Аз нишастҳои матбуотӣ

Гулзода Маҳмадшоҳ: «ддтт дар рушди соҳаи тандурустӣ саҳим мебошад»

№17 (4279) 06.02.2021

DSC_1228- Раёсати МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» соли 2020 бо дарки масъулият баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ чорабиниҳои судмандро амалӣ намуд, — гуфт ректори донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ дар нишас­ти матбуотие, ки 3 феврал баргузор гардид. Таъкид гардид, ки ҳадаф омодакунии кадр­ҳои салоҳиятнок ва мусоидат ба тақвияти иқтидори илмии соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Айни замон аз рӯйи 5 ихтисос — «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода мешавад. Инчунин, дар донишгоҳ таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, PhD, докторантура ба роҳ монда шудааст.

Фонди китобхонаи донишгоҳ 679 ҳазору 601 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз он 430 757 (63,4%) нусха адабиёти чопии таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 248 ҳазору 844 (36,6%) электронӣ мебошанд.

Дар донишгоҳ раванди таҳсил бо истифода аз технологияи муосири таълимӣ ва иттилоотӣ — коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст.

Новобаста ба пандемия, ки боиси муваққатан фалаҷ гардидани самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа гардид, сатҳи донишандӯзӣ беҳтар гардида, дар сессияи имтиҳонии зимистона сифати таълим 38,3% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 93,9%-ро ташкил дод. Лозим ба ёдоварист, ки нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта сифати таълим 1,2% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 6,6% беҳтар шуд.

Соли 2020 олимони донишгоҳ дар доираи 14 лоиҳаи илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва 40 мавзӯи илмии ташаббусӣ тадқиқотро ба роҳ монданд. Маълум гардид, ки 16 лоиҳаи илмии аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузоришаванда барои солҳои 2022-2026 ба Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Шумораи аспирантон — 29 нафар, докторантони PhD — 57 унвонҷӯёни номзадӣ ва доктори илми тиб — 90 нафарро ташкил медиҳад. Дар магистратура 40 нафар таҳсил мекунанд ва аз онҳо 11 нафар хориҷӣ мебошанд.

Ворис,

 «Садои мардум»