Қотилони Рӯзибой Ҷумъаев наҳзатиҳо буданд

№20 (4282) 13.02.2021

1111Рӯзибой Ҷумъаев, рӯзноманигори шинохта, дар солҳои аввали соҳибис­тиқлолии кишвар моҳи декабри соли 1992 аз дасти қотилони ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯи террористию экстремистии ҳизби наҳзат бераҳмона кушта шуд.

Ӯ аз даврони мактабхонӣ ба касби журналистӣ дил баста, пайваста ба омӯзишу эҷод машғул гардид. Р. Ҷумъаев таҳсилкардаи риштаи журналистӣ буда, то охири умр дар ҳафтаномаи «Шараф» фаъолият кард.

Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки саркардагони он аъзои ТТЭ ҲН буданд, ончунон донишмандону олимон ва фарҳангиёну рӯшанфикронро ба қатл расониданд, ки миллат дар ҳеҷ даврае чунин талафот надода буд. Палидони наҳзатӣ ба илму фарҳанг ва адабу маърифат чунон зарар расониданд, ки Чингизу Темур шояд ба он андоза ваҳшониятро ба сокинони ин сарзамин раво надида буданд.

Онҳо олимону донишмандон, хусусан аҳли хомаву дафтарро, ҳадафи тир қарор доданд. Маҳз аз ҳамин ҷо ҳадафи бунёдӣ ва мақсади ниҳоии кормандони ВАО-ро ваҳшиёна ба қатл расонидани террористони наҳзатӣ бармало мегардад. Зеро фармондеҳон ва маблағгузорон онҳоро омӯзонида буданд, ки бо қатл намудани кормандони ВАО мардумро аз огоҳию бедорӣ дур карда, оммаро ба гумроҳӣ баранд. Аз ин рӯ, ҳар нафаре, ки хостори ғасби ҳокимият ва ба даст овардани давлат мешавад, аввал воситаҳои ахбори оммаро тасарруф кардан мехоҳад. Террористони наҳзатӣ низ солҳои ҷанги таҳмилии бародаркуш пас аз ғасби радиову телевизион чандин намояндагонашонро ба вазифаҳои масъул таъин карданд.

Баъдтар ваҳшонияту даҳшатҳои гӯшношунидеро дар шаҳру навоҳии кишвар амалӣ карда, ҳамеша кормандони ВАО-ро «шикор» мекарданд. Чунки маҳз рӯзноманигорон макру фиреби онҳоро ба мардум мерасониданд.

Террористони наҳзатӣ танҳо ба хотири ошкор нашудани асрори хиёнату душманиҳояшон моҳи декабри соли 1992 хабарнигори ҷавону умедбахш Рӯзибой Ҷумъаевро, ки аз умраш нав се даҳа гузашта буд, ба қатл расониданд.

Террористони наҳзатӣ Рӯзибой Ҷумъаевро аз байни мо бурда бошанд ҳам, кору пайкор ва ҷавонмардию хислатҳои ҳамидаи инсонии ӯ дар замири ҳар фарди миллатдӯсту меҳанпараст ва огоҳу бедор абадан боқӣ хоҳад монд.

Хайрулло РАҶАБАЛИЕВ,

 ходими калони илмии АМИТ