Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳисор. Бақияпулиҳои андоз коҳиш ёфт

№23 (4285) 20.02.2021

DSC01426Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2 миллиарду 930 миллион  сомониро ташкил намуда, он дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ ба 107,4 фоиз, кишоварзӣ — 101,8, сармоягузорӣ — 144, 8 ва хизматрасонии пулакӣ 108,5 фоиз баробар шуд. Қисми даромади буҷети маҳаллӣ   100,7 ва қисми хароҷот 99 дарсад иҷро гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли сипаришуда ба 261,7 миллион сомонӣ расида, нақша 107,4 фоиз иҷро шуд. Дар ин давра 74 корхонаи саноатӣ фаъолияти пурсамар доштанд. Қарзи музди меҳнат дар ташкилоту идораҳои буҷетӣ вуҷуд надошта, бақияпулиҳои андоз нисбат ба аввали сол 889,6 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфт.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 773,8 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар қиёс ба як соли пеш ба 101,8 фоиз баробар гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ ба 562,1 миллион сомонӣ ва чорводорӣ 211,6 миллион сомонӣ рост омада, суръати афзоиш мутаносибан ба 102,1 ва 121,6 фоиз баробар шуд.

Нисбат ба солҳои пеш таъмини замини киштшаванда, замини ёрирасон ва наздиҳавлигии сокинон бо оби полезӣ беҳтар гардид. Бо вуҷуди ин, аз саҳлангории роҳбарияти хоҷагии таҷрибавии илмӣ — истеҳсолии боғдории «Сумбула», замини наздиҳавлигии сокинони деҳаҳои ҳудуди хоҷагӣ ва баъзе аз қитъа­ҳои замини хоҷагии зикршуда бе об монданд.

Зикр шуд, ки дар доираи омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёди 767 иншооти таъиноти  гуногун ба нақша гирифта шуда, 422 иншоот мавриди истифода қарор гирифт.

М. ХУДОЙНАЗАРОВ,

«Садои мардум»