Ҳамовозии якдилона

№19 (4281) 11.02.2021

49277942896_a0f0ab0260_oПаёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ки 26 январи соли 2021 ба мақоми олии қонунгузори мамлакат — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, мавриди таваҷҷуҳи намояндагони касбу кори гуногуни вилояти Суғд қарор гирифта, ҳамовозии амиқ пайдо кард.

Наргиса Султонова,

табиб:

- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро табибони Беморхонаи ноҳиявии №3 деҳоти ба номи Ҳ. Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастаҷамъона тамошо кардем. Суханони меҳрбори Пешвои миллат, ки гуфтанд: «Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям», — каминаро ҳамчун табиб басо мамнун сохт ва аз касбам ифтихор намудам.

Он шабу рӯзҳо, воқеан ҳам, табибон қаҳрамонӣ нишон доданд ва беморхонаи мо низ яке аз марказҳои қабулу табобати гирифторони бемории COVID -19 буд. Паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва паси сар шудани он ба мо сабақи калон дод. Пешвои миллат дастури саривақтӣ доданд, ки барои мамлакат Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносӣ мисли обу ҳаво зарур аст.

Ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат, нисбат ба маблағгузориҳои афзалиятнок (2,1 млрд. сомонӣ дар соли 2020), бунёди зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ, тарбияи қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ мо — табибонро зарур аст, ки дар иҷрои вазифа садоқати боз ҳам бештар зоҳир намоем.

Мирзомӯъмин Бобоев,

лоиҳакаш, Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- «Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд», — таъкид доштанд дар Паёми имсолаашон Роҳбари давлат.

Банда ҳамчун меъмору лоиҳакаш дурустии гуфтаҳои Пешвои миллатро дар таҳияи лоиҳаҳои иншооти гуногун, хусусан эҳёи қадимтарин шаҳри тоҷикон — Саразми бостонӣ, тасдиқ менамоям. Шаш лоиҳае, ки бо назардошти расму суннатҳои шаҳрсозиву биносозии аҳди ниёгон — Осорхонаи миллӣ, дарвозаи шаҳри қадима, шаҳри Саразм дар аҳди бостон, рамзи шаҳру растаи ҳунармандон таҳия кардем, аз ҷониби Пешвои миллат, ҳамчунин, меҳмонони хориҷӣ, баҳои баланд гирифт.

Мо — лоиҳакашони вилоят даъвати Роҳбари давлатро ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ҷону дил пазируфтем. Аҳд кардем, ки ин ҷашни саидро бо таҳияи лоиҳаҳои боз ҳам беҳтару хубтар ва ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ пешвоз хоҳем гирифт.

Ҳамроқул Қӯлдошев,

раиси Маҷлиси вакилони шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич:

- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон дар назди вакилони ҳамаи сатҳ – аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон сар карда, то вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо нисбат ба ободониву корҳои созандагӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, аз ҷумла, таъкид карданд, ки вакилон «ҳамчун шаҳрвандони кишвар, пеш аз ҳама, худашон бояд фаъол ва ташаббускору ташкилотчӣ бошанд, нақши худро дар таҳкими рукнҳои давлатдорӣ софдилона иҷро намоянд, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми содиқонаву ватандӯстона гузоранд».

Албатта, ин дастурест ба кулли ҳамватанон. Қайд кардани онро зарур мешуморам, ки иҷрои ин дастури Пешвои миллатро дар шаҳрак ҳанӯз соли гузашта, баъди ироаи Паёмашон, оғоз карда будем, ки он ҷо сухан дар бораи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мерафт. Он вақт ҳамроҳи вакилони халқ нақшаи махсуси бунёдкориҳоро таҳия кардем. Тибқи нақша, бояд то рӯзи ҷашн 47 иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода диҳем ва то 1 январи соли равон 35 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли равон мебояд чор иншооти дигарро ба истифода супорем, ки дар сетои он корҳои сохтмону таҷдид дар арафаи анҷомёбист. Дар боғи интенсивӣ то фарораси Наврӯзи оламафрӯз корҳо ба анҷом расонида мешаванд. Дар ҳамаи ин ободкориҳо вакилони халқ пешбару пешкори сокинони шаҳраканд.

Нуринисо Тоҷибоева,

омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси МТМУ №26, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон чун паёмҳои солҳои гузашта ба соҳаи маориф эътибори ҷиддӣ дода шуд. Бо мақсади боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, аз ҷумла, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон, минбаъд ҳар сол бар иловаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм — фурӯғи маърифат» гузаронида хоҳад шуд. Ин, бешак, шавқу рағбати насли наврасро ба омӯзиши фанҳои дақиқ баланд месозад. Имтиёзи муқаррарнамудаи Роҳбари давлат дар бораи «қабул намудани ғолибони озмунҳо аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳони қабул» ва дастурашон ҷиҳати «ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо» бошад, дар вуҷуди хонандагон шавқу завқи таҳсил дар мактаби олиро бедор кард. Ҳавасмандсозии устодону волидон бошад, масъулият ва ғайрати онҳоро нисбат ба тарбияи фарзанду шогирди босавод дучанд гардонд.

Инчунин, Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки «дар тамоми зинаҳои таҳсилот — аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро, ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад».

Ин дастури созанда ва раҳнамои насли наврас ба ояндаи дурахшон аст.

Мусоҳиб Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»