Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Қонунҳо ҷонибдорӣ, ҳисоботи Прокурори генералӣ ба маълумот гирифта шуд

№10-11(4272-4273) 26.01.2021

Он созгор ба талаботи Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ ва Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мебошад

DSC_9691Бисту панҷуми январи соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Хоҳиш менамоям бо истифода аз системаи электронии овоздиҳӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Инчунин, дар иҷлосия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ, раиси Суди Олӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки даъват шудаанд, ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои ташкили ҷараёни кор лозим аст, ки мутобиқи моддаи 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби кори Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян ва тасдиқ намоем.

Бо дарназардошти масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда, пешниҳод менамоям, ки барои маърӯзачиён то 30 дақиқа, музокираҳо — 5 ва барои дархосту таклифҳо то 3 дақиқа вақт муайян карда шавад.

Таклифҳои дигар набошанд, пешниҳодро ба овоз мемонам.

Қарор қабул гардид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 102-юми Дас­тури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки котиботро интихоб намоем.

Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар дода мешавад. Марҳамат.

Одилзода Дилбар:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба ҳайати котиботи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ: Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович (раис), Набизода Мадина Раҳмат ва Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ (аъзои котибот) интихоб карда шаванд.

РАИС: — Оид ба ҳайати котибот ва шумораи он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул гардид.

РАИС: — Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ҷойҳои муқарраргардидаро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.

Инчунин, лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем. Он бо қарори ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои тасдиқ ба шумо пешниҳод шудааст. Оид ба он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул гардид:

1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»

21. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус»

22. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Самадзода Т. Д.»

23. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020».

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи якуми рӯзнома — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба таъмини асосҳои конс­титутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 20 январи соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он муайян намудани талаботи иловагӣ нисбат ба номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз — судя иборат буда, дар ин робита, бо дарназардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба қисми 2 моддаи 12 ва қисми 2 моддаи 108 Қонуни конститутсионии амалкунанда, иловаҳо ворид карда шудаанд.

Мутобиқи иловаҳо, минбаъд ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбии гарнизонҳо, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, инчунин коромӯз — судя шахсе таъин карда мешавад, ки дар баробари ҷавобгӯ будан ба дигар талаботи дар моддаҳои 12 ва 108 муайянгардида, яъне доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоти олии касбӣ, донистани забони давлатӣ, собиқаи корӣ ва ғайра, бояд хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 20 январи соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он муайян намудани талаботи иловагӣ нисбат ба шахсоне, ки ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешаванд, иборат буда, дар ин робита, бо дарназардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба қисми 1 моддаи 53 Қонуни конститутсионии амалкунанда, илова ворид карда шудааст.

Мутобиқи мазмуни меъёри иловашуда, минбаъд барои кор дар мақомоти прокуратура шахсе қабул карда мешавад, ки дар баробари шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва синни зарурӣ доштану забони давлатиро донистан, инчунин дорои сифатҳои зарурии касбию ахлоқӣ будан ва ғайра, бояд хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 20 январи соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 10 боб ва 62 моддаро дар бар гирифтааст.

Дар бобҳои 1 ва 2 муқаррароти умумӣ ва меъёрҳо бобати танзими давлатии иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ бо дарҷи мафҳумҳои асосӣ, принсипҳо, кафолат ва таъмини иҷрои чорабиниҳо дар ин самт, инчунин уҳдадориҳои мақомоти марбутаи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса, корхона ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, инъикос карда шудаанд.

Бобҳои 3 ва 4 меъёрҳои вобаста ба қайди ҳарбӣ ва ба хизмати ҳарбӣ омода кардани шаҳрвандонро дар бар гирифта, номгӯи ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ, тартиби ташкил ва пешбурди бақайдгириву аз он баровардан (хориҷ намудан бо дарҷи асосҳо барои он), шаклҳо (ҳатмӣ, ихтиёрӣ) ва намудҳои ба хизмати ҳарбӣ омода намудан, аз ҷумла тавассути тарбияи ватандӯстӣ, аз худ кардани ихтисос ва таҳсилот дар муассисаҳои таълимиро муайян кардаанд.

 Бобҳои 5 ва 6 ба таври муфассал тартиби даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ва ба хизмати ҳарбӣ дар асоси ихтиёрӣ дохил шудани шаҳрвандонро танзим намуда, асос ва шартҳои озод намудан ва ба таъхир андохтани даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок, тартиб ва муҳлати даъват, ташкили комиссияҳои даъватии марбута, инчунин даъват ҳангоми сафарбарӣ, дар ҳолати ҷангӣ ва намудҳои чунин хизмат, хусусиятҳои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро муайян намудаанд. Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳа ва супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус ташкил ва гузаронида мешавад. Зимнан, андозаи маблағ, тартиби супоридани он ва гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 Боби 7 бо фарогирии моддаҳои 41-52 намуд ва хусусиятҳои адои хизмати ҳарбии ҷинси мард ва зан, муҳлатҳои хизмати ҳатмии муҳлатнок дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо, воҳидҳои ҳарбӣ, инчунин муносибатҳои вобаста ба савганди ҳарбӣ, муваққатан ба ихтиёри мақомоти дигар фиристодан ва гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ, рутба ва мансабҳои ҳарбиро мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода, синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ буданро бо дарназардошти рутбаи ҳарбӣ муайян кардааст.

