Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо олимаҳои ҷавони вилоят мулоқот доир намуд. Дар сароғози сухан Шодихон Ҷамшед олимаҳои ҷавонро ба ифтихори омад- омади Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику муборакбод гуфт.
- Дар арафаи ин ҷашни аҷдодӣ бо бонувони ҷавон мулоқот дорам, ки бо илму дониш ва сарвати зеҳнии худ дар рушди ҷомеа ҳиссагузорӣ мекунанд. Дар марҳилаи имрӯзаи тараққиёт, — иброз дошт раиси вилоят, — неруйи илмию зеҳнӣ ба муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа табдил ёфтааст. Танҳо давоми чанд даҳсолаи охир дунё ба чунон таҳаввулоти азиме дучор гардид, ки набзу низоми зиндагӣ дар тамоми сайёра тағйир ёфт. Олимони тоҷик ҳам дар давраҳои гуногун дар риштаҳои илм тадқиқоти пурарзишро анҷом доданд, — афзуд Шодихон Ҷамшед.
Ӯ мисолҳои фаровонро дар алоқамандӣ ба ин масъала оварда, гуфт, ки имрӯз низ неруйи зеҳнии халқамон имкон медиҳад, ки олимони тоҷик анъанаи аҷдодонро идома дода, дар самтҳои гуногуни илм парчамбардор бошанд.
- Ҳукумати кишвар бо ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳоеро дар робита ба рушди илм омода ва тасдиқ намуд, ки барои кишвар ва рушди ҳамаҷонибаи илм мусоидат менамоянд. Ҳаҷми маблағгузорӣ барои рушди илм дар панҷ соли охир се баробар афзоиш ёфтааст, афзуд раиси вилоят. Фақат дар ду соли охир бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши кормандони муассисаҳои илмӣ ду баробар зиёд шуд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар вилоятамон се муассисаи илмӣ – Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, Пажӯҳишгоҳи биологии Помир бо неруйи бузурги илмӣ фаъолият доранд ва кормандони ин муассисаҳои илмию таълимӣ оид ба бахшҳои иқтисод, иҷтимоъ, таъриху фарҳанг, тадқиқотҳои пурарзишро анҷом медиҳанд.
Бо шарофати Истиқлолият ва сиёсати давлат таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зани тоҷик имрӯз мавқеи сазовор пайдо намудааст. Бонувон дар тамоми соҳаҳо баробари мардон бо фаъолияти самарабахши худ дар таҳкими давлати соҳибистиқлол, устуворсозии пояҳои давлати миллӣ, рушди иқтисоди кишвар ва солимгардонии ҷомеа бо кору пайкори созанда ширкат меварзанд.
Бонувони вилоят дар рушди илму фарҳанг фаъол ҳастанд. Дар муассисаҳои илмии вилоят 17 нафар номзади илм – олимаҳои ҷавон кор мекунанд, ки дар бахшҳои гуногун тадқиқоти илмӣ мегузаронанд.
Ба қуллаҳои баланду пурпечутоби илм баромадан кори осон нест. Ин қулларо ҷавонзаноне фатҳ мекунанд, ки иродаи мустаҳкам, дониши амиқ ва ҳадафи устувор доранд. Бонувони Бадахшон низ ба қатори он бонувони хирадманде шомиланд, ки дар роҳи пурпечутоби илму маърифат бебокона қадам гузоштанд.
Сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа имконият дод, ки занон дар хизмати давлатӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва корхонаҳои давлатию хусусӣ ифои вазифа намоянд.
Давоми даҳ соли охир аз байни бонувон 15 нафар рисолаи номзадиро ҳимоя карданд. Боиси хурсандист, ки аз байни бонувони олим 11 нафар хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Хоруғ мебошанд. Солҳои охир бонувон — олимони донишгоҳ 10 номгӯй рисолаҳои илмӣ ва садҳо номгӯй мақолаҳои илмиро ба табъ расонидаанд.
Дар рӯзҳои ҷашн мулоқот бо бонувоне, ки бо заҳмати интеллектуалӣ машғуланд, басо фараҳбахш аст, зеро шумо баробари тарбияи фарзанд, инчунин бо кори душвори зеҳнӣ, яъне кори илмӣ машғул ҳастед, хазинаи маънавии давлату миллатро афзун мегардонед. Дар ин кору фаъолиятатон баҳри тай намудани қуллаҳои баланди илм ба шумо комёбиҳо орзу менамоям, — гуфт Шодихон Ҷамшед.
Шодихон Ҷамшед ба олимаҳои ҷавон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Сипас, байни раиси вилоят ва аҳли нишаст гуфтугӯйи озоду ошкоро ҷараён гирифт. Олимаҳои ҷавон Гулнисо Ризвоншоева ва Рӯшонгул Шофақирова таклифҳои ҷолибро оид ба рушди минбаъдаи илм дар вилоят, дастгирии олимони ҷавон дар нашри асарҳои илмӣ, ҷудо намудани маблағ барои нашри «Энсиклопедияи Бадахшон», таъсиси маҳфили илмии бонувон дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят пешниҳод намуданд.
Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»