Ҳамасола бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ доир ба аҳамияти оби ширину тоза ва инчунин ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ санаи 22- юми март дар сар то сари ҷаҳон «Рӯзи байналмилалии об» таҷлил мешавад.
Имрӯзҳо масъалаи об ба яке аз мавзӯъҳои муҳим табдил ёфта, дар минбарҳои баланди байналмилалӣ роҳҳои дурусти истифодаи оқилонаи ин манбаи ҳаёт ташвиқ мешавад.
Таҳкими равандҳои ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки дар ояндаи на чандон дур арзиши об аз нархи нафту газ ва дигар захираҳои табиӣ гаронтар мешавад. Яъне, имрӯз масъалаи об, бахусус оби ошомиданӣ, ба андозае муҳиму ҳаётӣ шудааст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ҷалб кардааст.
Барои мисол, танҳо дар Осиёи Марказӣ талабот ба об, бинобар зиёдшавии аҳолӣ, торафт афзуда истодааст. Тибқи ҳисобҳои мутахассисон, то соли 2030 истеъмоли об дар Осиёи Марказӣ то 15-20 фоиз аз сатҳи ҳозира зиёд мешавад.
Ҳоло таъмини об дар Осиёи Марказӣ ба як мушкили минтақавӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки дар чунин шароит кишварҳои поёноби минтақа, ки солҳо боз аз истифодаи ғайримақсадноки об кор гирифтаанд, ин масъаларо бештар ранги сиёсӣ дода, дар муносибат бо кишварҳои болооб аз фишорҳои иқтисодӣ кор мегиранд.
Аён аст, ки бо рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши аҳолии минтақа дастрасии мардум ба оби тоза сол то сол мушкил гардида, камбуди об ба зиндагии миллиардҳо нафар дар саросари сайёра таҳдид мекунад.
Ба иттилои муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов, тайи даҳсолаҳои охир ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон, ки аз муҳимтарин манбаъҳои оби минтақаанд, тақрибан 30 фоиз коҳиш ёфтааст.Федченко- яке аз бузургтарин пиряхҳои минтақа наздик ба як километр ва масоҳати умумии майдони он ба андозаи 11 километри мураббаъ кам гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ обшавии пиряхҳо паёмадҳои ногувор дошта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешорӯи мушкили баландшавии оби дарёҳо ва омадани сел ба маҳалҳои зисти мардум мегузорад.
Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ қарор дорад, вале дар самти таъмини мардум бо ин манбаи ҳаёт, ҳоло ҳам мушкилиҳо дорад. Алҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 58 фоизи мардум бо сарчашмаҳои оби тозаи нӯшокӣ таъминанд.
Дар робита, 12 марти соли равон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар чорабинии махсуси Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор шуд, барои баррасии натиҷаҳои «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013» ба ин Созмони муътабар пешниҳод намуд, то дар самти натиҷагирӣ аз раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» (2005 – 2015) тадбирҳои муҳими сатҳи баланди ҷаҳониро роҳандозӣ намояд.
Бояд гуфт, даҳсолаи зикршуда, ки бо мақсади амалӣ кардани ҳадафҳои рушд дар соҳаи об ва санитария эълон шуда буд, ба итмом расида истодааст. Ба пешниҳоди Сироҷиддин Аслов, 22 марти соли 2015 дар ҷаласаи сатҳи баланд бояд раванди татбиқи даҳсола натиҷагирӣ шавад ва мушкилиҳое, ки ҳангоми татбиқи он ба миён омада буданд, арзёбӣ гардад.
Аз нигоҳи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз яке аз натиҷаҳои муҳиме, ки баъди эълони Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ба даст омадааст, ин дарки ҳамаҷонибаи зарурати истифодаи захираҳои об мебошад.
Мушоҳидаҳои солҳои охир гувоҳ аст, ки қаблан дар нишасту конфронсҳо мушкили оби ошомиданӣ бештар ба як қитъаи сайёра ва ё як кишвари нодору камбизоат ишора мешуд. Ҳоло бошад, норасоии об ба давлатҳои пешрафта ҳам асар кардааст. Ҳатто дар ҳамоишҳои байналмилалӣ камбуди об ба яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ табдил ёфтааст. Барои мисол, дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва як зумра кишварҳои Аврупо бо истифода аз техникаву таҷҳизоти муосир оби ширини камёбро на як бор, балки ду-се маротиба ба дараҷаҳои гуногун коркард намуда, мавриди истифодаи аҳолӣ қарор медиҳанд.
Тибқи маълумоти СММ, ҳоло дар ҷаҳон 1,2 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Пешгӯӣ мешавад, ки то соли 2025 ин рақам ба се миллиард нафар расад. Чунин ҳолат равшан нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин мушкилро шинохта, роҳҳои зичи ҳамкориро ҷӯё мешавад. Ҳамзамон ба гузориши ин созмон, алҳол 2,6 миллиард нафари дигар аз дастрасӣ ба оби тоза маҳруманд.
Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»