Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

№30-31 (3176-3177) 28.03.2014

вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Нимаи дуюми рӯзи 26 марти соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазрат Умар Захилволро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва ҷалби муштараки сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика баррасӣ шуд.

Татбиқи ҳар чӣ зудтар ва босамари лоиҳаҳо доир ба кашидани хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳои минтақавӣ ба нафъи ҳар ду кишвари дӯст арзёбӣ гардид.

Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро, ҳамчунин барои ба мувофиқа расондани лоиҳаи созишномаи сеҷонибаи миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон доир ба тиҷорати транзитӣ таъкид доштанд.

Ҳамчунин доир ба ҳамгироӣ барои босамар ба роҳ мондани Конфронси 6-уми байналмилалии ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-6) дар Афғонистон табодули назар карда шуд.

www.president.tj