 Бобҳои 8 -10 масъалаҳои рухсат намудан аз хизмати ҳарбӣ, асосҳои он (вобаста ба синну сол, вазъи саломатӣ ва ғайра), дохил кардан ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати эҳтиётӣ, ки мувофиқи синну сол ба се гурӯҳ тақсим мешаванд, инчунин ҷамъомадҳои ҳарбӣ, асосҳои озод кардан аз он ва хусусиятҳои ба шаҳрвандони дар эҳтиётбуда додани рутбаҳои ҳарбиро танзим намуда, муайян карда шудааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 ноябри соли 2000 аз эътибор соқит дониста шавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таъмини амният ва такмили иқтидори мудофиавии кишвар, инчунин баланд бардош­тани нуфузи хизмати ҳарбӣ, мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 23 декабри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз такмили Кодекси амалкунанда, бо ҳам мутобиқ намудани қонунгузории моддӣ ва мурофиавӣ, муайян намудани мақомоти баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иборат буда, дар ин замина дар қисми 1 моддаи 96 Кодекси амалкунанда рақами «177» ба рақамҳои «173-179» иваз карда шуданд.

Мутобиқи мазмуни тағйироти зикршуда, минбаъд баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об аз ҷониби мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист анҷом дода мешавад.

Бо ҳамин сабаб аз кодекс моддаи 103, ки баррасии чунин парвандаҳоро ба ваколати мақомоти танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об мансуб донистааст, хориҷ карда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили амалияи мурофиавӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2019-2021» пешниҳод гардида, онро 16 декабри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз такмили кодекс, мутобиқ намудани муқаррароти алоҳидаи он ба дигар қонунҳо, инчунин содаву равон ифода намудани меъёрҳо бо истифодаи якхелаи мафҳумҳои ҳуқуқӣ ва васеъ намудани ҳуқуқи иштирокчиёни алоҳидаи мурофиаи ҷиноятӣ иборат буда, дар ин замина зиёда аз 30 тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда, имлоӣ ва меъёрӣ доранд.

Бо як қисми тағйирот дар моддаҳои 28, 114, 116, 195, 196 ва 453 рақамҳои алоҳида мувофиқан ба рақамҳои 75, 82, 192, 195 ва 352 иваз ё илова карда шуда, бо қисми дигари тағйирот дар моддаҳои 23, 47, 101, 108, 112, 138, 145, 210, 230 — 232, 265, 286 ва 406 калима ё ибораҳои алоҳида иваз, илова ё хориҷ карда шудаанд.

Матн ё қисмҳои алоҳидаи моддаҳои 7, 13, 35, 109, 119 ва номи боби 14 дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи онҳо ваколати суд бобати ирсоли мавод оид ба айбдоркунии хусусӣ барои оғози парвандаи ҷиноятӣ ва гузаронидани таҳқиқ ва ё тафтиши пешакӣ ба мақомоти дахлдор, ҳуқуқи иштирокчиёни мурофиаи судӣ, инчунин шахсони дигаре, ки манфиати онҳо халалдор шудааст, дар бораи шикоят овардан аз амал (беамалӣ) ва қарорҳои таҳқиқбаранда, муфаттиш, роҳбари мақомоти тафтишот, прокурор, суд, судя, инчунин андозаи маблағи гарав вобаста ба категорияҳои алоҳидаи ҷиноят муайян карда шудаанд.

Моддаи иловашудаи 352 тартиби гирифтани иҷозати судро барои гузаронидани амали тафтишӣ, механизми ҳолатҳои бе иҷозати суд гузаронидани кофтукову дарёфт кардан ва аз ҷониби суд қабул кардани қарорро пешбинӣ намуда, бо тағйирот ба моддаҳои 46, 49 ва 53 ҳуқуқи гумонбаршуда ва салоҳияти ҳимоятгар, ки дар мурофиаи ҷиноятӣ минбаъд бо пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ иштирок менамояд, такмил дода шудаанд. Моддаи иловашудаи 771 хусусиятҳои ҷалби мутахассис, хулоса ва нишондоди мавсуфро фаро гирифта, иловаҳо ба моддаҳои 91 ва 111 сана ва вақти овардани дастгиршуда ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва даъват кардани ҳимоятгар, ҳуқуқи шинос шудан бо маводе, ки асоснокии дархостро тасдиқ менамоянд, инчунин тартиби баррасии судии дархостро дар бораи татбиқи чораи пешгирӣ намудаи ҳабс муайян намудаанд.

Дар таҳрири нав ифода шудани қисми 3 моддаи 124 тартиб ва муҳлати баррасии судии шикоят, қабули санади судӣ аз натиҷаи он, муҳлати шиносшавӣ ба протоколи маҷлиси судиро фаро гирифта, тибқи тағйир ба қисми 2 моддаи 146 ва ифода гардидани моддаи 270 дар таҳрири нав, нусхаи қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ мувофиқан фавран ба прокурор фиристода шуда, шахсе, ки нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, бо он шинос ва ба аризадиҳанда хабар дода мешавад. Илова ба ин, минбаъд судя ба тарафҳо дар асоси дархосташон барои шиносоӣ бо ҳамаи маводи парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла аз он рӯйнавис кардани маълумоти зарурӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо бо истифодаи воситаҳои техникӣ иҷозат медиҳад ва шароит фароҳам меоварад.

Бо илова ба моддаи 403, ба прокурори болоӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки эътирози ба тариқи назоратӣ овардаи прокурори поёниро бозхонд намояд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили қонунгузории мурофиавӣ ва раванди пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 20 январи соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз муайян намудани талаботи иловагӣ нисбат ба шахсоне, ки ба мақомоти Агентӣ ба кор қабул карда мешаванд, иборат буда, дар ин робита, бо дарназардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 26 қонуни амалкунанда, иловаҳо ворид карда шудаанд.

