23 марти соли 2014 боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғара нахуст бо оғоз бахшидан ба сохтмони корхонаи ресандагӣ ва 10 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ идома ёфт.
Сохтмони нахустин корхонаи муосири ресандагӣ дар ноҳияи Данғара ва 10 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ, ки дорои 444 хона хоҳад буд, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки корхонаи ресандагӣ бо иқтидори солонаи коркарди 6 ҳазор тонна нахи пахта аз ҷониби роҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» сохта шуда, бо таҷҳизоти навтарини итолиёвӣ то охири соли равон ба кор дароварда мешавад.
Тибқи нақша, бунёди корхонаи ресандагӣ танҳо оғози кор аст, зеро аллакай дар соли 2015 дар ин ҷо ҳамчунин корхонаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ ба кор омода гардида, коркарди пурраи нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ба роҳ монда мешавад.
Дар паҳлуи ин корхона аз ҷониби ҳамин соҳибкорони маҳаллӣ 10 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бунёд меёбад, ки қисмате аз он ба кормандони «Тоҷиксодиротбонк» ва корхонаҳои он дода шуда, боқӣ ба фурӯш пешниҳод мегардад. Барои ин биноҳо, ки ба як маҳаллаи мукаммали истиқоматӣ табдил хоҳанд ёфт, шабакаи мустақили гармидиҳӣ бунёд меёбад. Дар қабатҳои поёнии биноҳо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир мешавад, ки беш аз 100 кас дар онҳо бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ дар корхонаҳои истеҳсолии «Тоҷиксодиротбонк» ва қабатҳои поёнии биноҳои истиқоматӣ беш аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.
Ин маҷмааи биноҳои истиқоматӣ ва корхонаҳои нассоҷӣ бо харҷи беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, танҳо дар вақти сохтмонашон дар ин ҷо беш аз 500 нафар бо кор ва маоши баланд таъмин мегарданд.
www.president.tj