Аз нишастҳои матбуотӣ

Нуриддин САИД: «То ҷашни Наврӯз телевизиони «Илм ва табиат» ба кор медарояд»

№20 (4282) 13.02.2021

IMG_8043- Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун рукни чоруми давлатдорӣ ва дастгоҳи муқтадири идеологии давлат, фаъолиятро соли 2020  дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси кумита Саид Нуриддин Саид. Ӯ афзуд, ки ҳоло 90 шабакаи телевизионӣ ва радиои давлативу хусусӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият дошта, аз он 13 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 33 телевизиони хусусӣ, 22 радиои хусусӣ ва 12 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд.

Шабакаҳои телевизион ва радио соли 2020 доир ба сафарҳои Пешвои миллат, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ, 5500-солагии Саразм ва дигар чорабиниҳо, барномаҳои телевизионӣ, гузориш, гуфторҳои радиоӣ, филмҳои мустанад ва ролику лавҳаҳо таҳия намуданд. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ аз тариқи шабакаҳои телевизион ва радио дар сатҳи баланди касбӣ инъикос шуданд.

30 июли соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомнома ва сохтори нави Кумитаи телевизион ва радиои наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гашт. Дар сохтори кумита раёсатҳои ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ, барномаҳои радиоӣ ва дастаҳои ҳунарӣ, истеҳсолӣ ва назорати техникӣ, тиҷорат ва бахши муносибатҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд. Муҳим он аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Инчунин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ба тасвиб расида, то ҷашни Наврӯз он ба фаъолият оғоз менамояд.

ВОРИС,

«Садои мардум»