Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳмадтоир Зокирзода: «Паёмҳои Пешвои миллат даъват, нақша ва роҳнамои муқаррарӣ нестанд»

№18 (4280) 09.02.2021

DSC_1659Панҷуми феврали соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳнамои миллат» ҳамоиш баргузор шуд.

Онро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла гуфт, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ба фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд. Ҳамчунин, аз дастури Президенти мамлакат, дар бобати он ки «фаъолияти вакилони халқ набояд бо қабули қонуну қарорҳо маҳдуд гардад, балки дар ҳамкорӣ бо мақомоти татбиқкунандаи қонунҳо ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ намудани онҳо саҳм гузоранд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунҳои ба талаботи рушду пешрафти ҷомеа мувофиқро омода карда, иҷрои онҳоро пайваста таҳлил намоянд», ёдоварӣ шуд. Дар робита ба ин Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки вакилон бояд ин суханонро сармашқи кор қарор диҳанд.

Дар идомаи суханронӣ Маҳмадтоир Зокирзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таъкиди дигари Роҳбари давлат – «Вакилони ҳама сатҳҳо – аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон сар карда, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо бояд фаъол ва ташаббускору ташкилотчӣ бошанд, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд», ҷалб намуд.

- Ин таъкиди Пешвои миллат аҳли ҷомеа, аз ҷумла, мо — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро, водор намуд, ки бо азму иродаи қавӣ бештар заҳмат кашида, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои нав истиқбол гирем, — афзуд номбурда.

Сипас, Маҳмадтоир Зокирзода нуктаҳои Паёмро мухтасар шарҳу тавзеҳ дода, гуфт, ки ҳадафу амалҳои созандаи тоҷикистониён аз Паём то Паём тавассути роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тавсеа ва ба мақсаду маром табдил ёфтааст.

Ба андешаи ӯ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон василаи асосӣ ва таҳкимбахши равобити Сарвари давлат бо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ маҳсуб шуда, дар раванди эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд мавқеи хоса дорад.

- Паёмҳои Пешвои миллат танҳо як даъват, нақша ва роҳнамои муқаррарӣ нестанд, ҳар ҳарфи онҳо саршор аз муҳаббату садоқат, ватандӯстиву раъиятпарварӣ буда, ба ҳаёти мо гармиву равшанӣ мебахшанд, мардумро ба бунёдкорӣ ҳидоят ва рушди босуботи кишварро таъмин менамоянд, — хулоса намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

   DSC_1698Дар робита ба масъалаи мавриди баррасӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода маърӯзаи ҷолибу пурмуҳтаво кард. Дар он бахши қонунгузорӣ ва парламент, мақомоти судӣ, мубориза бо коррупсия, ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти давлат, ҳифзи сарҳад ва таҳкими иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ меҳвар буданд.

Ӯ аз он ёдовар шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон рушди босубот ва устувори ҷомеа, амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини қонунияту тартибот ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар навбати аввал ба низоми устувори ҳуқуқӣ ва рушди қонунгузории кишвар вобаста медонанд. Дар идома аз сухани Сарвари давлат, ки таъкид карданд, вакилон вазифадоранд, ки лоиҳаҳои қонунҳои ба талаботи рушду пешрафти ҷомеа мувофиқро омода намоянд ва иҷрои ин қонунҳоро пайваста арзёбӣ кунанд, ёдовар шуд.

Таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ аз масъалаҳои меҳварии Паём маҳсуб ёфта, қайд гардид, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳон ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарнок моро водор месозад, ки ба таъмини амният таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем. Зеро созмонҳои террористию экстремистӣ ва пайравони онҳо барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа, ҷудоиандозӣ, барангехтани низоъҳои динию мазҳабӣ кӯшишҳо карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз интернет ва шабакаҳои он васеъ истифода мебаранд.

Дар ин раванд нотавонбинон аз ахбори таҳрифшудаю ивғоангез, шарҳҳои нодуруст истифода намуда, мехоҳанд дар мафкураи одамон нобоварӣ ба оянда ва ноумедиро ҷой диҳанд.

- Ба муқобили ин гурӯҳ тамоми равшанфикрон, аз ҷумла, вакилони Маҷлиси намояндагон низ, бояд муборизаи беамон баранд. Ин масъаларо зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон аз назар набояд дур сохт, — таъкид кард Маҳмадалӣ Ватанзода.

Вазъияти ҳозира нишон медиҳад, ки ягон давлати дунё дар алоҳидагӣ наметавонад ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок истодагарӣ намояд. Зеро он сарҳадро намеписандад ва ғояҳои он тавассути сомонаҳои интернетӣ дар дилхоҳ нуқтаи олам дастрас мегарданд. Ҷаҳониён медонанд, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, дигар хатару таҳдидҳои муосир шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ аст.