Мутобиқи мазмуни меъёри иловашуда, минбаъд ба хизмат дар мақомоти Агентӣ, аз ҷумла ба воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқии Агентӣ, шахсе қабул карда мешавад, ки дар баробари бархӯрдорӣ аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, синни зарурӣ ва таҳсилоти миёна ва (ё) олии касбӣ, забони давлатиро донистан, инчунин дорои сифатҳои зарурии касбию ахлоқӣ будан ва ғайра, бояд хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 20 январи соли 2021 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз муайян намудани талаботи иловагӣ нисбат ба шахсоне, ки ба мақомоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, иборат буда, дар ин робита, бо дарназардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба қисми 1 моддаи 97 қонуни амалкунанда илова ворид карда шудааст.

Мутобиқи мазмуни меъёри иловашуда минбаъд барои кор дар мақомоти иҷро шахсе қабул карда мешавад, ки дар баробари шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дош­тан, бояд хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро 16 декабри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз мутобиқ намудани он ба қонунҳои амалкунанда, ки барои пешбурди фаъолияти адвокатӣ доштани иҷозатномаро хориҷ намудааст, иборат буда, дар сархати якуми қисми 2 моддаи 18, тағйир ворид карда шудааст.

Мутобиқи мазмуни тағйироти зикршуда, минбаъд мулоқоти адвокат бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар парвандае, ки ӯ ба сифати ҳимоятгар иштирок менамояд, дар асоси пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ ба роҳ монда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, инчунин муҳтавои «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2028» ва «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» мутобиқ буда, барои такмили қонунгузории кишвар мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.

ҲАКИМЗОДА Қурбон:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли 2020 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳо бо агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, такмили системаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ, ҳифзи саломатии инсон, ҳайвонот, растаниву муҳити зист, амалӣ намудани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъи силоҳи биологӣ ва токсинӣ қабул гардидааст.

Қонун аз 5 боб ва 22 модда иборат буда, боби 1 муқаррароти умумиро дар бар мегирад.

Боби 2 вобаста ба тадбирҳои манъкунӣ дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ нигаронида шуда, коркард, истеҳсол, ба даст овардан, ҳамлу нақл ва нигоҳ доштани силоҳи биологӣ ё токсинӣ, анҷом додани фаъолияти беиҷозат дар объектҳои эҳтимолан хатарноки биологиро пурра танзим менамояд.

Боби 3 марбут ба идоракунии давлатӣ дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ равона шудааст, ки минбаъд салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологиро пурра инъикос менамояд.

Боби 4 ба санҷишҳо дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ, иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи мазкур, ҳамлу нақли агенту токсинҳои биологии назоратшаванда, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ, робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти биологӣ ва муҳофизати он равона шуда, боби 5 муқарроти хотимавиро дар бар мегирад.

Ҳамин тариқ, қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.

ҲАКИМЗОДА Қурбон:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода, Р. Латифзода ва М. Ахмедов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2020 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули он мутобиқгардонии меъёрҳои қонун ба муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» мебошад.

Ҳамин тариқ, тағйиру иловаҳои воридгардида минбаъд мафҳумҳо, принсип ва мақсадҳои заминсозиро равшану возеҳ гардонида, меъёрҳои таъмини истифодаи пурра, оқилона ва самараноки заминро ба танзим медарорад.

Илова бар ин, дар доираи қонуни зикршуда ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Ҳангоми баррасии қонуни зикршуда дар ҷаласаи кумита, муайян гардид, ки он ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи заминсозӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

 

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ табдил додани мамлакат пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагон 25 ноябри соли 2020 қабул кардааст .

Мақсади қонун аз фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони босалоҳият дар заминаи таҳия ва амалишавии механизми танзими низоми тайёр намудани онҳо ва ҷорӣ намудани методологияҳои муосир буда, он 6 боб ва 21 моддаро дар бар гирифтааст. Қонун асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии ҳамкории мақомоти давлатӣ, корфармоён ва муассисаҳои тайёр намудани мутахассисонро ҷиҳати қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони босалоҳият дар доираи низоми миллии тахассусҳо муайян менамояд.

Қонун ба Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагон 23 декабри соли 2020 қабул намудааст.

Тибқи қонуни зикршуда ба моддаи 60 ва 64 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид карда шуда, дар асоси он ба моддаи 60 минбаъд иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, ба муассисаҳои таълимию илмӣ ва табобатӣ, новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дода мешавад.

Ҳамчунин, вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, ба моддаи 64, минбаъд назорати фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо ҷалби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ амалӣ карда мешавад.

Қонун ба Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад ва эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 декабри соли 2020 қабул намудааст.

Тибқи қонуни зикршуда, ба моддаи 69 қонуни амалкунанда, ки тартиби бақайдгирии давлатии иваз намудани ном, номи падар, насабро пешбинӣ менамояд, бо мақсади кӯтоҳ намудани муҳлати баррасии ариза ва бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Тибқи тағйирот, ба қисми 2 моддаи мазкур ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар дар муддати на дертар аз як моҳ аз рӯзи додани ариза бояд баррасӣ шуда, ҳангоми пайдо шудани сабабҳои узрнок муҳлати баррасии он ба муҳлати понздаҳ рӯз дароз карда мешавад.

Бо илова ба қисми 3 моддаи зикршуда, давраи дастрас шудани нусхаи сабте, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, ба муҳлати дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодашуда дохил карда намешавад.

