Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзуд

№20 (4282) 13.02.2021

DSC_2414Дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 феврали соли равон баргузор гардид, иттилоъ доданд, ки соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 33607,1 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2019-ум 8,8 дарсад зиёд мебошад. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ ва аҳолӣ 50 фоизро ташкил медиҳад.

Вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода изҳор дошт, ки дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 1562109 тонна ғалладонагӣ истеҳсол шуда, дар қиёс ба соли пеш 10,4 дарсад зиёд мебошад.  Аз ҷумла, истеҳсоли гандум ба 863693 тонна баробар гардид, ки дар муқоиса ба соли 2019-ум 27479 тонна бештар аст.  Ҳосилнокии ғалладонагӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 29,1 сентнерро ташкил намуд.

Бино ба гуфти ӯ, соли сипаришуда дар 186155 гектар пахта кишт карда шуда, 409477 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид.

Номбурда, ҳамчунин, доир ба кишт ва истеҳсоли картошка маълумот дода гуфт, ки соли 2020 дар 52731,5 гектар кишти ин намуди маҳсулот гузаронида, 1022542 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шуд.

- Тибқи маълумоти оморӣ, 2664 га (91,4 дарсад) боғу токзор бунёд шуда, 2002 га боғу токзори куҳна барқарор гардид, — афзуд Сулаймон Зиёзода. — Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавот дар тирамоҳу зимистон, сол то сол масоҳати гарм­хонаҳо зиёд мешавад. То 1 январи соли равон дар 86,4 га гармхона кишти сабзавот гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, 2558 тонна сабзавот ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар бароварда шуда, нисбат ба соли пеш 289 тонна зиёд мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»