Соли таҳсили 2019 — 2020 Донишгоҳи давлатии Данғараро 849 нафар, аз ҷумла, 786 донишҷӯи таҳсили рӯзона, 63 нафар ғоибона ва 45 нафар магистрант хатм карданд. Дар ин бора 9 феврали соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Нуралӣ Шоҳиён иттилоъ дод ва афзуд:
- Донишгоҳ дорои 8 факултет буда, мутахассисони соҳаҳои кишоварзӣ, байторӣ, менеҷменти байналмилалӣ, сохтмони деҳот ва беҳсозии муҳит, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорони забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, тарҷумони забони хитоӣ ва ғайраро омода мекунад. Соли нави таҳсил ба донишгоҳ 2675 нафар донишҷӯ дохил гардид, ки 204 нафарашон аз хориҷи кишвар мебошанд.
Бино ба маълумоти Н. Шоҳиён, соли 2020 ҳашт нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, дипломи номзадии 3 нафар тасдиқ ёфт.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки соли 2020 омӯзгори донишгоҳ Даврон Музафаров бо Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ мушарраф гардид. Ҳасанов Шарифхӯҷа бо унвони профессори фахрии Академияи кишоварзии Федератсияи Россия қадрдонӣ шуд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»