Илова ба қисми 4 моҳиятан муайян кардааст, ки мақомоти корҳои дохилӣ ҷавоби хаттии натиҷаи санҷиши шахсро вобаста ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар бояд дар муддати 15 рӯз пешниҳод намояд.

Қонун ба Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, аз аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдории онро хоҳиш менамоем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 декабри соли 2020 қабул намудааст.

Мақсади ворид намудани иловаҳо ба қонуни амалкунанда ба содагардонии ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ равона гардида, тибқи он, бақайдгирии доруворӣ ва молҳои тиббӣ ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҳарбӣ, бавуҷудоии ҳолатҳои фавқулода, хурӯҷи эпидемия ва талабот ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда сабук ва муҳлати баррасии онҳо кам карда мешавад

Қонун ба талаботи Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2020 қабул намудааст.

Бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонун)» хориҷ карда шуда, дар моддаи 25, ки назорати давлатии сифати таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян менамояд, калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа» ба калимаҳои «мақоми ваколатори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» бо мақсади аз байн бурдани такрорёбии ваколатҳо аз тарафи дигар сохторҳои давлатӣ иваз карда шудааст.

Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2020 қабул намудааст.

Мақсади қонун аз мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва такмили он иборат буда, аз матни моддаҳои 2, 4 ва 17 калимаи «(Сарқонун)» хориҷ карда шуда, тағйироти мавриди назар ба моддаи 13, ки назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагиро муайян менамояд, калимаҳои «мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» бо мақсади аз байн бурдани такрорёбии ваколатҳо аз тарафи дигар сохторҳои давлатӣ дар самти назорати фаъолияти илмӣ иваз карда шудаст.

Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2020 қабул намудааст.

Мақсади қонун аз мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили он иборат буда, дар ин замина аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонун)» хориҷ карда шуда, ба қисми 3 моддаи 8, ки сертификатсия, аттестатсия ва аккредитатсияи фаъолияти экспертиро муайян менамояд, калимаҳои «Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» бо мақсади аз байн бурдани такрорёбии ваколатҳо аз тарафи дигар сохторҳои давлатӣ иваз карда шудааст.

Қонун ба талаботи Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли 2021 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонуни мазкур, пеш аз ҳама, мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар таҳрири нав ва дар иртибот ба моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамин тариқ, қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» оғоз менамоем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 декабри соли 2020 қабул намудааст.

Он бо мақсади танзими минбаъдаи муносибатҳо байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ва фурӯшандагон қабул гардидааст.

Ҳамин тариқ, ба моддаҳои 1, 3, 6 ва 18 қонуни амалкунанда мафҳумҳои нав ба монанди мол, сертификати мутобиқат, аз муомилот гирифтани мол (кор ва хизмат­расонӣ), шартнома, дастрасӣ ба иттилоот дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ворид гардидааст, ки минбаъд доираи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро васеътар мегардонад.

Илова бар ин, ба баъзе аз моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонуни зикршуда ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» шурӯъ менамоем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шамсидинзода, М. Ахмедов, С. Уроқова ва З. Файзуллозода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 25 ноябри соли 2020 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонун мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ, мутобиқ намудани он ба талаботи имлои забони тоҷикӣ мебошад.

Дар иртибот ба ин, ҷиҳати мусоидат дар татбиқи барномаҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, минбаъд мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот ҷой гирифтааст, дар ҷамоати шаҳрак ва деҳот аз қайди баҳисобгирӣ мегузарад ва дар ин хусус дар оинномаи он сабт карда мешавад. Дар ҳудуди маъмурие, ки шаҳрак ва деҳот надорад, қайди баҳисобгирӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешавад.

Илова бар ин, ба баъзе аз моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонуни зикршуда ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус» шурӯъ менамоем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

 РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани ноҳияи Шаҳритуз ба ноҳияи Шаҳритус» аз 31 декабри соли 2020, №698 таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба номи Шаҳритус иваз карда шавад.

Зарурати иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус, пеш аз ҳама, мутобиқатнамоӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» буда, арҷгузорӣ ба таърихи ниёгони халқи тоҷик мебошад.

Қарори зикршуда мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои ҳамин муносибатҳоро танзимкунанда мухолифат надорад.

Маълумоти зарурӣ, тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ, аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Аз ин лиҳоз, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Самадзода Т. Д.» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

 

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Самадзода Турахон Давлат бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Самадзода Турахон Давлат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» шурӯъ менамоем. Сухан ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Раҳмон Юсуф дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Юсуф:

- Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Прокуратураи генералӣ соли 2020 фаъолиятро дар асоси Конститутсия, қонунҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Баҳри иҷрои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2020 «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақшаи чорабиниҳои дахлдор қабул ва амалӣ карда шуданд.

Нақши муҳими Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба инобат гирифта, дар давраи ҳисоботӣ 275 ҷаласаи шӯроҳо баргузор ва дар онҳо масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи молу маҳсулот ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Ҳамчунин, 70 ҷаласаи васеи ҳайатҳои мушовараи прокуратура баргузор гардида, дар онҳо натиҷаҳои санҷиши масъалаҳои муҳими вазъи қонуният дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шуд. Ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ «Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ прокуророн вобаста ба иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо 5764 (соли 2019-ум 5338) санҷиш гузаронида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 29805 (24106) (5 699 адад зиёдтар) санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда, аз натиҷаи баррасии онҳо нисбат ба 43 503 (36332) (7 171 нафар зиёдтар) қонунвайронкунанда ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ татбиқ намуда, 3 062 (2688) (374 адад зиёдтар) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карданд. Бо дахолати прокуророн 701,3 млн. (597,9 млн.) сомонӣ зарар барқарор гардидааст, ки нисбат ба соли 2019 — ум 103,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Баҳри таъмини фазои ягонаи ҳуқуқӣ дар кишвар ба 35 санади қабулнамудаи роҳбарони вазорату идораҳо ва ба 1055 (842) қарори раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудааст, ки 865 адад ва ё 82 фоизи онҳо вобаста ба қонунгузории замин мебошад.

