Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай
26 марти соли 2014, Афғонистон
Ҷалолатмаоби гиромӣ!
Намояндагони муҳтарами расонаҳои ҳамагонӣ!
Дӯстони азиз!
Сафари расмии кунунии мо ба рӯзҳое рост омад, ки кишвару мардуми бародари Афғонистон мизбони Ҷашни байналмилалии Наврӯз мебошанд ва таҷлили ин ҷашни хуҷаста ва руҳангези муштаракро дар сатҳи баланд созмондиҳӣ намудаанд.
Мехоҳам Шумо Ҷалолатмаоб, дӯстон ва тамоми мардуми бародари Афғонистонро бо Наврӯзи ҷаҳонӣ сидқан табрик гӯям ва ба ҳамагон рӯзгори наврӯзӣ орзу намоям.
Наврӯз дар суннати бостонӣ ва арзишманди мо сароғози ҳама некиҳо ва хубиҳо, созандагӣ, ободӣ ва сарсабзӣ, ниятҳо ва ормонҳои бузург аст.
Ва ин руҳи Наврӯз дар силсилаи мулоқоту музокирот ва муколамаи дӯстонаи мо бо Ҷалолатмаоб ҳар лаҳза эҳсос мешуд.
Меҳвари онҳо – баррасӣ ва таъйини роҳҳо ва шеваҳои густариш ва рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстонаи мо ва тақвияти дӯстии таърихии мардумони бародари мо буд.
Мо аз рушди босуръати ҳамкории ду кишвар, қабл аз ҳама, дар арсаҳои зербиноӣ, энергетика, иқтисод, тиҷорат, маориф, фарҳанг, ҳунар ибрози ризоият намуда, зарурати истифодаи имконоти амалан номаҳдуд ва шеваҳои навину муассирро таъкид намудем.
Бо ин ҳама, дар мулоқоту музокирот таваҷҷуҳи хос ба татбиқи барномаҳои таърихӣ ва ниҳоят судовар, қабл аз ҳама, хатти бузурги барқии САSA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон сурат гирифт.
Мо хоҳони талоши фаъол ва ҳадафманд дар татбиқи ин тарҳҳо мебошем, зеро онҳо на танҳо нақши транзитӣ ва стратегии кишварҳои моро, балки муносибатҳои дӯстонаи моро низ ба сатҳи сифатан нав боло хоҳанд бурд.
Мо ҷонибдори иқдомоти муассир дар таъмини Афғонистон бо барқ мебошем ва дар ин росто омодаем тамоми кумаку мусоидати имконпазирро анҷом диҳем.
Мо дар шароити хурӯҷи қарибулвуқӯи неруҳои Эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ба тақвияти бештари равобити сохторҳои амниятӣ, марзӣ ва низомӣ, ҳамчунин сохторҳои адлӣ ва додгоҳии кишварҳоямон ба манзури посухи усулӣ ва муассир ба таҳдиду хатарҳои муштарак ва таъмини амнияту субот ва пешрафти ҳамагонӣ таъкид намудем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон субот, амният ва пешрафти Афғонистонро омили бунёдии суботу амнияти пойдор ва пешрафти минтақа арзёбӣ менамояд. Мо хоҳони ширкати васеътар ва фаъоли Афғонистон дар ҳамкории минтақавӣ ва созмони муассир ва бонуфуз – Созмони Ҳамкории Шанхай мебошем. Мо имсол раёсати ин Созмонро ба дӯш дорем ва дар тақвияти нақши он мусоидати фаъол хоҳем намуд.
Ба ақидаи мо ҳамкории ҳамаҷониба ва муассири Тоҷикистону Афғонистон, саъю талоши фаъол ва ҳамоҳанги ду кишвар имкони онро муяссар месозанд, ки ҳамкории минтақавӣ густариш ва суботу амният дар минтақа тақвият ёбад.
Ҳар ду ҷониб хоҳони густариши ҳамкории босамар ва дарозмуддати кишварҳои исломӣ мебошанд. Мо бар онем, ки кишварҳои дорои имконоти саршор ва ҳатто изофии молӣ метавонанд бо сармоягузорӣ дар барномаҳои бузурги зербиноӣ ва иқтисодӣ ҳам амали хайру исломӣ анҷом диҳанд ва ҳам суди бузург ба даст оранд.
Тоҷикистон ҷонибдори идома ва тавсеаи бештари кумаку мусоидатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари бародари Афғонистон мебошад.
Мо тақвияти бештар ва такмили стратегияи мубориза бо терроризмро амри ҳаётӣ барои субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ менамоем.
Мо ҳамагон хуб огоҳ ҳастем, ки баъди чанд рӯз дар Афғонистон интихоботи Раисҷумҳури кишвар баргузор хоҳад шуд.
Бо изҳори орзуи муваффақият ба ин рӯйдоди муҳиму тақдирсоз мо таъкид карданӣ ҳастем, ки сарнавишти афғонҳоро бояд худи мардуми Афғонистон муайян намояд.
Орзумандем, ки ин раванд ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва тақвияти давлатдории бародарони мо мусоидати фаъол намояд.
Мехостам таъкид намоям, ки тамоми мулоқоту музокироти мо дар фазои эътимоди комил, самимият, ҳусни ният ва созандагӣ анҷом гирифтанд.
Мо роҷеъ ба ҳама мавзӯот ва масоил дидгоҳи ягона ва ё ниҳоят наздик доштем.
Мехоҳам бори дигар аз даъвати сафари расмӣ, мулоқоту музокироти басо судманд, пазироии ниҳоят дӯстонаи Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай ва тамоми мардуми бародари Афғонистон ибрози сипос намоям.
Ман ба дурнамои неки Афғонистони бародар итминони комил дорам ва орзумандам, ки тамоми фарзандони ин хиттаи бостонӣ барои пешрафту саодати он талоши созанда ва ҳадафманди ҳаррӯзӣ намоянд.
***
Ёдовар мешавем, ки 27 марти соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар се чорабинии муҳими байналмилалию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ мекунад.
Инҳо тантанаҳои марказии бахшида ба ҷашни 5-уми Наврӯзи байналмилалӣ ва ҳамоишҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон мебошанд.
Мавзӯъҳои асосии ҳамоишҳои сеҷониба ва чаҳорҷонибаи роҳбарони кишварҳои мазкур баррасӣ ва тасмимгириҳои муштарак доир ба таҳкими амну субот дар минтақа ва дарёфти роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои нафту газ ва дигар масоили мубрами рӯз мебошанд.