Ифтитоҳи иншооти нав дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

№9 (4271) 23.01.2021

50862237091_cb9a78630d_o22 январи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавзеи «Шаҳраки донишҷӯён» бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 21 марти соли 1947 ҳамчун «Университети давлатии Тоҷикистон» таъсис ёфта, 28 октябри соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном кардааст. Он дорои 19 факултет бо фарогирии 118 кафедра, Институти илмӣ — тадқиқотӣ, Литсейи равияи табиӣ-риёзӣ, китобхонаи илмӣ, китобхонаи электронӣ, 103 озмоишгоҳи илмию таълимӣ, 14 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ, 10 маркази интернетӣ, 39 синфхонаи компютерӣ, 9 синфхонаи лингофонӣ, маркази биотехнологӣ, парки технологӣ, маркази омӯзиши забонҳо, Институти Конфутсий, маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон, маркази тестӣ, технологияи иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, курси тайёрӣ, чор толори варзишӣ, се пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ мебошад.

Дар 118 кафедраи донишгоҳ 1310 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 180 доктори илм ва 545 номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд.

Дар донишгоҳ 725 нафар устодони дорои унвони илмӣ фаъолият доранд, ки 55,3 фоизи онҳо кормандони асосии донишгоҳро ташкил медиҳанд. Ин шумора яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, дар донишгоҳ 13 академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 12 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Шумораи донишҷӯён 25 ҳазору 746 нафар буда, аз онҳо 18 ҳазору 775 нафарро донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, 5538 нафарро донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаю таҳсилоти фосилавӣ ва 1433 нафарро магистрону докторантон ташкил медиҳанд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ маротибаи нуҳум аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон ташриф оварда, дар чорабиниҳои он ширкат меварзанд ва дар ҳар боздид барои бунёдкориҳои нав замина гузошта мешавад.

Бори аввал соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, бо ҳайати устодону кормандон вохӯрӣ намуданд. 12 сентябри соли 1998 бошад, ба муносибати 50-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Сад­риддин Айнӣ ҷамъомади идона баргузор гардид. Боздиди сеюми Пешвои миллат ба Донишгоҳи миллӣ ба 31 августи соли 2007 рост меояд. Зимни он Сарвари давлат бинои хобгоҳи рақами 7-ро барои донишҷӯдухтарон ифтитоҳ карданд.

Ҳамчунин, 5 сентябри соли 2007 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, барои бунёди биноҳои нави таълимии «Шаҳраки донишҷӯён» хишти аввал гузоштанд.

Бахшида ба 60-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ Пешвои миллат 24 октябри соли 2008 иншооти навро дар он аз назар гузаронида, сипас бо устодону донишҷӯён дар толори Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат» вохӯрӣ намуданд.

Инчунин, якуми сентябри соли 2010 бахшида ба «Рӯзи дониш» дар «Шаҳраки донишҷӯён» бо иштироки Пешвои миллат ифтитоҳи 4 бинои нави таълимӣ — бинои факултетҳои физика, биология, геология, механикаю математика ва факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон ва муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Беларус доир гардид.

Шашуми марти соли 2015 низ Пешвои миллат ба «Шаҳраки донишҷӯён» ташриф оварда, барои сохтмони бинои аввали хобгоҳи нави он санги асос гузоштанд. Илова бар ин, Сарвари давлат 20 майи соли 2020, яъне маротибаи ҳаштум, аз донишгоҳ боздид намуда, зимни он аз рафти корҳои созандагии хобгоҳи нави донишгоҳ, ки аз 12-ошёна иборат аст, бохабар шуданд.

Маҳз бо ташаббус ва талошҳои созандаи Пешвои миллат барои рушду такомули ин боргоҳи илм тадбирҳои судманд андешида шуда, аз ҷумла, дар замони соҳибистиқлолӣ барои 8 факултет бинои наву замонавӣ бунёд гардид.

Зимнан, бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 5048 нафар пешбинӣ шуда, аз ду қисми 7-ошёнагӣ иборат аст. Дар он факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ҷойгир шудаанд.