Вобаста ба назорати риоя ва иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва қонунгузории истифодаи мақсадноки замин 6 291 (3995) (2 296 нафар бештар) шаҳрванд ва масъулини соҳа ба ҷавобгарии интизомию моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 1 088 (984) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 9 069 (8196) гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Соли 2020 аз тарафи мақомоти прокуратура 296 нафар шахсони мансабдор, аз ҷумла 22 нафар кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 27 нафар роҳбарон ва кормандони мақомоти идораи замин, 120 нафар раисон ва заминсозони ҷамоатҳо, 49 нафар кормандони мақомоти бақайдгирии амволи ғайриманқул ва бойгониҳо, инчунин 78 нафар роҳбарони хоҷагиҳо барои содир намудани ҷиноятҳои бо замин алоқаманд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Санҷиши Прокуратураи генералӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор, Мастчоҳ, Шаҳритус ва Восеъ ҳолати зиёди ғайриқонунӣ додан ва хариду фурӯши 135 гектар заминро ба маблағи 155 ҳазор доллари ИМА, 2,5 млн. сомонӣ, 150 ҳазор рубли Федератсияи Россия ошкор намуд.

Тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ муайян намуд, ки дар давраи солҳои 2017-2020 дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо бо мусоидати шахсони мансабдори давлатӣ бо мақсади ба даст овардани даромади муфт гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати аз 3 то 8  — нафарӣ ташкил ёфта, ба тақсимот ва хариду фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин машғул шудаанд. Чунончӣ:

 

 

 

1) Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Б. ва муовини ӯ Ҳафизов П. М. бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи ҷинояткорон 128 га қитъаҳои заминро ба 306 шаҳрванд фурӯхтанд (725 ҳазор сомонӣ).

2) Муовини директори Ҷамъияти лоиҳакашии «Шавкат» Назарзода Ш. бо гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 10 нафар шахсони мансабдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Кӯлоб бо роҳи тартиб додани 200 адад қарори қалбакии раиси шаҳр 26 га замини таъиноти кишоварзиро ба 200 нафар бо маблағи 1,5 млн. сомонӣ фурӯхтанд.

3) Муовинони раиси ноҳияи Ёвон Набизода А. А. ва Саъдуллозода А. бо таъсиси гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 13 нафар шахсони мансабдори ноҳия 17 га заминро ба 100 нафар шаҳрвандон бо маблағи 10800 доллари ИМА ва 250000 сомонӣ фурӯхтанд.

4) Дар ноҳияи Шоҳмансур гурӯҳи муташаккили ҷиноятии қаллобон бо мусоидати собиқ муовини раиси ҳамин ноҳия Мирзозода А. Ҳ. бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба 37 нафар шаҳрвандон 1,3 га замини захираи шаҳрро (маҳаллаи Ховарон) бо маблағи 232 800 доллар ва 80 000 сомонӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ фурӯхтанд.

5) Корманди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Х. бо 8 нафар шахсони мансабдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо роҳи сохтакорӣ 67 га замини таъиноти кишоварзиро дар харитаи заминистифодабарӣ ҳамчун замини маҳали аҳолинишин нишон дода, ба 500 нафар шаҳрвандон доданд.

6) Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб Раҷабзода Қ. бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи ҷиноятӣ 8 га замини чарогоҳро ба 213 нафар шаҳрвандон бо маблағи 164000 сомонӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ фурӯхтанд.

7) Гурӯҳи муташаккили ҷиноятии муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Восеъ Саидов С. бо миёнаравии қаллоб Ҳакимов Ҷ. 1,1 га замини таъиноти кишоварзиро ба 18 нафар шаҳрвандон бо маблағи 155000 сомонӣ фурӯхтааст.

8) Аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Қурбонов Д. Р. ва дигарон 10 га замини корами обии хоҷагиҳои деҳқонии «Мурод», «Сайёд», «Муссо» ва «Кенҷа»-и ноҳияи Рӯдакиро бо маблағи 258 000 доллари ИМА фурӯхтанд.

9) Муҳандис-заминсози ҷамоати деҳоти «Ҳисор» Абдураҳмонов А., 2,3 га заминро ба 15 нафар бо маб­лағи 39300 доллари ИМА ва 60000 сомонӣ фурӯхтааст.

10) Директори ҶСШК «Улҷабой»-и ноҳияи Рӯдакӣ Холиқов Б., 0,3 га заминро ба 2 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ додааст.

11) Сармутахасис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент Маҳмудзода З. М. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо сардори фурудгоҳи шаҳр Музаффаров М. М. 0,5 га замини фурудгоҳро ба ивази 5 ҳазор доллар фурӯхтааст.

12) Мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Раҳимзода Ф. 0,6 га заминро ба маблағи 7 ҳазор доллари ИМА ба шаҳрвандон фурӯхтааст.   Чунин мисолҳо хеле зиёданд.

