Шахсе содиқ ва дурусткор

№7 (4269) 19.01.2021

ГуловДар ҳама давру замон бунёдкориву созандагӣ аз амалҳои наку маҳсуб ёфта, ашхоси ободкор дар ҷомеа мақому манзалати баландро соҳибанд. Онҳо бо хислатҳои ҳамида, дилсӯзиву ғамхор будан нисбат ба ҷамъият фарқ доранд. Яке аз чунин инсонҳои наҷиб, шахси бунёдкору созанда Сафаралӣ Гулов мебошад. Ӯ рафиқи ғамхор, меҳандӯсти асил ва роҳбари поквиҷдону масъулиятшинос аст.

Зиндагиномаи қаҳрамони матлаб хеле рангин, пуртазод ва ибратомӯз буда, далели он аст, ки инсони поквиҷдон ва худогоҳу худшинос аст. Онҳое, ки ӯро мешиносанд ва ҳамроҳаш фаъолият дош­танду доранд, мегӯянд, ки ба арзишҳои дӯстӣ, давлатӣ ва миллӣ содиқ аст ва ба онҳо софдилона арҷ мегузорад.

  Сафаралӣ Гулов то замони Истиқлолияти давлатӣ дар таълимгоҳҳои миёна ва олӣ донишу таҷриба андӯхта, аёми барои халқу Ватан мушкил ҳамчун мутахассиси варзидаю кордида ва камолёфта баҳри корҳои созандагӣ камари ҳиммат баст.

Фаъолияташ аз соли 1974, баъди хатми Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба ҳайси ревизори калони даромадҳои давлатӣ дар шуъбаи молияи вилояти Кӯлоб оғоз гардид. Соли 1977 сардори бахши маблағгузории мақомотҳои роҳбарикунандаи шуъбаи молияи вилоят таъин шуда, муддати даҳ сол дар мақомоти молия фаъолият менамояд.

  Сипас, соли 1984 ӯро ҳамчун мутахассиси кордон ба яке аз ниҳодҳои муҳим дар замони шӯравӣ — Комитети назорати халқии вилоят ба кор равон мекунанд. Баъди он ки соли 1988 ду вилоят — Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа якҷоя шуда, ба вилояти Хатлон табдил меёбад, С. Гулов ду сол дар мақомоти назорати халқии вилоят кор карда, соли 1991 сардори Идораи фонди нафақаи вилояти Кӯлоб таъин мегардад.

  Соли 1995 ӯро муовини сардори Идораи молияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб таъин мекунанд. Аз соли 1997 сардори Идораи молияи вилояти Хатлон, баъди ҳафт соли кор муовини раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисодиёт таъин мешавад. Аз моҳи октябри соли 2005 то соли 2007 дар вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ ифои вазифа кард.

  Зимни санҷишу тафтишҳо кӯшиш мекард, то пеши роҳи ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷети давлатӣ ва изофанависиро гирифта, камбудиҳоеро, ки аз ҷиҳати молиявӣ ба давлат зарар мерасониданд, ошкор ва баҳри бартараф кардани онҳо дастуру маслиҳат медод.

Солҳои навадуми асри гузашта, бо вуҷуди мушкилоти сангине, ки яроқбадастон эҷод мекарданд, кӯшиш мекард маблағи давлатӣ мақсаднок истифода гардад. Ин, албатта, кори саҳл набуд…

Шоистаи зикр аст, ки ӯ шурӯъ аз моҳи апрели соли 2007 ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва солҳои охири фаъолияти вакилӣ ба ҳайси муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва молия ифои вазифа кард.

 Дар таҳия ва қабули бисёр санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ саҳмгузор буд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» (2010), «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ» (2011), «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» ( 2013), «Дар бораи гаравхона (ломбард)» (2013), «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ» (2010), «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» (2010), «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» (2011), «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» (2011), «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» (2012), «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» (2012), «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» (2012), «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» (2013) ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013) аз ҳамон қабиланд.

Мавсуф ҳоло даври пирӣ меронаду нисбат ба пешрафтҳои Ватан бетафовут нест. Ҳамеша бо шогирдону ҳамсафони собиқ вохӯрда, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти кишвар ибрози назар мекунад, мутахассисони ҷавон ва масъулонро ба фаъолияти софдилонаю содиқона роҳнамоӣ менамояд.

Ба ин марди некукирдору нексиришт саломатӣ ва саодати бардавоми рӯзгорро таманно менамоем.

Далери АБДУЛЛО,

«Садои мардум»