Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Ҳусейншайхи ноҳияи Данғара
22 марти соли 2014
Устодон ва хонандагони азиз!
Падару модарони гиромӣ!
Ҳозирини арҷманд!
Имрӯз ба истиқболи Наврӯз, яъне Соли нави аҷдодии мо — тоҷикон, ки ҳоло мақоми байналмилалиро гирифтааст, барои фарзандони сокинони деҳаи хушманзараи Ҳусейншайхи ноҳияи Данғара кушода шудани муассисаи наву муосири таълимӣ туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ва фоли нек дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни бостониамон мебошад.
Бинобар ин, ҳамаи шумо – омӯзгорони арҷманд, фарзандони азиз ва сокинони ҳимматбаланди ноҳияи Данғараро бори дигар ба муносибати таҷлили ҷашни аҷдодиамон — Наврӯзи хуҷаста ва мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ табрик гуфта, ба хонандагони ин даргоҳи маърифат таҳсили хубу аъло, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди худшиносиву ватандӯстӣ ва ба заҳматкашони ноҳия соли бофайзу пурбаракат орзу менамоям.
Ҳамчунин ба сармоягузорони ин муассисаи зебои таълимӣ яке аз ширкатҳои бонуфузи кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя — Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ҳамаи меъморону бинокорони он барои заҳмати ватандӯстонаашон изҳори сипос менамоям.
Дар давоми беш аз даҳ соли охир давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи маорифро босуръат идома бахшида, дар ин раванд барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли ояндасози миллат, ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳли маориф ва гузаштан ба низоми нави таълиму тарбия ҳамаи заминаҳои заруриро муҳайё карда истодааст.
Ҳамчунин бо дарназардошти торафт беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва суръати афзоиши аҳолии кишвар зарурати сохтмони муассисаҳои таълимии мавҷуда ва азнавсозии мактабҳои нав ба миён омада, мо ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо ва таъмин намудани муассисаҳои соҳаи маориф бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода карда истодаем.
Бунёди мактаби таҳсилоти миёнаи умумие, ки имрӯз ба фаъолияти он ҳусни ифтитоҳ бахшидем, соли 2012 оғоз гардида, бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд шудааст ва дорои 22 синфхонаи таълимӣ, утоқҳои маъмурӣ, майдони варзишӣ, устохонаҳои омӯзиши касбу ҳунарҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир мебошад.
Мехоҳам махсусан хотирнишон намоям, ки иншооти имрӯза аз лиҳози тарҳи меъморӣ ва таъминот бо таҷҳизоти таълимӣ навтарин буда, дар он тамоми шароити омодасозии хонандагон барои гирифтани донишҳои замонавӣ муҳайё карда шудааст, ки ин амал идомаи иқдомҳои маорифпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар минтақаҳои кишвар мебошад.
Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки дар ҳолати хуб нигоҳ доштани мактаби навбунёди имрӯза ва умуман ҳамаи мактабҳои муосири тӯли чанд соли охир сохташуда вазифаи ҳаррӯзаи аҳли маориф ва хонандагон мебошад.
Соли 2013 дар ноҳияи Данғара аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шаш бинои таълимӣ ба маблағи беш аз 7 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Имсол дар ноҳия сохтмони ду муассисаи таълимӣ барои 600 ҷойи нишаст ва таъмиру таҷдиди як муассисаи таълимӣ ба маблағи як миллиону 700 ҳазор сомонӣ, инчунин бунёди мактаб дар деҳаи Навобод ва таъмири мактаби деҳаи Ғарғара ба роҳ монда мешавад.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ сохтмони мактаб дар деҳаҳои Лолазор, Сангтӯда ва Даштак ба маблағи умумии кариб 21 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Вобаста ба ин масъала мехоҳам хотирнишон созам, ки гарчанде дар вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016» то имрӯз хеле корҳои назаррас анҷом дода шудаанд, вале фарогирии кӯдакон ба чунин навъи муассисаҳо то ҳанӯз ҳамчун яке аз мушкилоти ҳалталаб боқӣ мемонад.