Прокуратураи генералӣ ҷиҳати ба эътидол овардани қурби асъори миллӣ ва назорати асъор дар ҷумҳурӣ 377 қонунвайронкунӣ ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳгор 263 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 114 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 2,5 млн. сомонӣ, 221 ҳазор доллари ИМА, 211 ҳазор рубли Федератсияи Россия ва 1,2 млн. сомонӣ молу маҳсулот дарёфт ва мусодира намудааст. Чунончӣ, муовини директори Департаменти хазинадории БДА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Исоев О. Ғ. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо бародарон Ғуломовҳо якчанд ширкат таъсис дода, ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ ва интиқоли он ба хориҷи кишвар машғул гардидаанд.

Ғуломовҳо ҳангоми аз соҳибкорон барои интиқол қабул кардани маблағ бо асъори миллӣ (151 млн. 766 ҳазор сомонӣ) бо дарназардошти аз қурби расмии муқарраркардаи Бонки миллӣ баланд нишон додани қурби доллари ИМА, аз ҳар 100 доллари ИМА аз 10 то 100 сомонӣ фоидаи муфт ба даст овардаанд, ки ин 5,5 млн. сомонӣ, 73 900 доллари ИМА ва 255 276 рубли Федератсияи Россияро ташкил медиҳад.

Бо мусоидати Исоев О. Ғ. онҳо аз суратҳисобҳои ширкатҳояшон14 млн. 982 ҳазор доллари ИМА-ро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Барои «хизматҳо» ба Исоев О. Ғ. онҳо 3 млн. 280 ҳазор сомонӣ додаанд. Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

Зимни санҷишҳо оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ 2 275 қонунвайронкунӣ ошкор карда, баҳри бартараф намудани онҳо 2 018 санади эътиноӣ татбиқ ва 1170 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, моддию маъмурӣ кашида шуда, 135 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 301,5 (278,9) млн. сомонӣ маблағи зарар ба буҷет барқарор гардид.

Ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ диққати хосса дода шуда, бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 81 млн. сомонӣ маблағи истифодаи он барқарор карда шуд. Ҳолатҳои зиёди дуздӣ, исрофкорӣ ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва маблағҳои аз фурӯши он бадастомада ошкор гардида, 12 нафар кормандони шабакаҳои барқӣ, бинобар даст доштан ба ин ҷиноятҳо, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Чунончӣ, нозири Шабакаҳои барқи ноҳияи А.Ҷомӣ 67,4 ҳазор сомонӣ пули нақди маблағҳои аз аҳолӣ ҷамъовардашударо бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо тасарруф намудааст. Бо натиҷаи санҷишҳо дар ин самт баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 1412 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддию маъмурӣ кашида шуда, 35 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар ин давра бо дахолати прокуророн 190 (142,8) млн. сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохт гардида, барои сари вақт напардохтани он 1140 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 490 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 63 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.

Ба назорати риоя ва иҷрои талаботи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида шуда, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемории коронавирус COVID-19, ҳодисаҳои паҳн намудани овозаҳои бардурӯғ, беасос баланд бардоштани нархи доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ чораҷӯӣ карда шуд. Дар рафти яке аз санҷишҳо муайян шуд, ки сарпарасти Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ Наимов Ф. К. бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ба маблағи 74 582 сомонӣ маводи дорувории аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҷудогардидаро фурӯхта, маблағи бадастомадаро ба манфиати шахсӣ харҷ намудааст.

Аз натиҷаи санҷишҳо вобаста ба ин 5 765 нафар қонунвайронкунандагон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддию маъмурӣ кашида, 249 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорати доимии прокуророн қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани вайронкунии талаботи қонуни зикршуда 977 (899) нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Назорати риояи қонунгузории андоз ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои андозсупорандагон дар маркази диққати махсуси мақомоти прокуратура қарор дорад. 24 264 хоҷагии деҳқоние, ки берун аз қайди расмӣ фаъолият доштанд, муайян карда, 2 817 адади онҳо ба қайди давлатӣ гузошта шуданд.

Аз натиҷаи санҷишҳо дар ин самт баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 3 309 (2753) нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 71 (72) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Чунончӣ, директори ҶДММ «Рахшон 1» Набиев А. А. аз 1 октябри соли 2018 то 1 июли соли 2020 бо роҳи дар ҳисобот ва эъломияҳои андоз пурра нишон надодани амалиётҳои тиҷоратии корхона 20 млн. сомонӣ андозҳоро пинҳон намудааст. Нисбат ба Набиев А. А. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Бо дахолати прокурорҳо 288 (263,7) млн. сомонӣ ба буҷет ворид гардида, ҷиҳати рӯёнидани қарзи андоз ба судҳои иқтисодӣ 21 даъво ба маблағи 11 млн. сомонӣ пешниҳод гардид.

Пардохтҳои гумрукӣ низ ҳамчун ҷузъи муҳими даромади буҷет маҳсуб ёфта, риояи қонун дар ин самт таҳти назорати доимии прокуророн қарор дорад. Бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 3 159 (2663) ҳуқуқвайронкунанда ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 124 (144) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 46,7 (33,5) млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуд.

Дар рафти амалигардонии назорати қонунгузорӣ оид ба гумрук 15 ноябри соли 2020 шаҳрвандон Назаров С. Р. ва Сафаров Ф. Д. дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир гардида, аз онҳо 89 кг 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта мусодира шуданд. (Маблағи умумӣ зиёда аз 10 млн. долларро ташкил медиҳад).