Инчунин, аз осорхона, 73 синфхонаи дарсӣ бо ғунҷоиши аз 14 то 50 ҷойи нишаст, 5 толори калон барои маҷлис бо 100 ҷойи нишаст, 4 кабинети лингофонӣ ҳар кадом дорои 16 ҷойи нишаст, 8 синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳи таълимии «1 С» барои омӯзиши нозукиҳои ихтисоси муҳосибӣ ва озмоишгоҳи инноватсионии технологияи муосири информатсионӣ иборат мебошад.

Дар Осорхонаи Пешвои миллат дар донишгоҳ нигораҳои аслӣ, аз қабили ҳуҷҷатҳои донишҷӯии Сарвари давлат, аксҳо ва ашёи хониш бахшида ба овони донишҷӯии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дар як қисми дигари он маводҳо оид ба саҳми Пешвои миллат дар рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гирдоварӣ шудааст.

Дар факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ дар бинои наву замонавӣ, дар маҷмӯъ 17 кафедра ва 27 ихтисос мавҷуд буда, 192 нафар омӯзгорон, аз ҷумла ҳайати бонуфузи академикҳо, профессорон ва номзадҳои илм ба таълиму тарбияи 5048 нафар донишҷӯ машғуланд.

  defaultДар ошёнаи якуми бинои факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили марказҳои инноватсионӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмии омӯзгорон ва муҳаққиқон «Маркази инноватсионӣ» таъсис ёфтааст. Дар он дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла принтери чопи сеҳаҷма (3D), сканери шаклгирандаи сеҳаҷма, воситаҳои айёнии кор бо унсурҳои нанотехнологӣ ва ҳаҷмашон хурду тимсолашон ба чашм ноаён ва компютерҳои пуриқтидори насли 9-ум мавҷуд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки «Маркази инноватсионӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин марказ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таъсиси он бораи татбиқи самаранок, сифатнок ва камхарҷ таҷриба кардани маҳсули илмӣ, инчунин таъмини шароити зарурии кор барои ҳайати омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён аҳамиятнок мебошад.

Инчунин, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба варзиш майдончаи варзишии «Шаҳраки донишҷӯён» таъмир ва ба талаботи замон мутобиқ гардидааст.

Дар таҳхонаи иншоот бошад, ду китобхона бо 308 ҷойи нишаст ташкил шуда, донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд аз онҳо васеъ истифода намоянд.

Дар ҳар ошёна ҳуҷраҳои кории устодону кормандон, синфхонаҳои компютерию кабинетҳои лингофонӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар утоқҳои лозима барои омӯзгорону донишҷӯён бунёд гардидааст. Синфхонаҳои таълимӣ бо технологияи муосир, аз ҷумла, компютер, тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо, муҷаҳҳаз мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати сохтмонии ватанӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азизӣ-сохтмон» бо тарҳи наву замонавӣ сохта шудааст. Аснои шиносоӣ Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бино баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро туҳфаи Ҳукумати мамлакат дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, аз устодон ва кормандони соҳаи илму маориф талаб намуданд, ки ба тарбияи ҷавонони худогоҳу худшинос ва мутахассисони варзидаи мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои нави факултети иқтисодию молиявии донишгоҳ Сарвари давлат ба масъулини Вазорати маориф ва илм ва роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дастур доданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ-русию англисӣ аз курси 1 то 5, яъне дар ҳама ҷараёни донишомӯзӣ ба роҳ монда шавад. Инчунин, оид ба масъалаи ташкили шароити хуби иҷтимоӣ, аз қабили бунёди қаҳвахонаву ошхона ва ҷойи дастурӯйшӯӣ дар ҳар бинои таълимӣ, таъмини ободии атофи биноҳо, корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии саҳни донишгоҳ низ супоришҳо дода шуд.

Тавре маълум гардид, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 25 ҳазор донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 20 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат ёфта, 4 нафар ғолиб омадааст. Президенти мамлакат таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳро ба масъалаи ҷалби фаъоли донишҷӯён ба озмунҳо ва дигар тадбирҳои илмию фарҳангӣ ва корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карданд.

