2 марти соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 – умин давлати узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) гардид. Ин созмони байналмилалӣ бо мақсади танзими тиҷорат миёни давлатҳои аъзои он соли 1995 таъсис ёфтааст.
Дар робита ба узвияти кишвари мо ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) чунин гуфта буданд: «Манфиатҳо аз узвият дар ин созмони бонуфуз дар назди мо вазифаҳои муҳим мегузоранд. Аввалан, моро зарур аст, ки дар кори Созмони Умумиҷаҳонии Савдо фаъолона иштирок намуда, манфиатҳои кишвари худро ҳимоя намоем.
Барои ин ба мо мутахассисони соҳаҳои иқтисод ва ҳуқуқ лозиманд, ки дониши васеъ ва сатҳи баланди касбии байналмилалии барои ин намуди фаъолият заруриро дошта бошанд.
Дар баробари ин ворид шудан ба низоми байналмилалии тиҷорат моро водор месозад, ки такмили қонунгузорӣ ва ислоҳотро дар соҳаҳои дахлдор идома диҳем, то тавонем аз имкониятҳои ин созмони бонуфуз баҳравар гардем.».
Инак, аз ин воқеаи муҳим як сол сипарӣ гардид ва дар кишварамон аз фаъолияти яксола натиҷагирӣ мекунанд. Чанд рӯз пеш ба ин мақсад дар меҳмонхонаи «Хайят»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон» суҳбате доир гардид, ки дар он коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ, намояндагони иттиҳодияҳо ва корхонаҳои давлатию хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Дар ин маҳфил роҷеъ ба фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як соли аъзогии СУС, қоидаҳои калидии СУС дар мавриди хизматрасонии телекоммуникатсионӣ ва ғайра сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо СУС-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Одинаев, раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон Асомуддин Атоев, коршиноси байналмилалӣ Еван Екич ва мушовири Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) Кармен Перез суханронӣ карданд ва ҳамзамон саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор доир гардид.
Сӯҳроб Одинаев доир ба корҳои зиёди анҷомдодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба СУС ва натиҷаҳои зарфи як сол бадастомада, аз ҷумла чунин гуфт: « Дар давоми як соле, ки сипарӣ гардид, вобаста ба уҳдадориҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС гирифта буд, аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ниҳоди ҳамоҳангсози кишварамон, як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд ва дар ин самт фаъолият идома дорад. Соли ҷорӣ дар сохтори марказии вазорат Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ташкил гардид, ки ин бевосита яке аз бахшҳои ҳамоҳангсоз ва вусъатбахш ба раванди тезтар мутобиқ гардонидани иқтисоди кишвар ба СУС мебошад. Ба ғайр аз ин, дар намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид. Мақсади асосии гурӯҳи корӣ ин ташкил намудани шароити муносиб барои доираи васеи соҳибкорон ва ҳамзамон ҳимояи манфиатҳои иқтисодии молистеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад. Имрӯз ин гурӯҳи корӣ барои гузаронидани вохӯриҳо ҷиҳати ҳифз намудани манфиатҳои кишварамон, ба давлатҳои Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо дархостҳо пешниҳод карданд. Умед дорем, ки дар оянда низ кор дар ин самт танҳо бо мақсади дар сатҳи муносиб ҳимоя кардани манфиатҳои миллӣ, манфиатҳои иқтисодии кишвар ба роҳ монда мешавад. Айни замон бо ташаббуси вазорат Барномаи мутобиқсозии иқтисоди кишвар ба талаботи СУС таҳия мегардад ва дар арафаи анҷомёбист. Инчунин лоиҳаи ниҳоии боҷҳои гумрукӣ дар асоси талаботҳои СУС таҳия гардида истодааст ва бо бисёр вазорату идораҳо мувофиқа шудааст.».
Дар ҷараёни суҳбат дигар нотиқон низ иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар мавриди талаботи СУС содиқ мемонад, зеро узвияти кишвари мо дар ин созмони байналмилалӣ ба фароҳам овардани фазои рақобатпазирӣ дар бозори умумиҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»