Ҳамчунин, муайян карда шуд, ки нозир — хазиначии бахши молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Нуъмонзода С. С. бо суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо соҳибкор Ҳайдаров А. Н. ва деклорант Сафаров Ш. Р. ғайриқонунӣ 21,7 млн. сомонӣ пардохти гумрукиро аз хазинаи Раёсат ба суратҳисоби 4 ширкати ба соҳибкор Ҳайдаров А. Н. тааллуқдошта гузаронида, ба маблағи 9,3 млн. сомонӣ расидҳои қалбакии пардохт­и гумрукӣ додааст. Номбурдагон бо ин роҳ 31 млн. сомонӣ маблағи пардохти гумрукиро ба буҷет ворид накарда, аз они худ намудаанд. Барои ин кирдор Нуъмонзода С. С. бо ҳукми суд ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум ва нисбат ба Ҳайдаров А.Н. ва Сафаров Ш.Р. кофтуков эълон карда шуд.

Аз тарафи гурӯҳи корӣ дар вилояти Суғд 1795 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ошкор ва вобаста ба ин 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфт.

Прокурорҳо ҳолати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавононро 590 (574) маротиба санҷида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 1493 (1103) амр дода, 1 291 (997) эътироз ва 985 (820) пешниҳод оварданд.

Бо чораҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон рӯ ба пастравӣ ниҳода, 754 (873) ё нисбат ба соли 2019-ум 119 ҷиноят камтар содир шудааст.

Санҷиш дар ин самт дар «Мактаби президентӣ барои хонанда болаёқат дар шаҳри Ҳисор» муайян намуд, ки 130 нафар хонанда аз гурӯҳи шартномавӣ ба гурӯҳи буҷавӣ ғайриқонунӣ гузаронида шудаанд, ки дар натиҷа ба давлат 455 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст. Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ хонандагон ба гурӯҳи шартномавӣ гузаронида, зарари расонидашуда (455 ҳазор сомонӣ) пурра барқарор карда шуд.

Ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мунтазам мавриди санҷиш қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 801 (917) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 2569 (2188) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 237 (145) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 23 460 (21996) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2019-ум 1464 адад ё 6,6 фоиз зиёд буда, кушодашавии онҳо 83 фоизро ташкил медиҳад. Афзоиши ҷинояткорӣ дар ноҳияи Шаҳринав — 129 ё 76,3%, Рашт — 68 ё 31,1%, Лахш — 19 ё 30,6%, Рӯдакӣ — 30 ё 21,1%, Нуробод — 21 ҷиноят ё 20,7%, Файзобод — 21 ё 12,3%, шаҳри Ҳисор — 39 ё 7,2%, вилояти Хатлон — 1333 ё 3,5% ба назар мерасад.

Ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба монанди одамкушӣ 10 адад (107/97) ё 10,3 фоиз, роҳзанӣ 4 адад (33/29) ё 13,7 %, авбошӣ 173 адад (1325/1152) ё 15%, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 9 адад (135/126) ё 7,1 %, ғоратгарӣ 17 (161/144) ё 11,8%, қаллобӣ 54 (2866/2812) ё 1,9%, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ 16 (44/28) ё 11,8%, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 94 адад (602/508) ё 18,5 % зиёд ба қайд гирифта шуд.

Аз ҷониби прокуророн дар ин давра бевосита 8 021 ё 34,1 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳо, аз ҷумла 962 ҷинояти аз қайд пинҳонкарда ошкор ва ба қайд гузошта шуд.

Дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 566 адад силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира шуд.

Воҳидҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ пешбурди 11 067 (12376) парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 10 183 (9727) парвандаро ба суд ирсол намуда, дар рафти тафтиши пешакӣ 363 (309) млн. сомонӣ зарари расонидашударо (ба манфиати давлат 214 (130) млн. сомонӣ) барқарор намуданд. Аз ҷумла, муфаттишони прокуратура 3 515 (3378) парвандаи ҷиноятиро бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намуданд, ки нисбат ба соли 2019-ум 137 адад зиёд мебошад.

Дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ошкоршуда ба маблағи 61,8 (11,4) млн. сомонӣ (ба манфиати давлат 12,7 млн. сомонӣ) барқарор карда шуд. Дар натиҷаи чораҳои андешида соли 2020-ум 34 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон 599 (633) камтар ба қайд гирифта шуд. Барои ба худкушӣ расонидан 42 шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, алалхусус, дар рафти таъқиби ҷиноятӣ таҳти назорати қатъии прокуророн қарор дошта, 48 ҳолати ғайриқонунию бармаҳал оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, 10 ҳолати ғайриқонунӣ дастгир намудан, 6 ҳолати ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтан, 12 ҳолати ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон ошкор карда, ҳуқуқҳои поймолгардидаи онҳо барқарор ва нисбат ба шахсони гунаҳгор чораҳои қатъии прокурорӣ андешида шуд.

Вобаста ба истифодаи азобу шиканҷа ду парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол, гунаҳгорон бо ҳукми суд маҳкум карда шуданд.

Сатҳи содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта бештар гардида, соли сипаришуда 1 118 (1063) чунин ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 55 адад ё 5% зиёдтар мебошанд. Ду ҷинояти сӯиқасд ба терроризм ва 20 ҷинояти маблағгузории терроризм ошкору ба қайд гирифта шуд.

Дар самти мубориза бар зидди коррупсия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 4 717 (3572) ҷиноят, аз ҷумла аз тарафи мақомоти АНДМ ва МК 3265 (1338), прокуратура 1424 (1568), ВКД 18 (453) ва КДАМ 10 (94) ҷиноят ошкор карда шуд.

Дар раванди назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ прокуророн бо 8658 (9886) парвандаи ҷиноятӣ айбдоркунии давлатиро дастгирӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати бекор ва ё ба қонун мутобиқ намудани санадҳои судӣ 407 эътироз (38 хусусӣ, 149 кассатсионӣ, 220 назоратӣ) оварда шуда, аз онҳо 271 адад қонеъ карда шуданд.

