Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидзода чоруми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки соли 2020 шумораи нашъамандони расман ба қайд гирифташуда 5099 нафарро ташкил дод, ки назар ба соли 2019-ум 5,1 фоиз кам аст.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор нафар 55 нашъаманд рост меояд, ки ин рақам назар ба дигар давлатҳо хеле кам мебошад.
- Яке аз дастовардҳои муҳими кишвар коҳиш ёфтани дастгиршавии шаҳрвандони Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунӣ ва мусодираи маводи нашъаовар аз онҳо ба шумор меравад. Агар соли 2010 дар хориҷи кишвар 642 шаҳрванди мамлакат дастгир гардида, аз онҳо 1 тоннаю 431 кило маводи нашъаовар мусодира шуда бошад, пас дар 9 моҳи соли сипаришуда 205 шаҳрванди кишвар бо ин ҷурм дастгир ва аз онҳо 109 кило маводи нашъаовар мусодира гардид,- гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.
Соли гузашта дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳуриҳои Покистон, Афғонистон ва ИМА 18 нафар боздошт гардиданд.
Соли 2020 аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ 2 тоннаю 425 кило маводи нашъаовар мусодира шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 788 кило ё 48 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 183 кило, Вазорати корҳои дохилӣ — як тоннаю 117, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ — як тоннаю 97, Хадамоти гумрук — 22 ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 5 кило маводи нашъаовар мусодира гардид.
- Соли сипаришуда фаъолияти 40 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 87 нафар, аз ҷумла, фаъолияти се гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 7 кас ошкор ва қатъ карда шуд,- ёдовар шуд Ҳабибулло Воҳидзода.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»