- Ин нуктаҳои Паём моро, ки масъули иҷрои онҳо мебошем, вазифадор месозад, ки дастурҳои Президенти мамлакатро сармашқи кор намуда, баҳри иҷрои ваколати намояндагӣ ва қонунгузорӣ софдилона ва беш аз пеш ҷаҳду талош намоем. Дар назар бояд дошт, ки масъулияти вакилон барои танҳо он бандҳои Паём, ки бевосита ба онҳо бахшида шудааст, маҳдуд намегардад. Вакилон вазифадоранд дар иҷрои ҳама дастуру супоришҳои дар Паём дарҷгардида, ки тавассути қабули қонунҳо ва қарорҳо бояд амалӣ карда шаванд, ҳиссагузор бошанд, — гуфт дар хатми маърӯза муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон .

DSC_1725Суханронии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ аз ёдоварии иқдомҳо баҳри пешгириву табобати бемории коронавирус шурӯъ шуд.

Зикр гардид, ки хиради воло, дурандешӣ ва эътибори хосаи Сарвари давлат, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми шоистаи халқ ба Пешвои миллат буд, ки ин марҳила паси сар шуд. Вай аз он ёдовар шуд, ки бо супориши Пешвои миллат барои хариди доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷет 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ равона гардид. Илова бар ин, барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии COVID – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 табибу корманди соҳа сафарбар гардида, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода шуд.

- Нияти нек ва азми қавии Роҳбари мамлакат замина фароҳам овард, ки рӯҳияи мардум шикастнопазир гардад, — афзуд Дилрабо Мансурӣ.

Соли 2020 дар кишвар маъракаҳои муҳими сиёсӣ — интихоботи президентӣ ва интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагону Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи хуб, шаффоф ва одилона баргузор гардида, тантанаи адолат ва такон баҳри тифоқтар гардидани сокинони кишвар шуд. Халқи ваҳдатшиори кишвар бори дигар аҳли сайёра, махсусан ба нозирони байналмилалӣ, ки ҷараёни интихоботҳоро мушоҳида мекарданд, собит намуданд, ки дар ҷавҳари ин миллати қадима сулҳу ваҳдат аст .

 Номбурда ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Пешвои миллатро ёдрас гардида, чунин иқтибос овард: «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем».

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон муътақид аст, ки ин ҳидояти Сарвари давлат кормандони соҳаи маорифро барои пешбурди фаъолият боз ҳам дилгарм ва масъулияташонро афзунтар мекунад.

Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб гардидани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон аз ҷониби Пешвои миллат баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» эълон шуд, ки бегуфтугӯ мисли озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикис­тон — Ватани азизи ман» дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд.

Ҳазорҳо далел мавҷуд аст, ки раъиятпарварӣ аз хислатҳои ҳамидаи Пешвои миллат маҳсуб мешавад. Ин раванд бардавом буда, зимни ироаи Паём ба масъулин дастур доданд, ки барои бунёди се мактаб – интернати президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе бо шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Илова бар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ муваззаф шуданд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ифтихормандем, ки дар Паём ба фаъолияти назаррас ва ибратбахши бонувону духтарон эътибори ҷиддӣ зоҳир шуд. Пешвои миллат занону бонувонро ҳамчун шахсиятҳои бомасъулият, меҳрубон, устувор ва ояндадор баҳо дода, иброз доштанд, ки минбаъд низ ба ин табақаи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад, — гуфт Дилрабо Мансурӣ.

DSC_1741Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим низ вобаста ба масъалаи зикршуда андешаҳояшро иброз намуд. Ба андешаи ӯ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодии соли гузаштаро, ки таҳкурсиашон дар даҳсолаҳои қаблӣ гузошта шудаанд, фаро гирифтааст.

Аз омӯзиши Паём баръало мушоҳида мешавад, ки ҳадафҳои ба созандагию шукуфоии мамлакат рабтдошта дар бист соли охир бо назардошти таҳаввулоти иқтисодӣ, сиёсии ҷаҳон, паёмадҳои буҳрони молиявӣ, эпидемиологӣ тарҳрезӣ гардидаанд.

 Бо вуҷуди вазъи буҳронӣ, ки ба миён омадани хароҷоти пешбининашударо ба думбол дорад, Пешвои миллат кишоварзони кишварро як сол, яъне, соли 2021, аз пардохти андози ягонаи замин озод карданд.

 Таърихи қариб 30 — солаи соҳибистиқлолӣ шаҳодати он аст, ки маҳз иқдоми нахустини Президенти мамлакат — тақсими 75 ҳазор гектар замини президентӣ 58 фоиз аҳолии деҳотро аз вартаи қашшоқӣ раҳо намуд. Ҳоло 78 фоизи қувваи кории кишвар дар деҳот кор карда, суръати рушди аҳолии деҳот нисбат ба шаҳр 4 маротиба зиёд аст.