Прокуророн дар баррасии 5970 (6021) парвандаи гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои судӣ 101 эътироз (17 кассатсионӣ, 2 хусусӣ, 92 назоратӣ) оварданд. Аз он 77 эътироз қонеъ карда шуд.

Ба судҳои умумӣ ва иқтисодӣ ба манфиати давлат ва ҷамъият 797 (820) даъво ба маблағи 244,3 (451) млн. сомонӣ пешниҳод шуда, бо ин даъвоҳо аз ҷониби судҳо 743 даъво ба маблағи 477,6 млн. сомонӣ қонеъ гардида, 159,2 (42,7) млн. сомонӣ рӯёнида шудааст.

Ҳолати иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва тавқифгоҳҳои тафтишотӣ 4435 маротиба санҷида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 832 санади эътиноии прокурорӣ оварда, 98 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Дар ин давра нисбат ба маҳбусон ва кормандони фаврии муассисаҳои ислоҳӣ 50 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Риояи қонунҳо ва оинномаҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ 704 маротиба санҷида, 1406 (1317) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 179 (162) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 9,6 млн. сомонӣ зарари расонида барқарор карда шуд. Прокуророн дар сохторҳои ҳарбӣ 590 (542) ҷиноятро ошкор намуданд, ки аз ин 283 ададро ҷиноятҳои умумӣ ва 307 ададро ҷиноятҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд.

Бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, инчунин, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Бо прокуратураҳои Федератсияи Россия ва Беларус «Барномаҳои ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2021» ба имзо расонида шуда, лоиҳаи чунин созишномаҳо бо кишварҳои Корея, Маҷористон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Арабистони Саудӣ, Шоҳигарии Баҳрайн аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтанд.

Мубодилаи амалияи назорати прокурорӣ ва тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ дар ҷаласаҳои байналмилалӣ тавассути алоқаи видеоӣ муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар ин давра иҷрои 53 дархости байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ таъмин гардида, ҳамчунин аз хориҷи кишвар 16 ҷинояткори дар кофтуков қарордошта ба ҷумҳурӣ баргардонида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Кормандони прокуратура вобаста ба шарҳи мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, аҳамияти Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии экстремизму терроризм дар коллективҳои меҳнатӣ, маҳали зисти аҳолӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, дар маҷмӯъ, 12090 вохӯрию суҳбат гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма 2822 маротиба (аз ҷумла тариқи матбуот 814 (799), телевизион 999 ва радио 695 (683) маротиба) баромадҳо намуданд.

Прокуратураи генералӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат фаъолиятро дар оянда боз ҳам тақвият мебахшад.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Аз ҳисобот ва маълумоти таҳлилгардида бармеояд, ки нишондиҳандаҳои асосии мақомоти прокуратура ба таносуби фоиз зиёд шудааст, ки ин дар маҷмӯъ, мусбат арзёбӣ мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро бо дарназардошти ба он ворид кардани дастуру супоришҳои иловагии дар рафти баррасии ­масъала баёнгардида ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеашонро нисбат ба лоиҳаи қарори зикршуда муайян созанд. Марҳамат.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи талаботи моддаи 103 Дас­тури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котибот оид ба рафти кор, муроҷиат ва ҳуҷҷатҳои ба унвони иҷлосияи Маҷлиси миллӣ воридшуда маълумот манзур менамояд. Доир ба ин масъала сухан ба раиси котибот Шоиддинов Фазлиддин дода мешавад. Марҳамат.

ШОИДДИНОВ Фазлиддин:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Унвонии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ягон ариза, барқия ё муроҷиат ворид нашудааст.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ ва вобаста ба онҳо қарорҳо қабул гардиданд. Доир ба рафти он таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат иброз намоед. Нест.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи рушди муносибатҳои байнипарламентӣ, ки яке аз василаҳои баланд бардоштани нуфузи ҷаҳонии давлати соҳибихтиёрамон маҳсуб мегардад, қадамҳои тоза ва устувор гузошт.

Тавре огаҳӣ доред, дар ҳама гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи арзандаи 30-юмин солгарди ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд. Эътимоди комил дорам, ки соли ҷорӣ низ аъзои Маҷлиси миллӣ амалисозии нақшаҳои неку ватандӯс­тонаро дар роҳи ободу зебогардонии мамлакат идома дода, ба хотири амалисозии ташаббусҳои созанда азму талоши бештар хоҳанд кард.

Ҳозирини гиромӣ!

Хотирнишон месозам, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ», ки фардо дар Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мешавад, роҳнамо ва ҳидоятгари фаъолияти минбаъда мегардад.

Ҳамчунин, аъзои Маҷлиси миллиро зарур аст, ки иҷрои босифату самараноки дастуру супоришҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, «Нақшаи амал барои солҳои 2020-2025»-ро дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, «Нақшаи чорабиниҳо оид ба тақвияти самтҳои асосии ҳамкорӣ бо Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия» ва амалигардонии масъалаҳои афзалиятноке, ки зимни нахус­тин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия баррасӣ гардиданд, оид ба тақвияти фаъолнокии иттилоотии Маҷлиси миллӣ, инчунин супоришҳои протоколии Маҷлиси миллиро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.

Дар ин ҷода ба шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, барору комёбиҳо таманно карда, ба ҳозирини гиромӣ саломативу сарбаландӣ орзу менамоям.

Бо ҳамин Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