Шоир андар синаи миллат чу дил

Бо дилу дидаи бедор маро ёд кунед!

№8 (4270) 21.01.2021

Ё андешаҳо дар бобати шеъри «Ҳусни Ватан»-и шодравон  Сафар Айюбзодаи Маҳзун, ки Хосияти Зарафшонӣ онро хеле фораму таъсирбахш месарояд

АюбзодаШеърҳои Сафар Айюбзодаи Маҳзунро (рӯҳаш шод бод) кас бо майли том мехонад.

Азбаски ба хондани шеър ва гӯш кардани суруду оҳанг майли зиёд дорам, таваҷҷуҳи маро суруди Хосияти Зарафшонӣ «Ҳусни Ватан», ки ба қалами шоир Маҳзун мансуб аст, ҷалб кард. Садои ҷозибаноки Хосияти азиз ва шеъри шоир, тӯфони пурмавҷи орзуҳои ширинеро дар қалбам ба хурӯш овард.

Дӯст дорам, Ватанам, ҳусни дилорои туро,

Гулшани сабзи туро чашмаву дарёи туро.

Кӯҳу саҳрои туро, ҳама дунёи туро,

Сурмаи чашм кунам хоки сумансои туро.

Бо шунидани ин суруд ва оҳанги дилнишин муҳаббат ба чаманзорони Ватан боз меафзояд. Орзуҳо дар гулшани сабзи Ватан дубора сабзидаву дил мехоҳад бо тамоми овоз бигӯяд:

Тоҷикистони манӣ,

Модари ҷони манӣ.

Булбули шоди туям,

Боғу бӯстони манӣ.

Шоир бо нишоти афзун ободии диёрро аз сулҳ медонад.Сулҳе, ки онро мардум дер боз интизор буданд

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Роҳбари ҷавони давлати тоҷикон қадами аввалинро дар давлатдорӣ бо сулҳ оғоз намуданд. Шоири сулҳпарвару ваҳдатсаро Айюбзода бо ҳастии тамом ин мисраъҳоро дар васфи меъмори сулҳу ваҳдат чунин нигошт:

Сулҳ эҷод бикард,

Мулк обод бикард.

Ору номус ки дошт,

Ориён шод бикард.

Тантанаи сулҳу ваҳдат боиси шодмонии халқ гашт. Ҳама шодӣ карданд.

Ҳазорон чашми ҳайрат сӯйи Тоҷикистон дӯхта шуд, сӯйи он кишвари биҳиштӣ, ки парешонҳоро ҷамъ овард.

Маҳзун нишот дошт, Хосияти Зарафшонӣ мардумро бо садои марғуладораш ба тӯй, шодиву фархундагӣ даъват намуд:

Тӯй дорӣ, Ватанам,

Марҳами ҷону танам.

Ҷашнзебанда туӣ,

Шоду фархунда манам!

Ман бо дили шоду пур­умед ба сӯйи дӯстони маънавиам нигарис­таву дар хиёбонҳои гулзори шаҳри Душанбе оҳиста — оҳиста қадам мегузорам. Ба коргоҳам наздик мешавам ва боз рӯҳи поки шоир хотираҳоямро гардон мекунанд.

Ба ёд меорам, ки бо ташаббуси устоди шуъбаи фалаксароии Мактаби мусиқии бачагонаи рақами 3 ба номи А.С. Ленскийи шаҳри Душанбе Исмоил Назриев вохӯрии шоири ширинкалом Сафар Айюбзодаи Маҳзун бо хонандагон доир гардида буд. Дар вохӯрӣ шоир аз хотираҳояш нақл карда, чанд шеъри навашро хонд.

Дар баробари дигар шеърҳо, инчунин мухаммас бар ғазали Лоиқ — «Дӯстон, вақти гули хор маро ёд кунед»-ро хеле пуртаъсир ва ифоданок хонд. Ҷойи шоири шодравон дар дилу дидаи мост ва бо байте аз он мухаммас матлабро хотима мебахшам:

Рӯҳ то монадам амсоли дили оина пок,

Аз садоям бирасад замзамаи нағмаи рок,

То нагӯед шуда олами зебоӣ ҳалок,

«Гар бихоҳед, ки ман хуфта набошам дар хок,

Бо дилу дидаи бедор маро ёд кунед!».

 Бону ШОКИРОВА,

омӯзгори Мактаби мусиқии бачагонаи рақами 3 ба номи А. С. Ленскийи шаҳри Душанбе