Қ. Қосим бо истинод ба сиёсатмадори амрикоӣ зикр кард, ки «истиқлолияти давлатиро истиқлолияти саноат таҳким мебахшад». Дар идома аз он ки соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуд, изҳори қаноатмандӣ гардид.

- Соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 адад расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба 3500 адад расонида мешавад. Ин омори Паём таҳияи барномаи нави давлатиро тақозо мекунад, — афзуд Қодири Қосим.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 10 соли охир 16 навъи маҳсулоти саноатии воридотивазкунандаро истеҳсол намуд. Ҳамрадиф бо ин тамоюли мусбат, сармоягузорӣ ба соҳа сол аз сол меафзояд.

- Лозим аст, ки дар рушди соҳаи саноат неруи арзони корӣ ва барқро самаранок истифода барем. Бамаврид аст, ки дар асоси таҷрибаи шаҳри Душанбе бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ ба роҳ монда шавад, — таъкид кард номбурда.

Зикр гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия низ муфассал таҳлил гардид. Сармоягузорӣ ба соҳа далели бебаҳси обрӯ ва эътибори Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

- Дар раванди шарҳи Паём бояд ба мардум пешниҳод шавад, ки институтҳои молиявӣ ва сарпарастон танҳо ба роҳҳои байналмилалӣ ва шоҳроҳҳо сармоя мегузоранд. Роҳҳои дохилӣ бояд бо қувва ва имконоти худӣ сохта шаванд. Ҳанӯз аз хотираи таърих зудуда нашудааст, ки шоҳроҳи Душанбе — Хоруғро соли 1931 дар сад рӯз бо белу зоғнӯл сохтаанд.

 Аз расонаҳои ҷаҳонӣ огоҳ ­ҳастем, ки моҳҳо инҷониб роҳбарони дигар давлатҳо, аз ҷумла, абар­қудратҳо аз тариқи онлайн ба мардум робита доранд. Аммо Пешвои миллат дар байни мардум ва бо мардуманд. Ба ин хислати ҳамида мо — вакилон бояд пайравӣ намоем, — хулоса кард Қодири Қосим.

   DSC_1749Вакили Маҷлиси намояндагон Зайнудин Сафаров дар суханрониаш аз он ёдовар гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун меъёри конститутсионӣ заминаи қонунӣ дорад ва аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифтааст.

Ба қавли ӯ, сол то сол мақому манзалат ва саҳми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар пешрафти кишвар муассиртар гардида, намояндагони ҳама қишри ҷомеа ироаи онро интизор мешаванд.

 - Муҳим он аст, ки аҳли ҷомеа, аз ҷумла, соҳибкорон, бо амри дилу виҷдон баҳри амалисозии нуктаҳои он беш аз пеш фаъол шуда истодаанд. Таклифу пешниҳод ва эродҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардиданд, ки аз ҷониби сохторҳои зидахл ибтикори зарурӣ амалӣ гардида, дар ин замина мушкилоти мавҷуда бартараф шуда, кишвар беш аз пеш рушд намояд, — афзуд ӯ.

    Ба андешаи З. Сафаров, маҳз дар заминаи иҷрои талаботи ин ҳуҷҷати муҳим нишондиҳандаи иқтисодиву иҷтимоӣ беҳтар гардида, рушди ҳама соҳа бардавом аст. Беҳтар гардидани нишондиҳандаҳо вобаста ба таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди қонунгузорӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, мудофиа низ ба Паёми Президент рабт дорад.

DSC_1752Абдуҳалим Ғаффоров — вакили Маҷлиси намояндагон Паёми Пешвои миллатро таҳрикбахши рушди ҷомеа номида, аз нуктаҳои он марбут ба соҳаҳои маориф ва саноат ёдовар шуд.

Ҳамчунин, нақши оила ва омӯзгор дар тарбияи инсони комил ва ташаккули маънавиёти шахс мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Номбурда маълумоти омории ба захираи нуқра, мис ва сурмаро меҳвар қарор дода, тавсеа, иктишоф, истихроҷ ва коркарди онҳоро замина баҳри ғановати буҷети давлатӣ ва фароҳам шудани ҷойҳои нави кор арзёбӣ намуд.

Ҳамоишро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷамъбаст карда, изҳор намуд, ки вакилони мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон фаъолиятро беш аз пеш тавсеа бахшида, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мушкилоти мавҷуда бартараф ва зиндагии мардум беҳтар гардид.

Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки аз натиҷаи ҳамоиш нақша-чорабиниҳои мукаммал омода ва қабул шавад.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