Баъди ифтитоҳи бинои нави факултети иқтисодию молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамон ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳолати ҳозираи «Шаҳраки донишҷӯён» ва нақшаҳо дар хусуси бунёди дигар иншооти зарурӣ, аз қабили биноҳои нави таълимии факултетҳои донишгоҳ, хобгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, толорҳои варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон маълумот дода шуд.

Воқеан, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақоми хоса дорад.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хотири ободу зебо гаштани мавзеи «Шаҳраки донишҷӯён» ниҳол ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида, онро ба як гӯшаи ободу зебо табдил додаанд.

Масоҳати «Шаҳраки донишҷӯён», ки дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Душанбе дар соҳили рости дарёи Душанбе воқеъ мебошад, 82,0 гектарро ташкил медиҳад.

Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди иншооти нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорон дастур доданд, ки дар вақти таҳияи он ҳама талаботи меъёрҳои меъморӣ, масоҳати заминҳои ҳудуди мавзеъ ба инобат гирифта шуда, ба масъалаи муҳлат ва сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

 50862264391_c82b389e3c_o22 январи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллатро, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, ба истифода доданд.

Он бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарбияи насли нав дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Бо дарназардошти мақому манзалати барҷастаи донишгоҳ, Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон 18 августи соли 2020 оид ба таъсис додани осорхонаи нав ҷиҳати инъикоси давраи таҳсили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм, хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти донишгоҳ, нишон додани дастовардҳои бонуфузтарин мактаби олии кишвар дар шароити ҳозира ва нақши он дар рушди маориф, худшиносӣ, ифтихор аз ватан ва арзу сипоси устодон ва донишҷӯён ба Ватану миллат ва Пешвои миллат қарор қабул карданд.

Таъсиси Осорхона меҳрнома ва арзи сипоси ҳайати зиёда аз дуҳазорнафараи кормандону олимон ва зиёда аз 25-ҳазорнафараи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хатмкардаи факултети иқтисодиёти он дар солҳои 1977-1982, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Донишҳои андӯхтаи Сарвари давлат дар оғӯши ин даргоҳи илму маърифат имкон доданд то ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расида, миллату Ватани маҳбубро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд, давлати навини тоҷиконро эҳё ва яке аз сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳонӣ ва роҳбари тоҷикони ҷаҳон эътироф гарданд.

Осорхонаи Пешвои миллат мутобиқ ба талаботи замони муосир, бо дарназардошти асл ва мазмуну мундариҷаи нигораҳо таъсис дода шуда, ҳисси худшиносию ватандӯстӣ, ифтихормандӣ ва завқи эстетикии бинандаро дучанд менамояд. Экспонатҳои осорхона овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаро гирифта, нодиртарин санад, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатм, инчунин фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, дастовардҳои олимони донишгоҳ ва ғайраҳо дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ мешаванд.

Осорхона аз утоқи пазироӣ ва ду толор: Толори «Таҳсил» ва «Истиқлол» иборат буда, нигораҳо аз нигоҳи таърихӣ мураттаб шудаанд. Масалан, дар тарафи девори рости утоқи пазироӣ Нишони давлатии Тоҷикистон дар гаҷ ҳаккокӣ гардида, аз тарафи чап Парчами давлатӣ насб гардидааст. Дар рӯ ба рӯи дари даромад мизи ҳаштгӯшаи кандакоришуда бо курсиҳо гузошта шудааст. Сақфи бино бо кандакориҳои чӯбин пӯшонида шудааст, ки маҳсули дасти донишҷӯёни Коллеҷи рассомии ба номи М.Олимов мебошад.

Дар даромадгоҳи толори «Таҳсил»  мизи донишҷӯёни солҳои 70-80-уми асри ХХ, ки Пешвои миллат дар он нишаста, таҳсили илм намудаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Дар ҳамин толор, инчунин китоб­ҳои таълимӣ аз фанни иқтисодиёт ҷой дода шудаанд. Дар се равоқи толор ҳуҷҷатҳои давраи довталабӣ, таҳсил ва хатми Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудаанд. Дар девор акси ректорони донишгоҳ то давраи Истиқлолияти давлатӣ овезон буда, толорро ҳамчунин, акси устодони факултети баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии қишлоқ дар солҳои 70-80-ум, акси собиқ донишҷӯи ин факултет Эмомалӣ Раҳмон баъди супоридани имтиҳонҳои давлатӣ, расми якҷояи ҳамсабақони Пешвои миллат ва нигораҳои кандакоришуда ороиш медиҳанд.

