст карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 118 адад зиёд мебошад. Пайвастшавии 112 маркази хизматрасонии бонкӣ ба барнома ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.
Ҳамчунин, бо мақсади рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ «Амонатбонк» 10 ташкилоти қарзиро ба низоми биллингӣ пайваст намуд. Онҳо имкон пайдо карданд, ки тавассути низомҳои дохилии корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ва мобилбонк ба муштариён дар самти пардохти ҳаққи қувваи барқ, об ва шабакаҳои гармидиҳанда хизматрасонӣ намоянд.
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» минбаъд ҳам, дар самти хизматрасониҳои муосир ва саривақтӣ ба аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида, бо намояндагони ВАО ҳамкории зич менамояд.
Ф. РИЗВОНЗОДА,
муовини раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»