Ҷашнвораву идҳо, чун суннати мардумӣ, барои рангин гардонидан ва ғановат бахшидани зиндагии миллатҳо хизмат мекунанд. Идҳои халқи тоҷик низ дар давоми таърих сайқал ёфта, шаклан ва мазмунан ғанӣ гардида, вобаста ба шароити замон ва сиёсати вақт оҳангу маъниҳои нав пайдо намудаанд.
Гузаштагон ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргонро «Ҷашнҳои сегона» номидаанд, ки хусусиятҳои фарқкунанда доранд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки тавассути сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. Баъдан, ҷашн гирифтани Меҳргон ва Сада низ роиҷ гардид. Мувофиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2018 ҳар сол 30 январ дар ҷумҳурӣ иди Сада таҷлил мегардад.
- Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон, иди қадима аст, — иброз намуд корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Мумина Шовалиева ва афзуд: — Ин маросими зироаткорон дар «Авасто», асарҳои Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048), «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, «Сиёсатнома»-и Низом-ул-мулк, «Наврӯзнома»-и шоир ва файласуф Умари Хайём ва дигарон зикр шудааст.
Мардумшиноси машҳури рус Н.А. Кисляков навиштааст, ки идҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз бузургтарин идҳои Эрони қадим ба шумор рафта, бо расму русуми мураккаб гузаронида мешуданд. Иди Сада аз рӯи гуфтаи Муҳаммад Наршахӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва Байҳақӣ сад рӯз пеш аз Наврӯз ҷашн гирифта мешуд.
Номзади илми таърих Зиннатмо Юсуфбекова мегӯяд, ки Садаро сад шабонарӯз пеш аз Наврӯз ҷашн мегирифтанд, ки он мутобиқи солшумории нав ба 30-31-уми январ рост меомад. Аммо тоҷикони Вахё ва дигар маҳаллаҳои ин минтақа онро таҳти номи Ҳут мутобиқи солшумории нав, 28 феврал ҷашн мегиранд ва он нишонаҳои Садаи қадимро нигоҳ доштааст.
Мувофиқи навиштаҳои мардумшинос М. Раҳимов, омодагӣ ба ҷашни Ҳут пешакӣ сар шуда, ҳанӯз фасли тирамоҳ соҳибхоназанҳо барои омода сохтани таоми маросимӣ ба дохили «руғанчима»- (кӯза барои нигоҳдории равған) равғани зард гузошта, болояшро бо хамир рӯйпӯш карда, аз болои хамир бо лой андова мекарданд. Кӯзаҳоро то фарорасии ид нигоҳ медоштанд ва дар рӯзи иди Ҳут ба шавҳаронашон медоданд. Мардҳо кӯзаро ба аловхона (ҷои баргузории иду маъракаҳо ва ҷамъомади ҳаррӯзаи мардҳо, ки масъалаҳои рӯзро муҳокима мекарданд) мебурданд.
Дар рӯзи фарорасии Ҳут ҳар хонавода то 50 — 100 дона чаппотӣ (нони маросимӣ ҳисобида мешуд) омода карда, онро ба аловхона равон мекард. Баъзе аз сокинони дигари деҳа ҳамроҳашон шир, ҷурғот, намак, инчунин, дегу табақу коса ва пиёлаву қошуқ мегирифтанд. Мардҳо дар аловхона таоми маросимии «руғанҷӯшӣ» омода карда, дар зарфҳои ширу ҷурғотдошта нон реза карда, аз болояш равғани зарди доғшуда мерехтанд ва якҷоя тановул мекарданд. Ҳамин гуна таомро дар аловхона се рӯз пайи ҳам омода месохтанд. Ба ғайр аз ин, ҳар хонадон ба қадри тавон таоми дигар низ пухта, онро ба аловхона равон мекард. Сарватмандон гӯсфанд ё буз забҳ карда, онро яклухт пухта, ба ин макон меоварданд.
Одатан чунин рӯзҳо дар аловхона хӯроки зиёд ҷамъ мешуд ва онро тақсим мекарданд. Дар омода ва тақсимоти таоми идона мардони калонсол иштирок мекарданд, зеро занҳо идро дар хонаҳояшон истиқбол мегирифтанд.
Дар давоми се рӯзи ҷашнгирии иди Ҳут дар аловхонаҳо аз ҳаррӯза дида зиёдтар гулхан меафрӯхтанд. Дар гирду атрофи он барои ҷӯшонидани чой чойҷӯшҳои калони мисин ва чӯянӣ мегузоштанд. Ду — се мард масъули чойкашӣ мешуданд ва ин масъулиятро тамоми рӯз ба дӯш мегирифтанд. Сипас, дар атрофи гулхан хурсандиву шӯхӣ, сурудхонӣ, мусиқинавозию рақсу бозӣ карда, масхарабозҳо бо рақсҳои ҳазломез саҳначаҳо намоиш медоданд.
Хуллас, маросиме, ки дар иди Ҳут дида мешавад, ба иди Сада монанд аст. Сурудҳои ба ҷашни Ҳут бахшида, ки иди зироаткорон аст, одамонро аз наздикшавии фасли баҳор ва айёми омода намудани асбоби деҳқонӣ ба киштукор огоҳ менамояд. Вале баъзан дар моҳи феврал, хусусан дар охири Ҳут, деҳқононро сардиҳои зиёди ғайричашмдошт интизор аст. Бо мақсади он ки табиат ба ҳоли деҳқон раҳм кунад ва сардиҳо тезтар ба анҷом расанд, мардум боз дар аловхона ҷамъ шуда, дуои хайр хонда, чорвоеро забҳ мекарданд. Дар равғане, ки ҳанӯз фасли тирамоҳ дар «руғанчима» гузошта, барои Ҳут нигоҳ медоштанд, таоми ширруған омода карда, онро бо чаппотӣ истеъмол мекарданд. Аз ин ҳама маълум мешавад, ки Сада иди тоисломӣ аст, зеро дар он давра чорабиниву иду ҷашнҳо дар аловхона бо пухтани намудҳои гуногуни таомҳо, сурудхониву рақсу бозӣ ва ҳазлу шӯхиҳо баргузор мешуд.
Таҳияи Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»