Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ду ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор намуданд. Дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд сокини 35-сола О.Р бо маводи нашъаовари ҳашиш дар ҳаҷми калон дастгир карда шуд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ ҳаммаслаки ин ҷинояткор сокини 55-солаи Хуҷанд дастгир гашт.
Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки ӯ пештар се маротиба (солҳои 1980 ва 1983 барои авбошӣ, бори сеюм – соли 2002 барои даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар) суд шудааст.
Боздошти дуюм ҳангоми гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ дар истгоҳи нақлиётии «Роҳи Абрешим» дар шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид, ки дар рафти азназаргузаронии шахсӣ аз сокини 48-солаи ноҳияи Мастчоҳ маводи хамирмонанди ранги ҷигарии бӯйи махсусдошта мусодира шуд.
Мутобиқи хулосаи экспертиза, маводи нашъаовари навъи афюн буда, вазни он 3 кг 389 граммро ташкил менамояд.
Аз рӯйи ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид ва тафтишот давом дорад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»