Аз ин рӯ, ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки бо истифода аз захираву имкониятҳо, аз ҷумла иҷрои барзиёди буҷети маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои барномаи зикршуда ва ҳар чӣ бештар фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардида, дар он ҷиҳати дастгирии иҷтимоии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар карда шуданд. Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани мақому эътибори омӯзгорону мураббияҳо ва дар айни замон доир ба такмили ихтисос ва тавсеаи малакаву таҷрибаи омӯзгорон тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам оварда истодааст.
Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки солҳои қаблӣ ноҳияи Данғара дар самти таълиму тарбияи насли наврас мавқеи сазовор дошт. Зарур аст, ки масъулони соҳаи маориф ва омӯзгорону устодони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия минбаъд барои барқарор намудани таҷрибаи пешқадами таълимомӯзӣ кӯшиш намоянд. Барои ин, пеш аз ҳама, худи омӯзгорон вазифадоранд, ки бо усулҳои нави таълим, аз худ кардани донишҳои муосир ва технологияҳои компютериву иттилоотӣ шиносоии хуб дошта бошад.
Ҳозирини муҳтарам ва фарзандони азиз!
Ҳадафи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама, гузоштани заминаи устувор барои эъмори ҷомеаи пешрафта ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи муосир ва давлати пешрафта бидуни насли соҳибмаърифату донишманд ва мутахассисони баландихтисос ғайриимкон аст.
Иҷрои ин вазифаи ниҳоят муҳим ва дар айни замон рисолати басо пурифтихор, яъне тарбияи насли соҳибмаърифат, хушахлоқ ва дорои беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба дӯши устодону омӯзгорон вогузор шудааст.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар як шахси масъули соҳаи маориф аз он иборат аст, ки барои таълиму тарбияи насли босаводу бомаърифат ва хештаншиносу ватандӯст саҳми фаъол гузошта, рисолати устод ва омӯзгорро софдилона ва аз рӯйи виҷдон анҷом диҳад.
Падару модарони соҳибэҳтироми мо хуб дар хотир доранд, ки дар солҳои ҷавонии мо барои хонандагон ва донишҷӯён чӣ гуна мушкилоту маҳдудиятҳо вуҷуд доштанд. Вале, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, падару модарон фарзандони худро танҳо барои донишандӯзиву касбомӯзӣ ҳидоят мекарданд.
Бинобар ин, мо бояд дар мактаб фазоеро фароҳам орем, ки падару модарон аз таълиму тарбияи ҳаррӯзаи фарзандон бохабар бошанд, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва камолоти ҳамаҷонибаи хонандагонро танҳо бо роҳи ҳамкории доимии падару модарон ва аҳли ҷомеа бо мактаб таъмин кардан мумкин аст. Яъне, робитаи наздики падару модар ва аҳли ҷомеа бо мактаб ҳам ба оила, ҳам ба ояндаи фарзандон ва ҷомеа манфиат меорад.
Бузургони мо фармудаанд, ки «Кӯдак дар назди волидайн эътибори амонатро дорад ва қалби поки ӯ ҷавҳари нафисе ҳаст, ки аз ҳар гуна нақшу тасвир холӣ буда, қобили қабули ҳар гуна нақш мегардад ва ба ҳар тараф, ки ҷалб шавад, майл мекунад».
Аз ин ҷо бармеояд, ки камолоти ақлонии фарзанд ва сифатҳои хуби инсонӣ дар зеҳну шуури ӯ танҳо тавассути тарбия ташаккул меёбад, ки барои ноил шудан ба он волидайн бояд бо мактаб ҳамкории хуб дошта бошанд.
Бовар дорам, ки муассисаи таълимии имрӯзаи ба ихтиёри насли ҷавони ватанамон омодашуда ба макони ташаккули шахсиятҳои номдор ва парчамбардорони миллат табдил меёбад.
Дар фарҷоми сухан, бори дигар ҳамаи шумо — устодону шогирдони азизро ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи боз як боргоҳи илму маърифат табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод ва ба шогирдони мактаби нав хониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамида орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!