- Кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои назаррасро анҷом доданд, - гуфт раиси он Муҳаммадсаид Файзуллозода зимни нишасти матбуотӣ, ки 4 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид. Иттилоъ гирифтем, ки бо мақсади таъмини чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва барҳам задани манбаъҳои эҳтимолии сироят ба маблағи 3 846 679 сомонӣ маҳсулот ва молу ашё харидорӣ шудааст.
Кормандони кумита дар ин давра бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии чорво дар 18 648 484 сар ҳайвон ва паранда (нисбат ба соли гузашта 3119539 сар зиёд) чорабиниҳои пешгирӣ ва табобатӣ гузарониданд.
Зикр гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию беҳдоштии аҳолӣ мутахассисон дар шаҳру ноҳияҳо дар давраи мавриди назар 11055 суҳбату вохӯрӣ гузарониданд. Тибқи иттилои Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқавории Кумита, соли 2020-ум 22 маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ, ки бо лавозимот, таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ таъминанд ва 65 озмоишгоҳ дар бозорҳои истеъмолӣ мунтазам фаъолият намуданд. Аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ 1 079 234 ташхис гузаронида шуда, маҳсулоти ба талаботи истеъмол ҷавобгӯнабуда, аз ҷумла, 58 671, 7 кг маҳсулоти гӯштӣ, 12 167,3 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 1368,0 литр равғани растанӣ, 24 251 дона тухми паранда, 938,9 кг моҳӣ, 680,5 кг асал, 6 027,0 кг меваи хушк, 121 145,0 кг меваю сабзавот ва 26 620,3 кг маҳсулоти полезӣ нобуд карда шуд.
Роҳбарону мутахассисон аз бетафовутиву маърифати пасти баъзе аз истеъмолкунандагон изҳори нигаронӣ карда, аз журналистон даъват карданд, ки дар ин самт бо онҳо ҳамкорӣ намоянд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»