Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ки 8 феврали соли 2021 доир гардид, хабарнигори рӯзнома аз масъулин сабабҳои фориғболӣ дар иҷрои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи самараноки неруи барқ, вазъи ғайрисанитарии бозори марказии шаҳр, таъхир дар пардохти маблағҳои сафари хидматии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва норасоии китобҳои бачагона дар китобхонаҳои деҳот ва мактабҳои онро пурсид.
Дар оғози нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода гуфт, ки соли гузашта нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоӣ ба ҷои 174 046,3 ҳазор сомонӣ 133 085,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба нақша 40 960,8 ҳазор сомонӣ кам буда, 76,4 фоизро ташкил медиҳад. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, ба ҷои 37 409,3 ҳазор сомонӣ 36 871,1 ҳазор сомонӣ иҷро шуда, 99 фоизро ташкил дод. Нақшаи андоз низ дар ин давра (ба ҷои 168,7 миллион сомонӣ ба буҷети шаҳр 126,9 миллион сомонӣ ворид гардид) нисбат ба соли пешин 50,7 миллион сомонӣ кам буда, ба 75,2 фоиз баробар шуд. Соли сипаришуда дар шаҳр чор намуди андоз, аз ҷумла андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз фоида, андози иҷтимоӣ ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард иҷро нашуданд, ки дар маҷмӯъ 57,2 миллион сомониро ташкил медиҳад.
С. Сулаймонзода дар бораи ҳолати ғайрисанитарии бозори марказии шаҳр ва фаъолияти номунтазами он гуфт, ки бинобар сабаби мавҷуд набудани шароити зарурӣ барои фурӯшандагон ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудану ҷойгиршавии номувофиқ, онро ба ҷои дигар кӯчониданд. Бозор, ки лоиҳаи навсозии он омода ва бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мувофиқа расида буд, тибқи нақша бояд соли 2020 дар ҷои воқеъбудааш пурра навсозӣ мешуд. Вале сохтмони он ба таъхир андохта шуда, маълум нест, ки бунёди он кай шурӯъ мешавад.
Ҳамчунин, дар бораи то ҳол пардохт нагардидани маблағҳои сафари хидматии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Роғун, ки ба курсҳои такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд, посухи мушаххас дода нашуд. Мебоист ба ин савол мудири шуъбаи маорифи шаҳр Сангалӣ Шоев пурра ҷавоб мегуфт, вале ӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа сабукдӯш шудааст. Сардори раёсати молияи шаҳр Идрис Эшонов иброз намуд, ки мувофиқи имкониятҳои молиявӣ аз 225 ҳазор сомонии пардохти маблағи омӯзгороне, ки ба курсҳои омӯзишӣ сафарбар шудаанд ва ба таъхир монда буд, дар нимаи аввали соли гузашта 35 ҳазор ва дар моҳи декабр 30 ҳазор сомонии он пардохт шуда, ҳоло беш аз 40 ҳазор сомонии қарз боқӣ мондааст.
Дар бораи норасоии китобҳои тозанашри бачагона дар китобхонаҳои деҳоти шаҳр масъулин гуфтанд, ки соли 2019 бо маблағи зиёда аз панҷ ҳазор сомонӣ ва соли 2020 бо маблағи зиёда аз ҳафт ҳазор сомонӣ барои китобхонаҳои бахши фарҳанги шаҳр китобҳои тозанашр харидорӣ шудааст. Тавре директори китобхонаи марказонидаи бахши фарҳанги шаҳри Роғун Муродбек Раҳимов изҳор дошт, дар китобхонаҳои шаҳр 13 064 нусха китобҳои бачагона мавҷуд буда, қисми зиёди онҳо аз замони шӯравӣ боқӣ монда, бо забони русӣ мебошанд. Мутаассифона, дар вақти хариди китобҳои тозанашр ба дархосту пешниҳоди мудирони китобхонаҳои деҳоти шаҳр аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад. Шояд аз ҳамин сабаб дархосту хоҳиши хонандагони наврас қонеъ намегардад.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»