Композитсияи китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон-таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» чопи соли 1972 дар лавҳаи чӯбин, бозёфтҳои донишҷӯёни факултети таърих ҳангоми таҷрибаомӯзии археологӣ дар ноҳияи Фархор ва нигораҳои кандакоришуда толорро боз ҳам пурра мегардонанд. Ду сутуни толор бо тасвири нақшҳои Мақбараи Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ кандакорӣ шудаанд.

Толори «Истиқлол» ба ташрифҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дастовардҳои донишгоҳ дар 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат бахшида шудааст. Дар он, инчунин, аксҳои Президенти кишвар зимни боздид аз донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда гузошта шудааст.

Осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва матолиби бахшидашуда ба Пешвои миллат гӯшаи дигари толори барҳаворо зинат мебахшад. Дастовардҳои олимони донишгоҳ низ дар растаҳои толор ба намоиш гузошта шудаанд. Сақфи бино бо гаҷкориҳои миллӣ оро ёфта, асарҳои рассомони тоҷик дар ҷойҳои мувофиқ овезонанд.

Дар маҷмӯъ, Осорхонаи Пешвои миллат таҷассумгари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар бахши илму маориф буда, барои устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ роҳнамои арзанда хоҳад гардид.

22 январи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити дар он фароҳамгардида шинос шуданд.

Иншоот дар доираи сохтмони навбати дуюми бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бунёд гардида, аз таҳхона, 12 ошёна ва 207 ҳуҷраи хоб барои донишҷӯён иборат буда, дар маҷмӯъ барои беш аз ҳазор донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмию лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии «САНИИОСП» таҳия гардида, дар масоҳати 8 ҳазору 808 метри мураббаъ қомат афрохтаст.

Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар он барои донишҷӯён шароити истиқомат фароҳам аст. Он, ҳамчунин, аз ошхона, ҳуҷраҳои маъмурият, нуқтаи тиббӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохт­монӣ дар бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 6 марти соли 2015 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд.

Дар бинои нави хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат барои донишҷӯён синфхонаи компютерӣ, толорҳои дарстайёркунӣ, ҷойи истироҳат, хонаҳои либосивазкунӣ ва нуқтаи хӯроктайёркунӣ таъсис дода шудааст. Дар маҷмӯъ, ҳар як ошёнаи хобгоҳ дорои толор барои дарстайёркунӣ ва ошхона, ҳаммом ва дигар утоқҳои зарурӣ мебошад. Дар бинои нав, инчунин, дар асоси лоиҳа лифт насб шуда, дар байни ошёнаҳои он се адад зинапояи оҳану бетонии зиддисӯхтор сохта шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон феълан дорои 8 хобгоҳ буда, дар онҳо баробари дигар шароити мусоид ҷиҳати касбомӯзии донишҷӯён як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ карда шудаанд.

Бинои хобгоҳи рақами 6-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Шаҳраки донишҷӯён» ба истифода дода шудааст, дорои китобхона, синфхонаи компютерӣ ва сехи дӯзандагӣ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида барои донишҷӯён дар шафати хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои оғози корҳои сохтмони боз ду бинои нави хобгоҳ, қисмҳои «Б» ва «В» асос гузоштанд. Қисмҳои номбурда барои 2476 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардида, дар масоҳати 25 ҳазору 616 метри мураббаъ сохта мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи биноҳои нави хобгоҳҳои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи масъулонро ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани иншоот ҷалб намуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имконоти мавҷуда барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии донишҷӯёни шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар шаҳри Душанбе тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ, баробари бунёд ва таъмиру навсозии биноҳои муосири таълимӣ, ҳамчунин, барои донишҷӯён дар пойтахти мамлакат хобгоҳҳои замонавӣ ба истифода дода шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ҷиҳати истифодаи пурра аз шароити фароҳамгардида ва ба роҳ мондани курсҳои забономӯзию касбу ҳунарҳои муосир барои донишҷӯён дар хобгоҳҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj